Главная / Илм / БАХОВАДДИНОВ Бурхониддин

БАХОВАДДИНОВ Бурхониддин

imagesБАХОВАДДИНОВ Бурхониддин (тав. 04. 08. 1953, шахраки Ашти нохияи Ашти вил. Сугд), духтури хуншинос, доктори илмхои тиб (2000), проф. (2001), Аълочии тандурустии ИЧШС. Хатмкардаи ДДТТ (1976). Фелдшер ва духтури Беморхонаи клиникии ёрии таъчилии ш. Душанбе (1976 – 78), чаррох, духтури анестезиолог ва реаниматолог (1978 – 80), мудири шуъбаи Беморхонаи марказии нох. Куйбишев (1980 – 83). Сардухтури Бунгохи хунгузаронии вил. Кургонтеппа (холо Хатлон; 1983 – 90), чонишини якуми сардори Раёсати тандурустии Комичроияи вил. Кургонтеппа (1990 – 92), сармутахассис (чаррох)-и Саридораи ташкили ёрии тибби ба ахолии Вазорати тандурустии ЧТ (1992 – 96). Аз с. 1996 директори Маркази илмии чумхуриявии хун (МИЧХ).
Дар мавзуи «Такмили фаъолияти муассисахои хадамоти хун дар шароити нави ичтимоию иктисоди» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи 189 маколаю тезисхои илми, 2 монография оид ба масъалахои ташкили хадамоти хун, таъмини бехатарии сироят ва иммунологии хунгузарони, бехтар намудани сифати маводи хун, такомули барномаи муоличаи трансфузиологии беморони гуногун мебошад. Узви Чамъияти байналхалкии хунгузарони, Ассотсиатсияи гематологхо ва трансфузиологхои ФР, Шурои хамохангсозии ИДМ оид ба хадамоти хун, Ассотсиатсияи рохбарони хадамоти хуни мамолики узви ЭКО аст. Бо Ифтихорномаи Президенти Чумхурии Точикистон мукофотонида шудааст (2003).
Ос.: Состояние, задачи и перспективы службы крови страны. «Информационно-аналитический бюллетень», Д, 2000, №2; Геморрагический синдром и его осложнения у родильниц с гестозами, Д., 2001; Состояние и перспективы развития службы крови Таджикистана. Дар мач.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2007, №1; Состояние и перспективы развития донорства в Таджикистане. Дар мач.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, №2; О концепции вирусной безопасности гемотрансфузий. Дар мач.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, №2; Диагностика и терапия ДВС-синдрома. Дар мач.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, №2.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …