Главная / Чамъият / Алокаи фелдегери

Алокаи фелдегери

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи алокаи фелдегери

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №11, мод. 705)

 Конуни мазкур вазифахо, асосхои хукуки, принсипхои ташкилии макомоти алокаи фелдегери ва хамкории онро бо дигар макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

felder

БОБИ I. КОИДАХОИ УМУМИ

 Моддаи 1. Таъиноти алокаи фелдегери

Алокаи фелдегери яке аз намудхои алокаи почтави мебошад, ки тавассути он хуччатхои мухим ва асосан махфиро хаткашонхои махсуси низоми бурда мерасонанд.

Алокаи фелдегериро дар Чумхурии Точикистон макомоти ваколатдори давлати – хадамоти давлатии фелдегери таъмин менамояд, ки он кисми таркибии кувва ва воситахои таъмини амнияти давлати буда, мухофизати манфиатхои хокимияти конунгузор, ичроия ва судиро ба амал мебарорад, инчунин ба максади мухофизати манфиатхои давлати амал мекунад. Сохтор ва тартиби фаъолияти макомоти мазкур бо Низомномае, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 2. Вазифахои алокаи фелдегери

Алокаи фелдегери вазифадор аст, ки

дар каламрави Чумхурии Точикистон, инчунин ба пойтахтхои давлатхои иштирокчии Созишномаи алокаи байнихукуматии фелдегери бурда расонидан ва аз он чо овардани муросилоти фавкулодда мухим, комилан махфи, махфи ва дигар муросилоти хизматии (минбаъд муросилот);

Президенти Чумхурии Точикистон:

макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон ва дар баъзе холатхо дигар макомоти хокимияти ичроия, ки тибки карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

макомоти идораи харби, амният, корхои дохили ва хизмати сархади;

объектхои саноати ва харби, ки ахамияти фавкулодда мухими давлати доранд – тибки карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон;

ба хорича бурда расонидани муросилот, инчунин хуччатхои техники ва намунахои маснуоти саноати – тибки карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон;

расонидани муросилоти сардорони давлатхо ва хукуматхо, макомоти хокимияти давлатии – иштирокчиёни Созишномаи алокаи байнихукуматии фелдегериро таъмин намояд.

Руйхати макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва судии Чумхурии Точикистонро, ки ба онхо хадамоти давлатии фелдегерии Чумхурии Точикистон хизмат мерасонад, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон оиди хадамоти алокаи фелдегери

Конунгузории Чумхурии Точикистон оиди хадамоти алокаи фелдегери ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипхои ташкили алокаи фелдегери

Алокаи фелдегери дар асоси принсипхои зерин ба рох монда мешавад:

конуният;

махфуздории кафолатнок ва фаври хангоми расонидани муросилот;

ягонагии ташкилии системаи макомоти алокаи фелдегери;

мухофизати сирри давлати, инчунин дигар маълумотхое, ки Конун мухофизат мекунад;

яккасардори ва масъулияти шахси барои вазифаи супоридашуда мутобики хамин Конун;

тахти назорат карор доштани макомот ва шахсони мансабдори алокаи фелдегери.

Дар алокаи фелдегери таъсис ва фаъолият кардани сохторхои хизбхои сиёси ва дигар иттиходияхои чамъиятие, ки максадахои сиёси доранд, манъ аст.

Моддаи 5. Хамкории хадамоти алокаи фелдегери бо макомоти хокимияти ичроия

Хадамоти фелдегери вазифахои дар наздаш гузошташударо дар хамкори бо ташкилотхо, макомоти тобеи хокимияти ичроия хал менамояд. Макомоти хокимияти ичроия, ки руйхати онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд, макомоти худудии онхо ухдадоранд дар доираи ваколатхояшон дар ташкили таъчилан расонидани муросилот ва таъмини шароити махфуздории кафолатноки он ба хадамоти фелдегери мусоидат намоянд, инчунин ба кормандони хадамоти фелдегери хангоми ичрои вазифахояшон оиди расонидани муросилот кумак расонанд.

БОБИ II. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ МАКОМОТИ АЛОКАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 6. Хукуки макомоти алокаи фелдегери

Ба макомоти алокаи фелдегери барои ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташуда хукук дода мешавад, ки:

тартиби кабул ва расонидани муросилот, меъёр, андоза ва нархи хизмати алокаи фелдегериро мукаррар менамояд;

аз руи тарифи дар наклиёт мукарраргардида муросилот ва кормандони хамрохикунандаи онро дар хатхои амалкунандаи сайри наклиёти рохи охан, хавои ва автомобили кашонанд. Муросилоти шахсон ва макомоти хокимияти давлати, ки моддаи 2 хамин Конун муайян кардааст, дахлнопазир буда, он боздошта ва аз назар гузаронида намешавад;

дар фурудгоххои хавои ва вокзалхои рохи охан барои муваккатан чойгир кардани муросилот ва кормандони хамрохикунандаи он аз бинохои алохидаи макомоти минтакавии Вазорати наклиёти Чумхурии Точикистон истифода баранд;

барои таъмини бурдарасони ва махфузияти муросилот хангоми холатхои фавкулодда воситахои алокаеро, ки ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои Чумхурии Точикистон мансубанд, истифода баранд. Макомоти алокаи фелдегери бо талаби сохибони воситахои алока харочоти сохибони онро дар ин холатхо чуброн мекунанд;

ба шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери ичозат диханд, ки хангоми ичрои вазифахои хизмати дар мавридхои зарури кувваи чисмониро ба кор баранд, инчунин дар холатхо ва бо тартиби пешбиникардаи хамин Конун воситахои махсус ва силохи оташфишонро нигох доранд, гирифта гарданд ва истифода баранд;

барои ичрои вазифахои гузошташуда бинохо ё иншоотхои заруриро дар худуди Чумхурии Точикистон созанд ё ба ичора гиранд. Макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ухдадоранд барои чойгир кардани макомоти минтакавии хадамоти фелдегери кумак расонанд;

автомобилхоеро, ки сабти ягон хел навиштачоти фарккунанда ва рангубори махсус надоранд, вале бо маякхои шуълапоши кабудранг, сигналхои махсуси овози ва воистахои алока чихозонида нашудаанд, истифода баранд. Автомобилхои макомоти алокаи фелдегери ба катори «мошинхои махсус» дохил гардида, бе розигии онхо ба манфиати дигар макомот ва ташкилотхо истифода бурда намешаванд.

Моддаи 7. Ухдадории макомоти алокаи фелдегери

Макомоти алокаи фелдегери мутобики вазифахои дар наздашон гузошташуда ухдадоранд:

расонидани муросилоти шахсон ва макомоти ба хамин Конун муайяншударо ташкил ва таъмин намоянд;

шабакаи доимо амалкунанда ва дар сурати зарурат хатхои сайри махсуси фелдегериро низ, ки расонидани таъчилии муросилотро таъмин менамоянд, мукаррар кунанд ва такмил диханд;

чорабинихоро оиди мухофизати муросилоти расонидашуда то нобуд кардани он хангоми имконнопазир будани таъмини махфуздории он ба амал бароранд;

дар фаъолияти худ махфуздории сирри давлати ва дигар маълумотхоеро, ки конун мухофизат мекунад, таъмин намоянд;

тайёриро барои сафарбаркунии макомоти хадамоти алокаи фелдегери барои кор дар вакти чанг ва дар шароити холати фавкулодда таъмин кунанд;

дар доираи салохияти худ бо хамин гуна макомоти давлатхои иштирокчии Созишномаи алокаи байнихукуматаи фелдегери хамкори намоянд;

тайёрии касбии кормандони хадамоти алокаи фелдегериро таъмин намоянд;

барои таъмини амнияти шахси чорахо бинанд.

БОБИ III. КУВВА ВА ВОСИТАХОИ ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОКАИ ФЕЛДЕГЕРИ

 

Моддаи 8. Кормандони хадамоти алокаи фелдегери

Барои хизмат ба алокаи фелдегери шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки аз руи сифатхои шахси ва кори, маълумот ва вазъи саломатиашон ба ичрои вазифахои ба зиммаи кормандони хадамоти фелдегери гузошташуда кобиланд, кабул карда мешаванд. Хайати шахсии хадамоти давлатии фелдегерии Чумхурии Точикистон ба хайати сардорикунандаи марбути кадрхои Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, хизматчиён ва кормандони кироя таксим мешаванд. Тартиби пурра кардани хайати шахси, таъин, озодкуни ва ба вазифаи дигар гузаронидани шахсоне, ки дар вазифахои хайати сардорикунандаи хадамоти давлатии фелдегерии Чумхурии Точикистон карор доранд, Кодекси мехнат ва Низомномаи хадамоти давлатии фелдегерии Чумхурии Точикистон, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, муайян карда мешавад.

Хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери хизматро мутобики Низомномаи амалкунандаи хизмати макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон адо мекунад.

Ба хайати кормандони кирояи алокаи фелдегери конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мехнат амал мекунад.

Моддаи 9. Воситахои техникии хадамоти алокаи фелдегери

Барои таъмини хифзи кафолатнок хангоми расонидани муросилот макомоти хадамоти фелдегери дар доираи салохияти худ воситахои махсуси техникии хифз, наклиёт ва алокаро истифода мебаранд. Воситахои техникии хифз, алока, ки аз тарафи макомоти алокаи фелдегери истифода мешаванд, усулхои истифодаи онхо набояд ба хаёт ва саломатии одамон тахдид кунад, инчунин ба мухити зист зарар расонад.

БОБИ IV. ХИФЗИ ХУКУКИ ВА ИЧТИМОИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОКАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 10. Макоми хукукии кормандони хадамоти алокаи фелдегери

Кормандони хадамоти алокаи фелдегери намояндаи хокимияти давлати ба хисоб рафта, тахти химояи давлати буда ва хангоми ичрои вазифахои хизмати шахси дахлнопазир мебошад. Хеч кас хак надорад, ки ба фаъолияти хизматии корманди хадамоти алокаи фелдегери дахолат намояд, ба гайр аз сардорони бевосита, инчунин шахсоне, ки ба онхо Конуни мазкур ваколат додааст.

Халалрасони ба вазифахои хизматиашро ичро намудани корманди хадамоти алокаи фелдегери, дар хама шаклхояш бетаъхир бо хама гуна воситахо ва усулхое, ки Конуни мазкур ичозат додааст, пешгири карда мешавад.

Ба корманди хадамоти алокаи фелдегери дар ташкил намудани корпартои ва иштирок дар гузаронидани он манъ карда мешавад. Ба шахсони хайати сардорикунанда ва хизматчиёни алокаи фелдегери шомил будан ба хизбхои сиёси ва дигар иттиходияхои чамъияти, ки максадхои сиёси доранд, машгул шудан бо фаъолияти сохибкори, инчунин дар як вакт дар чанд чой кор кардан манъ аст, ба истиснои фаъолияти эчоди, илми ва омузгори.

Кормандони кирояи алокаи фелдегери бо максади химояи хукукхои касби, ичтимоию иктисоди ва дигар хукуку манфиатхои конуни хак доранд дар асоси ихтиёри мутобики конунгузории чори дар иттифокхои (ассотсиатсияхои) касаба муттахид ё дохил шаванд. Иттифокхои (ассотсиатсияхои) касаба хак надоранд ба фаъолияти раёсатхо, шуъбахо ва дигар вохидхои сохтории алокаи фелдегери оиди ичрои вазифаю ухдадорихои ба зиммаашон гузошташуда дахолат намоянд.

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери, ки ба сафари хизмати фиристода шудаанд, аз хукуки бенавбат харидани хуччатхои рафтуомад ба хамаи намудхои наклиёт ва аз хукуки бенавбат чой гирифтан дар мехмонхона аз руи шаходатномаи сафари хизмати мутобики созишномахои байнихукуматии сохаи алокаи фелдегери истифода мебаранд.

Моддаи 11. Хифзи ичтимоии кормандони хадамоти фелдегери

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери ва аъзои оилаи онхо аз хамаи хукуку имтиёзхои мукарраркардаи конунгузори барои шахсони хайати сардорикунандаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва аъзои оилаи онхо истифода мебаранд. Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери, ки дар наклиёти хавои вазифаи хизматиро ичро менамоянд, барои гирифтани музди иловагии барои соати парвоз дар хачми меъёри соатбайъи рохбаладхои хавопаймохои авиатсияи граждани хукук доранд. Ба хизматчиён ва коргарони хадамоти фелдегери барои собикаи кор музди иловаги мукаррар карда мешаванд.

Дар сурати ба халокат расидани шахси хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери хангоми ба амал баровардани фаъолияти хизматиаш ба оилаи шахси халокгардида, ки барои бехдошти шароити манзили эхтиёч дорад, хукуки гирифтани манзилгох, аз чумла аз чой хизмати мазкур нигох дошта мешавад. Дар ин маврид манзилгох ба оилаи шахси халокгардида на дертар аз як соли баъди халок шудани у дода мешавад.

Моддаи 12. Сугуртаи хатмии давлати ва талофии зарари шахсони хайати сардорикупандаи хадамоти алокаи фелдегери

Хаёт ва саломатии шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери аз хисоби маблагхои бучет бо тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои кормандони корхои дохилии Чумхурии Точикистон бо сугуртаи хатмии давлати фаро гирифта мешавад.

Талофии зараре, ки ба хаёт, саломати ва амволи шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери, тибки фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, бо тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои кормандони корхои дохилии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

БОБИ V. АЗ ТАРАФИ ШАХСОНИ ХАЙАТИ САРДОРИКУНАНДАИ ХАДАМОТИ АЛОКАИ ФЕЛДЕГЕРИ ИСТИФОДА ШУДАНИ КУВВАИ ЧИСМОНИ, ВОСИТАХОИ МАХСУС ВА СИЛОХИ ОТАШФИШОН

Моддаи 13. Шартхо ва хади истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери хукук доранд, ки кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишонро барои ичрои вазифахои ба зимагузоштаашон танхо дар холатхо ва тартиби мукарраркардаи Конуни мазкур истифода баранд.

Номгуи намудхои воситахои махсус ва силохи оташфишонро, ки хадамоти давлатии фелдегерии Чумхурии Точикистон дорад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мегардад.

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери вазифадоранд, ки аз тайёрии махсус, инчунин аз тафтиши давра ба давра гузаранд, ки ба талаботхои шароити истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон вобастаги доранд.

Хангоми ба кор бурдани кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон, шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери вазифадоранд, ки дар бораи нияти истифодаашон он шахсеро, ки ба мукобили вай кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон истифода хохад шуд, огох намояд, бо дарназардошти мухлате, ки барои ичрои талаботи конунии шахси хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегерии давлати зарур аст, ба истиснои мавридхое, ки таъхир кардан дар истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон нисбати хифзи муросилоти расонидашаванда, барои хаёт ва саломатии кормандони хадамоти алокаи фелдегери хавфи бевосита дошта ва ё огохонидан дар холати рухдода чоиз ё мумкин нест.

Зараре, ки аз тарафи шахси хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери дар холати мудофиаи зарури расонда шудааст, агар дар ин бобат худуди ин амал вайрон нашуда бошад, мутобики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон боиси талофи намешавад.

Дар холати мудофиаи зарури ё дар холатхои зарурати нихои шахси хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери хангоми мавчуд набудани воситахои махсус ё силохи оташфишон хукук дорад, ки аз хамаи воситахои дастрас истифода барад.

Дар бораи хар мавриди истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон шахси хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери дар мухлати 24 соат аз лахзаи истифодаи онхо вазифадор аст, ки ба сардори макоми хадамоти алокаи фелдегерии махали хадамоти худ ё махали истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон гузориш пешниход кунад.

Сардори макоми хадамоти алокаи фелдегери ба прокурор, дар бораи хама мавридхо халокшави ё мачрухшавии ашхосе, ки ба мукобили онхо аз кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон истифода шудааст, хабар расонад.

Моддаи 14. Истифодаи кувваи чисмони

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери хукук доранд, ки кувваи чисмони, аз чумла усулхои чангии мухорибаро барои бартараф кардани кушиши аз худ кардани муросилот, мукобилат намудан ба талаботи конунии шахсони хайати хадамоти алокаи фелдегери истифода баранд, агар усулхои гайриистифодаи кувва боиси таъмин нашудани вазифахои ба онхогузошташуда гардад.

Истифодаи усулхои чангии мухорибаи дасти нисбати занон бо аломати аёни хомиладори, шахсони дорои аломатхои маъюби ва хурдсолон, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур муковимати силохнок нишон додан, хамлаи гурухи ва ё силохнок шуданаш, ки ин боиси тахдид ба расонидани муросилот, хаёт ва саломатии кормандони хадамоти алокаи фелдегери гардад, манъ аст.

Моддаи 15. Истифодаи воситахои махсус ва силохи оташфишон

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери хукук доранд, ки воситахои махсус ва силохи оташфишони дар ихтиёри хадамоти давлатии фелдегерии Чумхурии Точикистон бударо дар мавридхои зерин кор фармоянд:

– барои зада гардонидани хамлаи гурухи ё силохнок, ки бо максади аз худ кардани муросилоти расонидашаванда сурат мегирад;

– барои зада гардонидани касди ба даст даровардани силохи шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери;

– барои зада гардонидани хамла ба кормандони алокаи фелдегери, агар ин ба хаёт ва саломатии онхо хавф ворид созад;

– барои зада гардонидани хамлаи гурухи ё силохнок ба воситахои наклиёти мутааллики макомоти хадамоти фелдегери, ба дигар объектхое, ки дар онхо муросилот дар хифозатшаванда чойгир аст, аз чумла ба бинохо ва иншоот, ки макомоти мазкур онхоро банд кардаанд, инчунин дар зарурат барои озод кардани воситахои наклиёти ва объектхои мазкур.

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери хукук доранд, ки силохи дастии оташфишонро барои огохсозии нияти истифодаи силох, инчунин барои додани ишораи хатар ё кумакпурси истифода баранд.

Истифодаи воситахои махсус ва силохи оташфишон нисбати занон, шахсони дорои аломатхои маъюби ва ноболигон, ки синну соли онхо аён аст ё ба шахси хайати сардори алокаи фелдегери маълум аст, манъ аст, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур рух додани муковимати силохнок, аз тарафи онхо сурат гирифтани хамлаи гурухи ё силохнок, ки ба хифзи муросилоти расонидашаванда ва хаёти кормандони хадамоти фелдегери тахдид ба амал меорад.

Моддаи 16. Кафолати амнияти шахси хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери

Шахсони хайати сардорикунандаи хадамоти алокаи фелдегери хукук доранд, ки силохи оташфишони худро намоён кунанд ва онро ба холати омодаги карор диханд, агар зарур донанд, ки дар холати ба амал омада, асосхое, ки барои истифодаи он, мувофики моддаи 15 Конуни мазкур пешбини шудааст, асос хаст.

БОБИ VI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ, МОДДИ ВА ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОКАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 17. Таъминоти молияви, модди ва техникии хадамоти алокаи фелдегери

Хадамоти алокаи фелдегери бо тартиби максаднок аз бучети давлати маблаггузори карда мешавад.

Таъминоти молияви, модди ва техникии хадамоти алокаи фелдегери бо таъиноти максаднок бо тартиб ва меъёрхои мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад. Хангоми чойгир кардани вохидхои сохтори ё кормандони хадамоти фелдегери бевосита дар бинохои макомоти хокимияти давлати, ки дар моддаи 2 Конуни мазкур нишон дода шудааст, таъминоти моддию техникии онхо, аз чумла чудо кардани бино, воситахои наклиёт ва алока, ки барои конеъ кардани талаботи ин макомот ба хизмати алокаи фелдегери зарур аст, аз хисоби маблагхои ин макомот сурат мегирад.

Амволи хадамоти алокаи фелдегери, ки аз хисоби маблагхои бучет ба вучуд омада ва ё харида шудааст, моликияти давлати мебошанд. Идоракунии фаврии ин амволро Хадамоти давлати фелдегерии Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох мемонад.

БОБИ VII. МУКАРРАРОТИ НИХОИ

Моддаи 18. Масьулияти кормандони хадамоти алокаи фелдегери

Барои амал ё беамалии зиддихукуки кормандони хадамоти алокаи фелдегери ба чавобгарии интизоми, маъмури, чинои ва граждани, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, кашида мешаванд.

Моддаи 19. Назорат аз болои алокаи фелдегери

Назорати ичрои конуниятро дар фаъолияти макоми алокаи фелдегери прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои дар тобеият он буда, анчом медиханд.

Моддаи 20. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи татбики амали баъзе мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи милиса” ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алокаи Чумхурии Точикистон”

Конуни Чумхурии Точикистон аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, №10, моддаи 156) “Дар бораи татбики амали баъзе мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи милиса” ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алокаи Чумхурии Точикистон ” беэътибор дониста шавад.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                   Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе 2 декабри соли 2002

№74

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …