Главная / Чамъият / АВФИ ШАХРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ХУКУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

АВФИ ШАХРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ХУКУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАХРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ХУКУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

БИНОБАР КОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2007, №5, мод. 376)

qonun-oidi-rasmikunoni

Конуни мазкур асосхои хукуки ва тартиби ташкили гузаронидани икдоми истисноии якдафъаинаи давлатро оид ба авфи шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон бинобар конунигардонии молу мулк, озод намудани онхо барои содир кардани хукуквайронкунихои алохидаи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, вобаста ба хукукхои алохидаи молумулкиро муайян мекунад.

Максади Конуни мазкур чалб намудани молу мулк ба гардиши расмии иктисоди, мукаррар намудани сохибони вокеии он, хукукхои шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, бехтар намудани фазои сармоягузори ва рушди фаъолияти сохибкори мебошад.

Моддаи 1.  Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– молу мулк – бинохои истикомати ва гайриистикомати, иншоот, объектхои сохтмонашон нотамом  ва молу мулки дигаре, ки бо замин алокамандии мустахкам дошта, интиколашон бе расонидани зиёни вокеии бехисоб ба таъиноташон имконнопазир аст, инчунин молу мулки дигари ба молу мулки гайриманкул баробарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, сахмияхо ва дигар когазхои киматнок, воситахои наклиёт, металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо;

– конунигардонии молу мулк – раванди барасмиятдарории хукук ба молу мулке, ки аз гардиши иктисоди бо максади пинхон кардани фоида бароварда шудааст ва (ё) бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда нашудааст ё ба номи шахси дигар ба расмият дароварда шудааст;

– шаходатнома дар бораи конунигардонии молу мулк (минбаъд-шаходатнома) – хуччати расмие мебошад, ки хукуки шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистонро ба молу мулки конунигардонидашуда муайян мекунад;

– комиссия оид ба конунигардонии молу мулк (минбаъд -комиссия) макомоте, ки барои конунигардонии молу мулк ва додани шаходатнома дар бораи конунигардонии молу мулк ваколатдор гардидааст;

– мухлати конунигардони – мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур, ки дар давоми он шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд дар бораи конунигардонии молу мулк ба комиссия бо аризаи хатти мурочиат кунанд;

– авф – озод намудани шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон аз чавобгари барои хукуквайронкунихои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нисбати молу мулке, ки мутобики талаботи Конуни мазкур конуни гардонида шудааст.

Моддаи 2.  Амали Конуни мазкур

Амали Конуни мазкур нисбати шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон пахн мегардад, ки дар давраи конунигардони молу мулки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба расмият дароварданашударо, ба истиснои молу мулки дар моддаи 3 Конуни мазкур нишондодашуда,. конуни мегардонанд.

Моддаи 3.  Молу мулке, ки конуни гардонида намешавад

Молу мулки шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки нисбати онхо дар давраи мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур карори эътибори конуни пайдокардаи суд оид ба мусодираи он кабул карда шудааст, инчунин молу мулке, ки мавриди мухокимаи суди карор дорад, конуни гардонида намешавад.

Моддаи 4.  Мухлати конунигардонии молу мулк

Мухлати конунигардонии молу мулк шаш мохро дар бар мегирад ва баъди ду мох аз рузи дар нашрияи расми чоп гардидани намунаи ариза, шаходатнома, фехристи молу мулки конунигардонидашуда ва дигар санадхои меъёрии хукуки оид ба конунигардонии молу мулк огоз меёбад.

Моддаи 5.  Махфияти маълумот оид ба конунигардонии молу мулк 

Маълумот оид ба молу мулки конунигардонидашаванда ва сохибони он махфи мебошад.

Моддаи 6.  Тартиби  конунигардонии молу мулк
  1. Конунигардонии молу мулк дар асоси аризаи шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Конунигардонии молу мулкро комиссияхое, ки аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахр, нохия ва нохияхои шахри Душанбе таъсис дода мешаванд, амали мегардонанд. Тартиби фаъолияти комиссияхо, шакли ариза, номгуи хуччатхои барои конунигардонии молу мулк пешниходшаванда, шаходатнома, фехристи молу мулки конунигардонидашуда ва дигар санадхои меъёрии хукуки оид ба конунигардонии молу мулкро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  3. Бо максади ба танзим даровардани фаъолияти комиссияхои зикршуда Хукумати Чумхурии Точикистон Комиссияи хамохангсози оид ба конунигардонии молу мулки назди Хукумати Чумхурии Точикистонро таъсис дода, хайат ва низомномаи онро тасдик менамояд.
  4. Шаходатнома бо карори комиссияи дахлдор дода мешавад ва он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хуччати расми барои амали намудани бакайдгирии молу мулки конунигардонидашуда ва хукук ба моликият ба хисоб меравад.

Моддаи 7. Бахсталаб набудани ахдхо оид ба хусусигардонии молу мулки давлати, ки аз тарафи макомоти идораи амволи давлати гузаронида шудаанд

  1. Молу мулки давлатие, ки то мавриди амал карор дода шудани Конуни мазкур хусуси гардонда шудааст, бе риояи тартиби дар Конуни мазкур мукарраргардида конунигардонидашуда хисоб меёбад.
  2. Агар дар мавриди хусусигардонии моликияти давлати хукукхои молумулки ба объектхои хусусигардони ба шахсони дигар ба расмият дароварда шуда бошанд, сохибони вокеи метавонанд чунин объектхоро бо риояи тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур конуни гардонанд.
Моддаи 8.  Конунигардонии молу мулки пештар хусусигардонидашуда

Конунигардонии молу мулки пештар хусусигардонидашуда, ки бе иштироки макомоти идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон амали шудааст, аз чониби комиссияхо мувофики хулосаи хаттии макомоти идораи амволи давлати анчом дода мешавад. Шакл ва тартиби додани хулосаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 9.  Имтиёзхои андоз

Шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон молу мулки худро конуни гардонида, дар давраи то амали гардидани конунигардони ва дар соли таквимии амали гардидани конунигардони аз андозхо ва дигар пардохтхои ба хамин молу мулк дахлдошта озод карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Мухлати даъво

 

Мухлати даъво доир ба масъалахои конунигардонии молу мулк як сол буда, пас аз гузаштани ин мухлат чунин масъалахо аз чониби суд аз нав барраси карда намешаванд.

 

Моддаи 11. Авфи шахрвандон ва шахсони хукукие, ки молу мулки худро конуни гардонидаанд

 

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар давраи конунигардони молу мулки худро конуни гардонидаанд ва шахсоне, ки молу мулк ба номи онхо ба расмият дароварда шудааст, авф карда шуда, аз чавобгарии пешбининамудаи моддахои 259, 260, 261, 262, 263, 269, 292 ва 293 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон озод карда мешаванд.
  2. Шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки дар давраи конунигардони молу мулки худро конуни гардонидаанд ва шахсоне, ки молу мулк ба номи онхо ба расмият дароварда шудааст, авф карда шуда, аз чавобгарии пешбининамудаи моддахои 471, 522, 525, 526, 529, 533, 63, 1491, 1494, 1495, 164, 1641, 1651, 1653, 1654, 2114 ва 2115 Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи хукуквайронкунихои маъмури озод карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Кафолати давлат нисбати шахрвандон ва шахсони хукукие, ки молу мулки худро

                      конуни гардонидаанд

 

Давлат хифзи хукук ва манфиатхои шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистонро, ки молу мулки худро тибки Конуни мазкур конуни гардонидаанд, кафолат медихад.

 

Моддаи 13.  Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 14.  Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                             Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе, 16  майи соли 2007

№271

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби чудошавии оилахо: 10-тои асоси

Вайрон шудани оилахо дар замони хозира боз хам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …