Главная / Гуногун / АКАИ ХОЧИ МИРЗО МУРД

АКАИ ХОЧИ МИРЗО МУРД

ДАРГУЗАШТИ БАРОДАРИ КАЛОНИИ ХОЧИ МИРЗО 
Саидмурод Ибронов, бародари калонии воизи шинохтаи точик  Хочи Мирзо Ибронов, рузи 1 октябр дар синни 56 дар Душанбе вафот кард. Наздикони рухонии маъруф гуфтанд, ки Саидмурод Ибронов соати такрибан 12:30 бар асари сактаи калб вафот кардааст ва маросими намози чанозааш соати 16:30 дар масчиди Сариосиё баргузор шудааст.
Хочи Мирзо Ибронов яке аз маъруфтарин воизони точик аст, ки бо мавъизахои пурбораш дар масоили фикхиву шаръи ном баровардааст. Хочи Мирзо то соли 2012 имомхатиби масчиди чомеи “Хилоли Ахмар” дар шахри Кулоб буд ва ин масчид ба далели махорати имомаш дар он даврон хар намози чумъа то 5 хазор намозгузорро аз шахри Кулобу минтакаи Кулоб ва хатто аз гушахои дигари Точикистону берун аз он гирд меовард.
Баъди аз макоми имоматиаш барканори шудани Хочи Мирзо масчиди “Хилоли Ахмар” дигар маъруфияти каблиашро аз даст дод ва саффи намозгузоронаш низ асосан бо сокинони махаллаи атрофи он махдуд шуд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …