Главная / Гуногун / АДАБИЁТ дар асрхои XIX-XX

АДАБИЁТ дар асрхои XIX-XX

Адабиёт. Рафти тараккиёти иктисодии мамлакатхои сармоядори, сиёсати истилогаронаи мамлакатхои империалисти, норозигии ахли тараккихохи-чамоатчигии демократии чахон аз ин сиёсат ба мазмуну мундарича ва самтхои инкишофи адабиёт таъсир расонданд. Зарурат ба миён омад, ки дар шароити дигар ба хаёт ба тарзи нав нигариста, онро вокеъбинонатар инъикос намоянд. Адибон роххои дар асархои худ дуруст инъикос кардани хаётро чустучу мекарданд.

ba1dfc85cec0251f741f39f064249617

Адабиёти реализми танкиди, ки дар асри XIX ба муваффакияти калон ноил гардида буд, дар охирхои ин аср ва аввали асри XX боз хам густариш ёфт. Дар адабиёт ва санъат чараёнхои нав ба майдон омаданд. Онхо иллатхои чомеаро ба зери танкиди сахт гирифта, роххои халосиро аз бадбахтии ба сари мардум омада нишон додани мешуданд.

Натурализм. Ин чараён аввал дар Фаронса ба вучуд омадааст ва он маънои “табиат”-ро дорад. Натурализм дар назар дошт, ки нависанда ва санъаткор бояд вокеахоро бо диккати том омухта, дар онхо конуниятхои амикро муайян кунанд, чи тавре ки конунхо дар физика, химия, табиатшиноси ва илмхои дигар вучуд доранд. Натуралистчиён даъво доштанд, ки натурализм ягона фарханги аз чихати илми асоснок аст. Вай ба адабиёту санъат хусусиятхои хуччати медихад, яъне сурати вокеаро дакикан муайян месозад. Дар асархои натуралисти образ, баходихи ва мушохидахои шахсии муаллиф то дарачае аз назар берун мемонданд. Аз сабаби он ки натуралистчиён ба асархои худ аз хад зиёд мохияти биологи, физиологи, химияви, физики медоданд, кимати бадеии онхо баланд набуд.

Символизм. Ин чараён дар Фаронса чавобан ба чараёни натурализм ба миён омадааст. Дар он чое, ки натурализм очизи мекард, ба чои он символизм ба майдон мебаромад. Бар хилофи натурализм символизм даъват мекард, ки вокеият ба хисоб гирифта нашавад. Реалистхо мегуфтанд, ки вокеият хаматарафа ва эчодкорона инъикос карда шавад, лекин символчиён боварии комил доштанд, ки аз “марзхои вокеият” дур рафтан лозим аст. Мухити зиндаги, ба акидаи онхо, ночиз буда, шоёни таваччухи зиёд нест.

Харчанд символизм ба муваффакияти калон ноил нашуд, вале он тавонист, ки дар адабиёт ва хусусан дар назм мартабаи суханро баланд бардорад. Аксарияти символчиён бесамар будани чустучухои эчодии худро дарк карда, охиста-охиста ба реализм гузаштанд.

Футуризм. Футуризм аз калимаи лотинии “футурус” – “оянда” гирифта шудааст. Ин чараёни адаби нисбат ба чараёнхои дигари он дертар ба вучуд омадааст. Мохияти ин чараён рад кардани санъат мебошад. Аз назари футурчиён санъат хамчун шакли махсуси шуури чамъияти бояд тамоман нест шуда, ба як кисми истехсолот, рузгор ва сиёсат табдил дода шавад. Хизмате, ки ин чараён кардааст, аз он иборат аст, ки ба санъат хусусияти “индустриали” дод. Он барои зебо сохтани техникаи хозиразамон ва бинокори кумак расонидааст.

Декаденти. Номи ин чараён аз калимаи фаронсавии “декаденс” – “таназзул” пайдо шудааст. Декаденти таъсири бевоситаи гояхои ифроти ба шуури адибон ва санъаткорон буд. Дар ин давраи мураккаб онхо дар фаъолияти эчодии худ мекалавиданд. Аз хамин сабаб декадентчиён мавкеи худро дар адабиёт ва санъат ба таври бояду шояд наёфтанд. Адибон ва санъаткорони ин равия бо кувваи одам ва пешравии минбаъдаи чомеа ба таври умедбахш бовари надоштанд.

Идеологияи империализм. Идеологхои империализм аз гояхои “озоди, баробари ва бародари”, ки як вактхо буржуазияи озодихох эълон карда буд, даст кашиданд. Таърихшиносони ифроти гояхои пешкадами инкилобхои буржуазиро тахриф карда, онхоро хато ва арбобони намоёни онро шухратпарасту хоин меномиданд. Файласуфону иктисодчиён ва олимони дигар барои “исбот” кардани конуни будани сохти мавчуда аз худ хар гуна назарияхоро бофта мебароварданд ва сиёсати истилогаронаи хорични мамлакатхои империалистиро хак мебароварданд.

Файласуфи немис Фридрих Нитсше (1841-1900) яке аз машхуртарин идеологхои имперализм буд. У таъкид мекард, ки одамон ба “чанобон” ва “гуломон” таксим шудаанд. “Чанобон шахсони тавоно” ва “фавкулинсон” буда, барои онхо “хама кор раво аст”. “Чанобон” хакку хукук доранд, ки конунхои ахлокро тамоман ба инобат нагиранд ва хар касеро, ки пеши рохашонро мегирад, барои нафъи худ несту нобуд гардонанд.

Ин идеология ’‘чангро маънии олии хаёт” номидааст. Бехуда нест, ки баъдтар фашизм онро истифода бурд.

Барои хак баровардани сиёсати истилогаронаи худ назариётчиёни империализм аз таълимоти олимони дигар, масалан, аз Чарлз Дарвин-хам истифода мебурданд. Онхо конунхои олами хайвонотро нисбат ба чомеаи инсони татбик карда, исбот мекарданд, ки мубориза барои хаёт чомеаро ба пеш харакат медихад. Одамонс, ки аз гуруснаги мемиранд, сабаби танбалии онхост. Ин назариётчиёнро дар таърих “сотсиал-дарвинчиён” номидаанд. Сотсиал-дарвинчиён бехаёёна мегуфтанд, ки марги чунин одамон барои хушбахтии дигарон зарур аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …