Главная / Гуногун / АДАБИЁТ дар асрҳои XIX-XX

АДАБИЁТ дар асрҳои XIX-XX

Адабиёт. Рафти тараққиёти иқтисодии мамлакатҳои сармоядорӣ, сиёсати истилогаронаи мамлакатҳои империалистӣ, норозигии аҳли тараққихоҳи-ҷамоатчигии демократии ҷаҳон аз ин сиёсат ба мазмуну мундариҷа ва самтҳои инкишофи адабиёт таъсир расонданд. Зарурат ба миён омад, ки дар шароити дигар ба ҳаёт ба тарзи нав нигариста, онро воқеъбинонатар инъикос намоянд. Адибон роҳҳои дар асарҳои худ дуруст инъикос кардани ҳаётро ҷустуҷӯ мекарданд.

ba1dfc85cec0251f741f39f064249617

Адабиёти реализми танқидӣ, ки дар асри XIX ба муваффақияти калон ноил гардида буд, дар охирҳои ин аср ва аввали асри XX боз ҳам густариш ёфт. Дар адабиёт ва санъат ҷараёнҳои нав ба майдон омаданд. Онҳо иллатҳои ҷомеаро ба зери танқиди сахт гирифта, роҳҳои халосиро аз бадбахтии ба сари мардум омада нишон доданӣ мешуданд.

Натурализм. Ин ҷараён аввал дар Фаронса ба вуҷуд омадааст ва он маънои “табиат”-ро дорад. Натурализм дар назар дошт, ки нависанда ва санъаткор бояд воқеаҳоро бо диққати том омӯхта, дар онҳо қонуниятҳои амиқро муайян кунанд, чи тавре ки қонунҳо дар физика, химия, табиатшиносӣ ва илмҳои дигар вуҷуд доранд. Натуралистчиён даъво доштанд, ки натурализм ягона фарҳанги аз ҷиҳати илмӣ асоснок аст. Вай ба адабиёту санъат хусусиятҳои ҳуҷҷатӣ медиҳад, яъне сурати воқеаро дақиқан муайян месозад. Дар асарҳои натуралистӣ образ, баҳодиҳӣ ва мушоҳидаҳои шахсии муаллиф то дараҷае аз назар берун мемонданд. Аз сабаби он ки натуралистчиён ба асарҳои худ аз ҳад зиёд моҳияти биологӣ, физиологӣ, химиявӣ, физики медоданд, қимати бадеии онҳо баланд набуд.

Символизм. Ин ҷараён дар Фаронса ҷавобан ба ҷараёни натурализм ба миён омадааст. Дар он ҷое, ки натурализм оҷизӣ мекард, ба ҷои он символизм ба майдон мебаромад. Бар хилофи натурализм символизм даъват мекард, ки воқеият ба ҳисоб гирифта нашавад. Реалистҳо мегуфтанд, ки воқеият ҳаматарафа ва эҷодкорона инъикос карда шавад, лекин символчиён боварии комил доштанд, ки аз “марзҳои воқеият” дур рафтан лозим аст. Муҳити зиндагӣ, ба ақидаи онҳо, ночиз буда, шоёни таваҷҷӯҳи зиёд нест.

Ҳарчанд символизм ба муваффақияти калон ноил нашуд, вале он тавонист, ки дар адабиёт ва хусусан дар назм мартабаи суханро баланд бардорад. Аксарияти символчиён бесамар будани ҷустуҷӯҳои эҷодии худро дарк карда, оҳиста-оҳиста ба реализм гузаштанд.

Футуризм. Футуризм аз калимаи лотинии “футурус” – “оянда” гирифта шудааст. Ин ҷараёни адабӣ нисбат ба ҷараёнҳои дигари он дертар ба вуҷуд омадааст. Моҳияти ин ҷараён рад кардани санъат мебошад. Аз назари футурчиён санъат ҳамчун шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ бояд тамоман нест шуда, ба як қисми истеҳсолот, рӯзгор ва сиёсат табдил дода шавад. Хизмате, ки ин ҷараён кардааст, аз он иборат аст, ки ба санъат хусусияти “индустриалӣ” дод. Он барои зебо сохтани техникаи ҳозиразамон ва бинокорӣ кӯмак расонидааст.

Декадентӣ. Номи ин ҷараён аз калимаи фаронсавии “декаденс” – “таназзул” пайдо шудааст. Декадентӣ таъсири бевоситаи ғояҳои ифротӣ ба шуури адибон ва санъаткорон буд. Дар ин давраи мураккаб онҳо дар фаъолияти эҷодии худ мекалавиданд. Аз ҳамин сабаб декадентчиён мавқеи худро дар адабиёт ва санъат ба таври бояду шояд наёфтанд. Адибон ва санъаткорони ин равия бо қувваи одам ва пешравии минбаъдаи ҷомеа ба таври умедбахш боварӣ надоштанд.

Идеологияи империализм. Идеологҳои империализм аз ғояҳои “озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ”, ки як вақтҳо буржуазияи озодихоҳ эълон карда буд, даст кашиданд. Таърихшиносони ифротӣ ғояҳои пешқадами инқилобҳои буржуазиро таҳриф карда, онҳоро хато ва арбобони намоёни онро шӯҳратпарасту хоин меномиданд. Файласуфону иқтисодчиён ва олимони дигар барои “исбот” кардани қонунӣ будани сохти мавҷуда аз худ ҳар гуна назарияҳоро бофта мебароварданд ва сиёсати истилогаронаи хориҷни мамлакатҳои империалистиро ҳақ мебароварданд.

Файласуфи немис Фридрих Нитсше (1841-1900) яке аз машҳуртарин идеологҳои имперализм буд. Ӯ таъкид мекард, ки одамон ба “ҷанобон” ва “ғуломон” тақсим шудаанд. “Ҷанобон шахсони тавоно” ва “фавқулинсон” буда, барои онҳо “ҳама кор раво аст”. “Ҷанобон” ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки қонунҳои ахлоқро тамоман ба инобат нагиранд ва ҳар касеро, ки пеши роҳашонро мегирад, барои нафъи худ несту нобуд гардонанд.

Ин идеология ’‘ҷангро маънии олии ҳаёт” номидааст. Беҳуда нест, ки баъдтар фашизм онро истифода бурд.

Барои ҳақ баровардани сиёсати истилогаронаи худ назариётчиёни империализм аз таълимоти олимони дигар, масалан, аз Чарлз Дарвин-ҳам истифода мебурданд. Онҳо қонунҳои олами ҳайвонотро нисбат ба ҷомеаи инсонӣ татбиқ карда, исбот мекарданд, ки мубориза барои ҳаёт ҷомеаро ба пеш ҳаракат медиҳад. Одамонс, ки аз гуруснагӣ мемиранд, сабаби танбалии онҳост. Ин назариётчиёнро дар таърих “сотсиал-дарвинчиён” номидаанд. Сотсиал-дарвинчиён беҳаёёна мегуфтанд, ки марги чунин одамон барои хушбахтии дигарон зарур аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …