Главная / Гуногун / Зардуштро тўрониён ба қатл расонид вале боз қисми зиёдашон оташпараст

Зардуштро тўрониён ба қатл расонид вале боз қисми зиёдашон оташпараст

Савол: Барои чи агар Зардуштро тўрониён ба қатл расонида бошанд, пас чаро боз қисми зиёдашон оташпараст шудаанд?

Ҷавоб: Сабаби якум аз он иборат аст, ки ў аслан тўронӣ буда, баромадаш ҳам аз Суғд буд. Сабаби дуюм аз он иборат буд, ки ақидаҳои пешниҳод кардаи ў хеле сода ва омиёна буданд. Ба фаҳми мардуми авом ҷой кардани «чизҳо»-и мураккаб хеле душвор аст, нисбат ба ақидаҳои омиёна. Чунончи Фирдавсӣ ибтидои ба замин «фуруд омадан»-и Зардуштро дар «Шоҳнома» чунин инъикос мекунад:

«Дар ахбори қадимиён омадааст,ки замоне пойтахти эронзамин шаҳри Балх буд, подшоҳ Гуштосп  буд, ки дар аҳди ў Зардушт ном марде падид омад ва гуфт: «Пайғамбарам, аз Осмон  фуруд омадам». Дар миҷмар оташ овард ва гуфт: «Аз биҳишт овардам, худои ҷаҳонофарин фармуд,ки мардумон ба ҷои бут оташро парастанд».

Зардушт нахуст Гуштоспро оташпараст кард, сипас мардумон ҳам оҳиста-оҳиста ба дини нав гаравиданд.

Дар Балх оташкадаи Меҳрбарзин – калонтарин парастишгоҳи зардуштӣ бунёд карда шуд. Пайғамбари навбаромад дар пеши дари оташкада сарве шинонд, сарв бо мурури  солҳо ниҳоят бузург ва баланд шуд, онро Сарви Кишмар ном карданд, Зардушт гуфт,ки пайравони  дини вай рўзи растохез бо  ҳамин сарв ба биҳишт, ки дар осмон аст, мебароянд. Шох Гуштосп ҳимоят ва интишори дини навро ба ўҳда гирифт ва дар паҳлўи Сарви Кишмар ба худ  кохи пуршукўҳе сохт.Гуштосп хироҷгузори  хоқони Чину  Тўрон буд, Зардушт ўро тарғиб  ба истиқбол мекарду мегуфт: «Дину оини ман хироҷгузории Шоҳи Эронзаминро раво намедорад». Шоҳ фармудаи  пайғамбарашро пазируфт ва хироҷи хоқонро  боз дошт.

Он гоҳ хоқон Арҷосп бо лашкари гароне ба ҷанги Гуштоспшоҳ омад. Шоҳ аз рафъи душмани қавӣ  оҷиз омад, дар ҷанг сарлашкараш ва бародараш  Зарири диловар кушта шуд, инчунин  бисёре аз сипоҳдорон  ва паҳлавонони номии ў ба ҳалокат расиданд. Бар сари пойтахт ва кишвар хатари азими тороҷу куштор қоим омад.

Шоҳ писари бузургаш – Исфандиёрро сарлашкар таъин кард. Дар ин айём Исфандиёр ҳамроҳи бародараш – Фаршавард  дар даштҳои Хуросон ба шикори гургу паланг дар куҳҳои Бадахшон буд. Ў омаду ғалаба ба даст овард. Вале шоҳ Исфандиёрро зиндон кард, зўр омад, боз озод кард. Чун бори ду ғалаба ба даст овард, аз тарси он ки соҳиби тахту тоҷ нагардад, ба ҷанги Рустам ба Сиистон фиристод. Сарбозҳои Рустам ду писари ўро куштанд. Ва билоҳира Рустам худи ўро кушт».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …