Главная / Гуногун / Зардуштро турониён ба катл расонид вале боз кисми зиёдашон оташпараст

Зардуштро турониён ба катл расонид вале боз кисми зиёдашон оташпараст

Савол: Барои чи агар Зардуштро турониён ба катл расонида бошанд, пас чаро боз кисми зиёдашон оташпараст шудаанд?

Чавоб: Сабаби якум аз он иборат аст, ки у аслан турони буда, баромадаш хам аз Сугд буд. Сабаби дуюм аз он иборат буд, ки акидахои пешниход кардаи у хеле сода ва омиёна буданд. Ба фахми мардуми авом чой кардани «чизхо»-и мураккаб хеле душвор аст, нисбат ба акидахои омиёна. Чунончи Фирдавси ибтидои ба замин «фуруд омадан»-и Зардуштро дар «Шохнома» чунин инъикос мекунад:

«Дар ахбори кадимиён омадааст,ки замоне пойтахти эронзамин шахри Балх буд, подшох Гуштосп  буд, ки дар ахди у Зардушт ном марде падид омад ва гуфт: «Пайгамбарам, аз Осмон  фуруд омадам». Дар мичмар оташ овард ва гуфт: «Аз бихишт овардам, худои чахонофарин фармуд,ки мардумон ба чои бут оташро парастанд».

Зардушт нахуст Гуштоспро оташпараст кард, сипас мардумон хам охиста-охиста ба дини нав гаравиданд.

Дар Балх оташкадаи Мехрбарзин – калонтарин парастишгохи зардушти бунёд карда шуд. Пайгамбари навбаромад дар пеши дари оташкада сарве шинонд, сарв бо мурури  солхо нихоят бузург ва баланд шуд, онро Сарви Кишмар ном карданд, Зардушт гуфт,ки пайравони  дини вай рузи растохез бо  хамин сарв ба бихишт, ки дар осмон аст, мебароянд. Шох Гуштосп химоят ва интишори дини навро ба ухда гирифт ва дар пахлуи Сарви Кишмар ба худ  кохи пуршукухе сохт.Гуштосп хирочгузори  хокони Чину  Турон буд, Зардушт уро таргиб  ба истикбол мекарду мегуфт: «Дину оини ман хирочгузории Шохи Эронзаминро раво намедорад». Шох фармудаи  пайгамбарашро пазируфт ва хирочи хоконро  боз дошт.

Он гох хокон Арчосп бо лашкари гароне ба чанги Гуштоспшох омад. Шох аз рафъи душмани кави  очиз омад, дар чанг сарлашкараш ва бародараш  Зарири диловар кушта шуд, инчунин  бисёре аз сипохдорон  ва пахлавонони номии у ба халокат расиданд. Бар сари пойтахт ва кишвар хатари азими торочу куштор коим омад.

Шох писари бузургаш – Исфандиёрро сарлашкар таъин кард. Дар ин айём Исфандиёр хамрохи бародараш – Фаршавард  дар даштхои Хуросон ба шикори гургу паланг дар куххои Бадахшон буд. У омаду галаба ба даст овард. Вале шох Исфандиёрро зиндон кард, зур омад, боз озод кард. Чун бори ду галаба ба даст овард, аз тарси он ки сохиби тахту точ нагардад, ба чанги Рустам ба Сиистон фиристод. Сарбозхои Рустам ду писари уро куштанд. Ва билохира Рустам худи уро кушт».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …