Замоне шуд-замони пулпарастӣ,
Баландпарвозиҳо дар ҳоли мастӣ.
Фаровон неъмату мардум ҳама сер,
Вале идроки мо дар ҳоли пастӣ.
Куҷо шуд эҳтироми якдигарҳо?
Суроғи хештан, ҷону ҷигарҳо.
Ҷудо шуд додаре аз хоҳари худ,
Куҷо шуд нуқтаи нек аз назарҳо?
Аҷоиб як замон омад сари мо,
Ки рафт инсонгарӣ аз минбари мо.
Кунун шогирде мегӯяд ба устод,
Фаро аз минбару биншин бари мо.
Замоне буд.ки одоб нархи хуб дошт,
Арӯсе гирди ҳавли рӯфтурӯб дошт.
Писар то,ки шавад шахси баодоб,
Падар дар кунҷи хона як-ду чуб дошт.
Падар акнун чунин савдо надорад.
Ба ҷуз пул ӯ дигар ғавғо надорад
Писар овораи бозии телфон,
Падар бошад ба ин парво надорад.