Главная / Илм / ЗАЙТУН

ЗАЙТУН

zaytunЗАЙТУН (Olea europaea), дарахтест ҳамешасабз. То 4 – 12 м қад мекашад. Барги нештаршакл ё дарозрӯя (5 – 12 см), гули сафед, меваи мудаввари сурхча ё сиёҳи донакдор (то 15 г), донаки дарозрӯяи бӯртоб дорад. Май – июн гул карда, сент. – дек. самар меорад. З. дарахти гармобардор ва ба хушкӣ тобовар аст. Дар аснои аз донак рӯидан, соли 10 – 12-ум, агар аз қаламча сабзад, соли 4 – 5 – ум мева медиҳад. Дарахти дарозумр (300 – 400 сол) аст. Аз ҳар бех дарахти он 20 – 40 кг мева меғундоранд. Меваи З. – ро консерв мекунанд, дар намакоб мехобонанд, аз мағзи он равған мекашанд. Равғани З.- ро дар саноати хӯрокворӣ, консерв, тиб ва ғ. ба кор мебаранд. Агар 65 г равғани З.-ро бо оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад; инро бо оби гарм биёшоманд, қулинҷ ва дарди рӯдаҳоро рафъ месозад, кирмҳои меъдаро хориҷ мекунад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. Агар равғани З.-ро хӯрда қай кунанд, заҳрҳоро аз бадан дафъ месозад. Равғани З. ҳарчанд кӯҳнатар шавад, қавитар мегардад. Агар равғани аз самари норасидаи З. кашидаро бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, милки дандонро мустаҳкам мекунад, узвҳоро қувват мебахшад, барои меъда форам ва мувофиқ аст; хилтҳоро соф мекунад, бадбӯиро барҳам медиҳад, дамидани арақи баданро манъ менамояд.
Нақеъи барги З. фишори хун ва нафаскаширо ба эътидол меорад. Мутахассисон дар он ақидаанд, ки дар таркиби З. ҳамаи витамин ва микроэлементҳои баҳри одам зарурӣ вуҷуд доранд. Равғани З. давои пурбаҳои пешгирии атеросклероз, амрози дил ва рагҳо мебошад, холестерин надорад ва онро аз организм хориҷ менамояд, ба фаъолияти меъдаю рӯдаҳо тақвият мебахшад. Бино ба ақидаи табибони испанӣ меваи З. барои ашхоси ҳама синну сол муфид аст, онро метавон ҳатто ба вояи ғизои кӯдакон ворид кард.

С. М. Гулов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …