Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ДОРУ

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ДОРУ

zahroludi-az-doruЗАҲРОЛУДӣ АЗ ДОРУ. Доруҳои хобовар ва таскинбахш воситаи асосии заҳролудӣ мебошанд. Шахс ба онҳо чунон одат мекунад, ки ҳатто баъзан аз хоби ширин бедор шуда, дар торикӣ зуд ба ҷустуҷӯи таблетка медарояд. Баъзе одамон гумон доранд, ки меъёри муқарраршуда дигар ба онҳо таъсир намерасонад. Бинобар ин худсарона доруро зиёдтар истеъмол мекунанд ва дар натиҷа гирифтори З. мешаванд.
Баъди истеъмоли меъёри зиёди доруи хобовар заифӣ, хоболудӣ, ҳисси вазнинии сар, дар баъзе ашхос, баръакс, ҳаяҷони рӯҳии ба мастӣ монанд мушоҳида мегардад. Сипас хоб ба беҳушӣ мегузарад ва бедор кардани бемор аз имкон берун аст. Дар даҳону бинӣ луоб ҷамъ мешавад; нафаскашӣ дар аввал хирросӣ ва тез, сипас дер-дер ва рӯякӣ аст. Агар З. вазнин набошад, одам аз ҳуш нарафта, дуру дароз дар ҳолати хоби сахт мемонад. Барои заҳролудӣ аз доруҳои таскинбахш (седативӣ) ду давра хос аст. Дар давраи аввал ҳаяҷон, калавидан ва берабтии нутқ мушоҳида мешаванд; бемор аз ҷой ҷаста мехезад, кӯшиши гурехтан мекунад, ҳаракат бесарусомон, роҳгардӣ ноустувор, набз тез, нафаскашӣ хирросӣ ва бошиддат аст, ранги рӯй меканад. Дар давраи дуюми З. (агар он ҷой дошта бошад) шахс аз ҳуш меравад. Одатан, истеъмоли аз меъёр зиёди доруҳои хобовар ва таскинбахшро одамони калонсол, инчунин маризони гирифтори бемориҳои дилу раг ва узвҳои нафаскашӣ вазнин аз сар мегузаронанд. Заҳролудии чунин беморон бештар боиси газаки шуш мешавад.
Дар баъзе мавридҳо заҳролудӣ аз доруҳои хобовар ва таскинбахш барои ҳаёт хатари ҷиддӣ дорад. Бинобар ин дар сурати рух намудани чунин ҳолат фавран ёрии таъҷилии тиббиро ҷеғ зада, ба қадри имкон ба зарардида кӯмак расондан зарур аст. Агар шахс аз ҳуш нарафта бошад, ӯро хобонда, гиребон ва камарбандашро мекушоянд, сарро баланд бардоштан лозим. То омадани духтур меъдаро мешӯянд. Барои ин ба осебёфта 5 – 6 истакон оби гарм ё маҳлули содаи хӯрокӣ нӯшонида, бо ангушт бехи забонро зер мекунанд. Дар натиҷа қай ба вуҷуд меояд. Сипас ба ӯ чои талх ё қаҳва нӯшонида, 100 г нони сиёҳи қоқ мехӯронанд. Нӯшонидани шир мумкин нест, чунки шир ба рӯда гузоштани моддаи заҳрнокро тезонида, ба ихроҷи он аз организм монеъ мешавад. Беморро то омадани духтур танҳо намегузоранд, зеро ӯ дар ҳолати ҳаяҷон метавонад кӯшиши хестан карда афтад ва сахт лат хӯрад.
Агар шахс беҳуш бошад, пас ӯро фақат ёрии хуби тиббӣ наҷот дода метавонад. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ беморро парӯ хобонда, рӯяшро ба чап ё рост мегардонанд, то ки моддаи қай ва луоб ба роҳи нафас ворид нашавад. Сипас ба қошуқча дока печонида, то ҳадди имкон луоб ва оби даҳонро тоза мекунанд, протезҳои дандонро мегиранд ва забонро дошта берун мебароранд. Ҳар сари чанд вақт ба бемор спирти навшодир бӯй мекунонанд (пахтаро 4 – 5 см дур аз бинӣ медоранд). Шустани меъда дар ҳолати беҳушӣ қатъиян манъ аст, зеро об ба роҳи нафас даромада, боиси аз нафастангӣ фавтидани бемор хоҳад шуд. Агар зарардида нафас накашад, ранги рӯй ва лабу даҳон кабуд гардад, фавран нафасдиҳии сунъиро бояд сар кард. Ёрии аввалине, ки то омадани духтур мерасонанд, метавонад одамро аз марг наҷот диҳад.
Заҳролудӣ аз хинин ва пахикарпин дар байни занон хел зиёд дучор мешавад (онҳо ин доруҳоро зимни ҳомилагӣ барои исқоти ҳамл истифода мебаранд). Таъсири заҳрогини хинин бо ихтилоли кори системаи асабҳои марказӣ ва дилу рагҳо зоҳир мегардад. Мавриди заҳролудӣ аз хинин дилбеҳузурӣ, қай, беҳолӣ, ғуввоси гӯш, заифии босира ва сомеа, дарди халадори шикам мушоҳида мешавад. Аломатҳои номбурда пас аз 30 дақиқаи истеъмоли меъёри заҳрогини дору (зиёда аз 1 г) падид меоянд. Ҳангоми заҳролудии хеле вазнин ташаннуҷ, ихтилоли кори дил (то пурра аз задан мондани он) эҳтимол дорад. Пахикарпин ҳам ба монанди хинин системаи асабро иллатнок карда, боиси ихтилоли фаъолияти мағзи сар, нафаскашӣ ва гардиши хун мешавад. Пахикарпин ҳамчунин ба ихтилоли кори дил, дар ҳолатҳои вазнин ба таваққуфи он оварда мерасонад. Заҳролудӣ аз пахикарпин пайваста бо дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам гузашта, дертар дар ҳолати заҳролудии вазнин сарчархзанӣ, дарди сар, ихтилоли босираю сомеа, калавида роҳ гаштан, ташаннуҷ, ноҷӯрии нафаскашӣ рӯй медиҳад. Ҳангоми заҳролудии хеле вазнин беҳушӣ бо таваққуфи пурраи нафас ва заъфи шадиди дилу рагҳо ба назар мерасад. Исқоти ҳамл берун аз бемористон ба тавассути пахинкарпин ва хинин, одатан, натиҷаи дилхоҳ надода, бо заҳролудии шадид итмом меёбад. Тадбирҳои ёрии аввалин дар ин маврид мисли тадбирҳои ёрии аввалин ҳангоми заҳролудӣ аз доруҳои хобовар ва таскинбахш мебошанд. Дар сурати зуҳуроти аломатҳои заҳролудӣ даъват намудани духтур зарур аст. Агар бемор беҳуш набошад, то омадани духтур меъдаашро мешӯянд. Дар ҳолатҳои вазнин (вақте, ки бемор беҳуш аст) ёрии аввалинро бо усули дар боло зикршуда мерасонанд. Бемороне, ки дар онҳо нишонаҳои заҳролудӣ аз пахикарпин зоҳир гаштаанд, бояд ҳатман бистарӣ шаванд; онҳоро фақат бо занбар аз ҷое ба ҷое бурдан мумкин аст. Чунки ҳангоми якбора дигаргун шудани ҳолати бадан, ғайри чашмдошт фишори хун паст мефарояд.
Ҳамаи доруҳои духтур фармуда (махсусан хобовар ва таскинбахш)-ро мувофиқи меъёре, ки дар ретсепт нишон дода шудааст, истеъмол бояд кард. Ихтиёрӣ истеъмол кардан, хусусан худсарона зиёд намудани меъёри онҳо, мумкин нест.
Ад.: Бобков Ю.Г. (ва диг.), Первая доврачебная помощь при лекарственных и бытовых отравлениях, Л., 1982.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …