Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ ДОРУ

ЗАХРОЛУДи АЗ ДОРУ

zahroludi-az-doruЗАХРОЛУДи АЗ ДОРУ. Дорухои хобовар ва таскинбахш воситаи асосии захролуди мебошанд. Шахс ба онхо чунон одат мекунад, ки хатто баъзан аз хоби ширин бедор шуда, дар торики зуд ба чустучуи таблетка медарояд. Баъзе одамон гумон доранд, ки меъёри мукарраршуда дигар ба онхо таъсир намерасонад. Бинобар ин худсарона доруро зиёдтар истеъмол мекунанд ва дар натича гирифтори З. мешаванд.
Баъди истеъмоли меъёри зиёди доруи хобовар заифи, хоболуди, хисси вазнинии сар, дар баъзе ашхос, баръакс, хаячони рухии ба масти монанд мушохида мегардад. Сипас хоб ба бехуши мегузарад ва бедор кардани бемор аз имкон берун аст. Дар дахону бини луоб чамъ мешавад; нафаскаши дар аввал хирроси ва тез, сипас дер-дер ва руяки аст. Агар З. вазнин набошад, одам аз хуш нарафта, дуру дароз дар холати хоби сахт мемонад. Барои захролуди аз дорухои таскинбахш (седативи) ду давра хос аст. Дар давраи аввал хаячон, калавидан ва берабтии нутк мушохида мешаванд; бемор аз чой часта мехезад, кушиши гурехтан мекунад, харакат бесарусомон, рохгарди ноустувор, набз тез, нафаскаши хирроси ва бошиддат аст, ранги руй меканад. Дар давраи дуюми З. (агар он чой дошта бошад) шахс аз хуш меравад. Одатан, истеъмоли аз меъёр зиёди дорухои хобовар ва таскинбахшро одамони калонсол, инчунин маризони гирифтори беморихои дилу раг ва узвхои нафаскаши вазнин аз сар мегузаронанд. Захролудии чунин беморон бештар боиси газаки шуш мешавад.
Дар баъзе мавридхо захролуди аз дорухои хобовар ва таскинбахш барои хаёт хатари чидди дорад. Бинобар ин дар сурати рух намудани чунин холат фавран ёрии таъчилии тиббиро чег зада, ба кадри имкон ба зарардида кумак расондан зарур аст. Агар шахс аз хуш нарафта бошад, уро хобонда, гиребон ва камарбандашро мекушоянд, сарро баланд бардоштан лозим. То омадани духтур меъдаро мешуянд. Барои ин ба осебёфта 5 – 6 истакон оби гарм ё махлули содаи хуроки нушонида, бо ангушт бехи забонро зер мекунанд. Дар натича кай ба вучуд меояд. Сипас ба у чои талх ё кахва нушонида, 100 г нони сиёхи кок мехуронанд. Нушонидани шир мумкин нест, чунки шир ба руда гузоштани моддаи захрнокро тезонида, ба ихрочи он аз организм монеъ мешавад. Беморро то омадани духтур танхо намегузоранд, зеро у дар холати хаячон метавонад кушиши хестан карда афтад ва сахт лат хурад.
Агар шахс бехуш бошад, пас уро факат ёрии хуби тибби начот дода метавонад. То омадани мошини ёрии таъчили беморро пару хобонда, руяшро ба чап ё рост мегардонанд, то ки моддаи кай ва луоб ба рохи нафас ворид нашавад. Сипас ба кошукча дока печонида, то хадди имкон луоб ва оби дахонро тоза мекунанд, протезхои дандонро мегиранд ва забонро дошта берун мебароранд. Хар сари чанд вакт ба бемор спирти навшодир буй мекунонанд (пахтаро 4 – 5 см дур аз бини медоранд). Шустани меъда дар холати бехуши катъиян манъ аст, зеро об ба рохи нафас даромада, боиси аз нафастанги фавтидани бемор хохад шуд. Агар зарардида нафас накашад, ранги руй ва лабу дахон кабуд гардад, фавран нафасдихии сунъиро бояд сар кард. Ёрии аввалине, ки то омадани духтур мерасонанд, метавонад одамро аз марг начот дихад.
Захролуди аз хинин ва пахикарпин дар байни занон хел зиёд дучор мешавад (онхо ин дорухоро зимни хомилаги барои искоти хамл истифода мебаранд). Таъсири захрогини хинин бо ихтилоли кори системаи асабхои маркази ва дилу рагхо зохир мегардад. Мавриди захролуди аз хинин дилбехузури, кай, бехоли, гуввоси гуш, заифии босира ва сомеа, дарди халадори шикам мушохида мешавад. Аломатхои номбурда пас аз 30 дакикаи истеъмоли меъёри захрогини дору (зиёда аз 1 г) падид меоянд. Хангоми захролудии хеле вазнин ташаннуч, ихтилоли кори дил (то пурра аз задан мондани он) эхтимол дорад. Пахикарпин хам ба монанди хинин системаи асабро иллатнок карда, боиси ихтилоли фаъолияти магзи сар, нафаскаши ва гардиши хун мешавад. Пахикарпин хамчунин ба ихтилоли кори дил, дар холатхои вазнин ба таваккуфи он оварда мерасонад. Захролуди аз пахикарпин пайваста бо дилбехузури, кай, дарди шикам гузашта, дертар дар холати захролудии вазнин сарчархзани, дарди сар, ихтилоли босираю сомеа, калавида рох гаштан, ташаннуч, ночурии нафаскаши руй медихад. Хангоми захролудии хеле вазнин бехуши бо таваккуфи пурраи нафас ва заъфи шадиди дилу рагхо ба назар мерасад. Искоти хамл берун аз бемористон ба тавассути пахинкарпин ва хинин, одатан, натичаи дилхох надода, бо захролудии шадид итмом меёбад. Тадбирхои ёрии аввалин дар ин маврид мисли тадбирхои ёрии аввалин хангоми захролуди аз дорухои хобовар ва таскинбахш мебошанд. Дар сурати зухуроти аломатхои захролуди даъват намудани духтур зарур аст. Агар бемор бехуш набошад, то омадани духтур меъдаашро мешуянд. Дар холатхои вазнин (вакте, ки бемор бехуш аст) ёрии аввалинро бо усули дар боло зикршуда мерасонанд. Бемороне, ки дар онхо нишонахои захролуди аз пахикарпин зохир гаштаанд, бояд хатман бистари шаванд; онхоро факат бо занбар аз чое ба чое бурдан мумкин аст. Чунки хангоми якбора дигаргун шудани холати бадан, гайри чашмдошт фишори хун паст мефарояд.
Хамаи дорухои духтур фармуда (махсусан хобовар ва таскинбахш)-ро мувофики меъёре, ки дар ретсепт нишон дода шудааст, истеъмол бояд кард. Ихтиёри истеъмол кардан, хусусан худсарона зиёд намудани меъёри онхо, мумкин нест.
Ад.: Бобков Ю.Г. (ва диг.), Первая доврачебная помощь при лекарственных и бытовых отравлениях, Л., 1982.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …