Главная / Илм / ЁРОВ Нарзӣ Қурбонович

ЁРОВ Нарзӣ Қурбонович

nophotoЁРОВ Нарзӣ Қурбонович (тав. 24. 10. 1941, деҳаи Дарғи ноҳ. Айнӣ), духтури терапевт, доктори илми тиб (1991), проф. (1992). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965). Духтури терапевти беморхонаи ш. Норак (1965 – 66), ординатори клиникӣ (1966 – 67), ассистент (1967 – 83), дотсенти кафедраи таълими бемориҳои даруни факултаи муолиҷавӣ (1983 – 85), ходими калони илмӣ (1985 – 87), и.в. мудири кафедраи таълими бемориҳои даруни факултаҳои педиатрӣ ва стоматологии ДДТТ (1992), хизмат дар Ҷумҳурии Яман (1992 – 95). Аз с. 1995 проф. кафедраи таълими бемориҳои даруни факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ. Муаллифи 115 асару мақолаҳои илмӣ, 3 тавсияи методӣ, 4 тавсияи навоварӣ. Дар Ин-ти тиббии ш. Москва ба номи И.М. Сеченов (1970), Ин-ти тиббии Новосибирск (1978), Ин-ти тиббии Москва ба номи Пирогов (1985 ва 1991) такмили ихтисос кардааст. Раиси Ҷамъияти илмии тарбодшиносони Тоҷикистон.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …