Главная / Илм / ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ ТАВАЛЛУДИ КӯДАК

ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ ТАВАЛЛУДИ КӯДАК

yordampuliЁРДАМПУЛӣ БАРОИ ТАВАЛЛУДИ КӯДАК (ёрдампулии яквақта) ба коргарзанону хизматчиён, заноне, ки дар мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, аспирантура, ординатураи клиникӣ, дар курсҳо ва мактабҳои такмили ихтисос, тағйири ихтисос ва тарбияи кадрҳо таҳсил мекунанд, дода мешавад.
Ё. дар чунин ҳаҷм таъин ва пардохта мешавад: ҳангоми ба дунё омадани кӯдаки якум дар ҳаҷми 3 музди меҳнати ҳадди ақал; ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм дар ҳаҷми ду музди меҳнати ҳадди ақал; ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ва ҳар як кӯдаки минбаъда – дар ҳаҷми як музди меҳнати ҳадди ақал.
Дар сурати таваллуди ду кӯдак ё бештар аз он ёрдампулӣ барои ҳар як кӯдак бо дарназардошти он пардохта мешавад, ки ӯ дар оила чандумин фарзанд аст.
Ё. дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохта мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …