Главная / Варзиш / Якчанд бозиҳо барои мактаббачагон

Якчанд бозиҳо барои мактаббачагон

«Сомониён»

Дар ду тарафи ба ҳам муқобили майдон хат, дар паҳлуяш якчан; доира кашида мешавад. Ин хонаи бозингари асосӣ аст. Бозингарон да{ паси хат як тараф саф мекашанд ва ба овози баланд мегӯянд

Мобачагонем, Сомониёнем!

Яку дую се чор

Тавонӣ моро бидор!

Баъди нидои «бидор!» ҳама ба тарафи муқобили майдон давидг мегузаранд. Бозингари асосӣ бояд аз байни бозингарони давидаисто да, пеш аз он, ки онхо аз хат гузаранд, як касро дорад. Бозингари б< даст афтода ба даруни давра меистад. Сипас, бачаҳо шеърро такро^ карда ба самти муқобили майдонча медаванд. Баъд аз 2-3 маротиба такрор намудани бозӣ чӣ кадар бозингар ба даст афтидаст, мешумо рем. Бозингари асосии навро интихоб карда, бозиро аз сари нав оғо: менамоем.

«Аз овозаш бишнос»

Ҳамаи бачаҳо ба як давра меистанд, дар байни давра бозингари асосӣ мсистад. Чашмони ӯ баста аст. Бозингари асосӣ аз гирди бозин- гарон аз паси мураббӣ, ҳаракатҳои ӯро такрор намуда (гимнастикӣ ё рақсӣ), сипас меистад ва ба бачаҳо мегӯянд:

Моён каме бозидем, Акнун давра оростем. Ҷавоби муаммо ёб, Кӣ ҷеғ зад ӯро, биёб.

Мураббӣ бе сухан ба яке аз бозингарон ишора мекунад ва ӯ «Ман кистам» мегӯяд. Бозингари асосӣ бояд номи ӯро гӯяд. Агар ӯ дуруст ёбад, шахси ёфташуда ба ҷои ӯ меистад, агар хато кунад, бозӣ идома меёбад. Вақте, ки бачаҳо овозҳоро хуб мешинохтагӣ мешаванд, ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки овозҳои худро иваз кунанд, ё ки барои шавқовартар гардонидани бозӣ овозхои паррандақо, ҳайвонҳоро тақлиднамоянд.

«Чароғак»

Дар доирачаҳои диаметрашон 10 см бо рангҳои сурх, сабз,зард чӯбчахо часпонида мешаванд. Ҳамаи бачаҳо дар қаторҳо истода, ишораҳои муаллимро иҷро менамоянд, бо ранги сурх менишинанд, бо зард мехезанд, бо сабз, дар ҷойи ист қадам мезананд. Ҳангоми дар саф ҳаракат кардан шартҳои бозиро иваз намудан мумкин аст: ранги сурх – ҳама меистанд, зард – дар ҳолати нишаста ҳаракат мекунанд, сабз – бо нӯги пой ҳаракат мекунанд. Барои ҳар як хато холҳои ҷаримавӣ дода мешавад. Бозингаре ғолиб мебаро- яд, ки холҳои ҷаримавии кам гирифтааст (байрақчаҳои хархеларо низ истифода бурдан мумкин аст).

«Бозӣ бо се пой»

Дар ҳар як давр се-чор ҷуфт иштирок мекунад. Бачаҳо дар як қатор аз паси хати умумии огоз саф мекашанд. Дар пеши ҳар як ҷуфт поя гузошта шудааст. Шарикон якдигарро бо як даст аз миён ба оғӯш мегиранд. Пойхои паҳлуи хам истодаи онҳо аз зону поён баста меша- ванд. Бо ишора иштирокчиёни дав ба пеш ҳаракат мекунанд, пояро давр зада, ба қафо бармегарданд.

Ҷуфте ғолиб ҳисобида мешавад, ки аввалин шуда хати марраро мегу- зарад. Баъд аз ин ҷуфти навбатӣ харакат мекунад. Дар анҷом давр ҷуфтҳои ғолибро ташкил кардан мумкин аст. Масофаи тахминии дав ■ 15-20м.

«Гург дар ғор»

Дар мобайни майдон ду хати мувозӣ дар масофаи 70-100 см дур а: ҳамдигар кашида мешавад. Ин ғор аст. Онро бо хатҳои на он қадағ мувозӣ муайян кардан аст: аз як тараф кушодтар, аз тарафи дига]: тангтар. Ду нафар бозингарон (гургхо) дар дохили ғор, дигароғ (бузғолаҳо) дар тарафи беруни ғор меистанд. Дар тарафи дигар бо хаз чарогох муайян карда мешавад. Ба ишораи роҳбар як ҷуфт бузғола бг тарафи муқобили майдонча медавад, барои ба чарогоҳ расидан а: болои ғор меҷаҳад.

«Гургҳо» аз ғор набаромада, кӯшиш менамоянд, ки бисёртар бузғолаҳоро доранд. Барои доштани ҳар як бузгола ба гургҳо якхолӯ дода мешавад. «Бузғолаҳои» доштанашуда низ ғолиб мебароянд.

Бози бо чанбарак
Бози бо чанбарак

«Гунҷишкони ҷаҳанда»

Дар рӯи замин даврае кашида мешавад, то дар атрофи он ҳамаи бозингарон тавонанд озодона ҷой гиранд. Як нафар бозингар – гурба дар дохили давра меистад. Бозингарони дигар – гунҷишкакон дар атрофи давра дар назди хати кашидашуда меистанд. Бо ишораи роҳбар гунҷишкакон ба дохили давра ва аз он ба берун меҷаҳанд.«Гурба» бошад кӯшиш менамояд, ки «гунҷишкакон»-и ба даруни давра дарома- даро дорад. Касеро, ки доштанд, «гурба» мешавад, «гурба» бошад «гунҷишк» мешавад ва бозӣ идома меёбад. Ҳамон бозингаре ғолиб мебарояд, ки ягон бор ба даст наафтодааст. «Гунҷишкакон» бо як пой меҷаҳанд. Барои ин бозӣ ҳалқаҳоро низ истифода бурдан мумкин аст.

«Савораҳо»

Бачаҳо дар давра меистанд: ин пойгаҷо аст. Баромадани аспҳои варзишӣ намоиш дода мешавад. Қадамзании «асп»: дастҳоро аз бозу- вон қат карда, кафи дастҳоро ба поён нигаронида қадам мезананд. Ҳангоми қадамзанӣ кӯшиш мекунанд, ки зонуҳояшон ба кафи дастона- шон расад. Бо қарсаки роҳбар бачаҳо самти ҳаракаташонро аз гирди давра иваз мекунанд, яъне ба тарафи муқобил ҳаракат мекунанд. «Аспҳо» даме роҳ мегарданд, даме медаванд, бо ишораи роҳбар «аспҳо» боз ба роҳгардӣ cap мекунанд.

Дар тарафи дарози майдонча истгоҳи савораҳо муайян карда шудааст, ки шумораи онҳо се маротиба аз шумораи савораҳо камтар аст. Бо садои роҳбар «Ба истгоҳ!» – бачаҳо ба тарафи ҷойҳои муайянкардашуда харакат мекунанд. Бозингарони беҷоймонда бози- ро бой медиҳанд. Бозӣ се- чор маротиба такрор мешавад. «Савораҳое» ғолиб мебароянд, ки боре ҳам бе ҷой намондаанд.

«Дуюм – зиёдатӣ»

Бозингарон аз якдигар ду қадам дур истода як давраеро ташкил медиҳанд. Ду бозингар аз давра берун меистанд. Яке аз онҳо дигареро медорад. Бозингаре, ки мегурезад, метавонад дар ҳар як дақиқа дар назди бозингари дар давраистода рост истад. Дар ин ҳолат бозингари дар қафоистода мегурезад. Дар берун ва дохили давра давидан мумкин аст. Дар ҳолати доштани бозингар, онҳо нақшҳои худро иваз меку- нанд.

Arap шумораи бозингарон бисёр бошад, онҳо дар давра ҷуфт-ҷу<] истода метавонанд. Дар ин ҳолат гурезанда дар назди ҷуфти дилхоҳа истода метавонад, бозингари сеюм аз қафо мегурезад, дар ин ҳол< бозӣ «сеюм- зиёдатӣ» номида мешавад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …