Главная / Илм / ВЕНОСЕКСИЯ

ВЕНОСЕКСИЯ

venoseksiyaВЕНОСЕКСИЯ (Venaesectio; аз вена ва sectio – буридан), чок кардани вена. В. дар сурати имконнопазир будани венопунксия (мас., хангоми чукур чойгир ва нонамоён будани вена) ба амал оварда мешавад. В.-ро асосан дар холатхое кор мефармоянд, ки агар хангоми табобат зарурати ба варид дуру дароз фиристодани дорухо пеш ояд. В. хангоми гемосорбсия низ истифода мегардад.
В.-ро, одатан, дар хами оринч, бозу, баъзан соки по (бучулак) ба амал меоранд. В. зери бехиссозии мавзеи гузаронда мешавад. Чои аз В. болотарро бо резин мебанданд ва махлули антисептики (махлули спиртии йод, хлоргексидин ва г.) мемоланд; сипас атрофи мавзеи амалиётро бо дастмолчаи тамйизи пушонда пустро ба дарозои вена чок мекунанд. Вена аз бофтахои зери пуст чудо карда мешавад. Баъд ба зери он ду лигатура (ресмон)-и кетгути ё абрешими гузаронда, лигатураи мукобилро гирех мезананд. Аз лигатура дошта венаро боло меоранд ва бо нештар ё кайчи девораи онро чок мекунанд; ба сурохи вена сузан ё катетерро дароварда бо лигатураи дигари мебанданд. Чоки пустро духта, бандинаи бесироят мегузоранд. Агар зарурати берун овардани сузан ё катетер пеш ояд, пас чои В.-ро 6 – 12 соат баста мондан лозим аст. Дар сурати рух намудани нишонахои сироят ва флебит сузан ё катетерро берун меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …