Главная / Маданият ва санъат / Васиятномаи ҳазрати Пайғамбар

Васиятномаи ҳазрати Пайғамбар

Васиятномаи ҳазрати Пайғамбар алайҳи-с-салом, мар ҳазрати Алиро

Пайғамбар (с) фармудааст: “Ё Алй, дар шаби якуми моҳ ва дар шаби охирини моҳ ҳалоли худро ҷимоъ макун, ки дар ин шабҳо фарзанд девона шавад. Ё Алй, дар рӯзи чаҳоршанбе бо зан наздикӣ макун, ки фарзанд кушанда ояд ва роҳзан шавад, дар шаби ид ҳам наздикӣ макун, ки фарзанд муханас (нармода) ояд. Ё Алӣ, дар вақти сӯҳбат кардан бо зан сухан магӯй, ки фарзанд гунг ояд ва дар аврати якдигар нигоҳ макунед, ки нобиноӣ орад. Ё Алӣ, дар зери дарахти бордор наздикӣ макун, ки фарзанд золим ояд ва миёни бонги намоз ва икомат наздикӣ макун, ки фарзанд бефармон ояд. Ё Алӣ, зани худро наздикӣ макун, дар он ҳолат, ки пок набошӣ, ки фарзанд агар шавад, бахил хоҳад шуд. Ё Алӣ, зани худро дар шаби Душанбе сӯҳбат кунӣ, фарзанд хонанда ояд. Агар шаби сешанбе бо зан наздикӣ кунӣ фарзанд ҷавонмард ояд. Ё Алй, агар шаби панҷшанбе бо зани худ наздикӣ кунӣ, фарзанд олим ва парҳезгор шавад ва агар дар шаби чумъа наздикӣ кунӣ фарзанд обиду мухлис ояд”.

Ҳикоят. Собит падари ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳу алайҳи буд. Дар вақти пеш аз оиладорияш рӯзе аз ҷӯйчае мегузашт, ки об себеро овард. Себро аз об гирифта газид, баъд аз он дар хотираш омад, ки ин себ моли дигар кас аст ва ман чаро онро бе иҷозати соҳибаш газидам? Дар фикр афтода дар чустуҷӯи соҳиби себ қад-қади ҷӯйча равон шуд. Ҷӯйча аз даруни боғе меомад. Даруни боғ даромада, соҳиби боғро ёфта аз ӯ узр пурсид, ки ман ба ғайри қасд ин себро газидам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳамин себро ба ман бифурӯшед ва ё ин ҷинояти маро бубахшед, то ки дар қиёмат дармонда нашавам.

Соҳиби боғ аз худотарсии ҷавонмард дар ҳайрат монда гуфт, ки ман як шарт дорам, агар шартро қабул кунӣ, ҷурматро мебахшам, агар қабул накунӣ, онро намебахшам.

Собит пурсид:

  • Он кадом шарт аст?

Соҳиби боғ гуфт:

-Як духтар дорам ҳам кур аст, ҳам кар аст, ҳам гунг аст, ҳам шал аст ва ҳам чӯлоқ. Ҳамонро агар ба занӣ қабул кунӣ, ман аз даъвои себ мегузарам.

Собит фикри бисёре карда, ноилоҷ ба он шарт розӣ шуд. Соҳиби боғ ӯро ба хонааш бурда духтарашро никоҳ карда ба ӯ дод ва ӯро гуфт, ба фалон хона рав зани ту дар ҳамон хона аст.

Собит рафта дари хонаро кушода дид, ки он ҷо як духтари соҳибҷамоле нишаста аст, дарҳол дарро пӯшида ба қафо баргашт. Гумон кард, ки ин он духтар нест. Духтар аз хона овоз бароварда гуфт:

– Куҷо меравӣ, баргард. Ҳамон духтари ваъдакардаи падар манам, биё даро.

 

Собит гуфт:

-Ваъдакардаи падарат ин гуна набуд.

Духтар гуфт:

-Падарам маро кур гуфт, аз он ҷиҳат, ки ман ягон номаҳрамеро надидаам, маро кар гуфт, барои он,  ки овози номаҳрамеро нашунидаам, маро гунг гуфт аз он сабаб, ки ба номаҳраме сухан нагуфтаам, маро шал гуфт, ба он хотир, ки ба касе даст дароз накардаам, маро чӯлоқ барои он гуфт, ки аз хона берун набаромадаам.

Чун падар дар луқмаи худ эҳтиёт кард ва модар покдоман ва парҳезгор буд, аз ин падару модари Худотарс ҳазрати Худованд Имоми Аъзам раҳматуллоҳро ба дунё овард, ки мову шумо дар мазҳаби ӯйем ва сифати ӯ ба таъриф рост намеояд.

Ҳикоят. Нақл аст, ки Нуҳ ибни Марям, қозии шаҳри Марв буд. Ӯро духтаре буд, бузургони шаҳри Марв духтарро хостгорӣ мекарданд, аммо қозӣ хостгорҳоро рад мекард. Вай мегуфт, ки ман духтарамро танҳо ба ҷавони парҳезгор медиҳам ва барои духтараш ҷавони муносиб меҷуст. Ҳарчанд чуст, ҳеҷ касро аз ғуломи худ Муборак парҳезгортар ва диндортар надид. Пас ӯро озод кард ва духтари худро ба ғуломи худ никоҳ карда дод.

Муборак то чил рӯз гирди духтар нагашт. Модари духтар аз он ҳол хабардор шуда, шикоят кард ва ба шавҳараш гуфт:

-Духтари порсову покизаи худро ба ғуломи худ додӣ. Ӯ бошад, ҳанӯз майле ба вай намекунад, ин чи кор буд, ки ту кардӣ?

Қозй Муборакро ба наздаш хонда гуфт:

-Эй Муборак, ту магар аз фарзанди ман ноз мекунӣ, ки ба ӯ илтифоте надорӣ?

Муборак гуфт:

-Эй қозии мусалмонон, маро бо фарзанди шумо чӣ гуна ноз расад, аммо чун мансаби қозигӣ ба шумост, метарсам, ки  ин духтар дар хонаи шумо луқмае хӯрда бошад, ки шояд щубҳанок бошад. Ман эҳтиёт мекунам ва ӯро таоми ҳалол мехӯронам, то даруни вай пок шавад. Агар ҳақ таоло фарзанде тақдир карда бошад, шоиста ва босалоҳ бошад.

Чун чил рӯз расо бигзашт, духтарро тасарруф кард ва чун ӯ дар луқма эҳтиёт ба ҷой оварда буд, Ҳак таоло ба ӯ Абдуллоҳро насиб гардонд.

Абдуллоҳ ибни Муборак ба чаҳор чиз дар ҳамаи рӯи замин монанд надошт, дар замони худ. Аввал ба илм, дуюм ба ҳилм, сеюм ба шуҷоат, чаҳорум ба саховат шӯҳрат дошт. Ҳамин аст, ки ҳар кас кор аз барои Худо кунад, ҳаргиз зиён накунад. Пас, бояд, ки шахси мусалмон аз барои дунёи мурдор шуда, фарзанди худро ба дасти нопокон надиҳад.

Дар ин мавзӯъ суханҳо бисёранд, лекин барои шахси бофаҳм ҳамин ҳам кифоя аст, чунки ҳазрати пайғамбар (с) гуфтааст, ки беҳтарин сухан он аст, ки кӯтоҳ бошад ва далолат ба максад кунад.

Аз Худованди карим хоҳони онем, ки ҳамаи мову шумopo тавфик диҳад ва ба ин гуфтаҳо амал карданро арзонӣ дорад. Омин.

Бигу одамиро назар кун дуруст,

Ки ӯ аз чӣ шуд халқ рӯзи нахуст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …