Главная / Маданият ва санъат / Васиятномаи хазрати Пайгамбар

Васиятномаи хазрати Пайгамбар

Васиятномаи хазрати Пайгамбар алайхи-с-салом, мар хазрати Алиро

Пайгамбар (с) фармудааст: “Ё Алй, дар шаби якуми мох ва дар шаби охирини мох халоли худро чимоъ макун, ки дар ин шабхо фарзанд девона шавад. Ё Алй, дар рузи чахоршанбе бо зан наздики макун, ки фарзанд кушанда ояд ва рохзан шавад, дар шаби ид хам наздики макун, ки фарзанд муханас (нармода) ояд. Ё Али, дар вакти сухбат кардан бо зан сухан магуй, ки фарзанд гунг ояд ва дар аврати якдигар нигох макунед, ки нобинои орад. Ё Али, дар зери дарахти бордор наздики макун, ки фарзанд золим ояд ва миёни бонги намоз ва икомат наздики макун, ки фарзанд бефармон ояд. Ё Али, зани худро наздики макун, дар он холат, ки пок набоши, ки фарзанд агар шавад, бахил хохад шуд. Ё Али, зани худро дар шаби Душанбе сухбат куни, фарзанд хонанда ояд. Агар шаби сешанбе бо зан наздики куни фарзанд чавонмард ояд. Ё Алй, агар шаби панчшанбе бо зани худ наздики куни, фарзанд олим ва пархезгор шавад ва агар дар шаби чумъа наздики куни фарзанд обиду мухлис ояд”.

Хикоят. Собит падари хазрати Имоми Аъзам рахматуллоху алайхи буд. Дар вакти пеш аз оиладорияш рузе аз чуйчае мегузашт, ки об себеро овард. Себро аз об гирифта газид, баъд аз он дар хотираш омад, ки ин себ моли дигар кас аст ва ман чаро онро бе ичозати сохибаш газидам? Дар фикр афтода дар чустучуи сохиби себ кад-кади чуйча равон шуд. Чуйча аз даруни боге меомад. Даруни бог даромада, сохиби богро ёфта аз у узр пурсид, ки ман ба гайри касд ин себро газидам. Аз шумо хохиш мекунам, ки хамин себро ба ман бифурушед ва ё ин чинояти маро бубахшед, то ки дар киёмат дармонда нашавам.

Сохиби бог аз худотарсии чавонмард дар хайрат монда гуфт, ки ман як шарт дорам, агар шартро кабул куни, чурматро мебахшам, агар кабул накуни, онро намебахшам.

Собит пурсид:

  • Он кадом шарт аст?

Сохиби бог гуфт:

-Як духтар дорам хам кур аст, хам кар аст, хам гунг аст, хам шал аст ва хам чулок. Хамонро агар ба зани кабул куни, ман аз даъвои себ мегузарам.

Собит фикри бисёре карда, ноилоч ба он шарт рози шуд. Сохиби бог уро ба хонааш бурда духтарашро никох карда ба у дод ва уро гуфт, ба фалон хона рав зани ту дар хамон хона аст.

Собит рафта дари хонаро кушода дид, ки он чо як духтари сохибчамоле нишаста аст, дархол дарро пушида ба кафо баргашт. Гумон кард, ки ин он духтар нест. Духтар аз хона овоз бароварда гуфт:

– Кучо мерави, баргард. Хамон духтари ваъдакардаи падар манам, биё даро.

 

Собит гуфт:

-Ваъдакардаи падарат ин гуна набуд.

Духтар гуфт:

-Падарам маро кур гуфт, аз он чихат, ки ман ягон номахрамеро надидаам, маро кар гуфт, барои он,  ки овози номахрамеро нашунидаам, маро гунг гуфт аз он сабаб, ки ба номахраме сухан нагуфтаам, маро шал гуфт, ба он хотир, ки ба касе даст дароз накардаам, маро чулок барои он гуфт, ки аз хона берун набаромадаам.

Чун падар дар лукмаи худ эхтиёт кард ва модар покдоман ва пархезгор буд, аз ин падару модари Худотарс хазрати Худованд Имоми Аъзам рахматуллохро ба дунё овард, ки мову шумо дар мазхаби уйем ва сифати у ба таъриф рост намеояд.

Хикоят. Накл аст, ки Нух ибни Марям, козии шахри Марв буд. Уро духтаре буд, бузургони шахри Марв духтарро хостгори мекарданд, аммо кози хостгорхоро рад мекард. Вай мегуфт, ки ман духтарамро танхо ба чавони пархезгор медихам ва барои духтараш чавони муносиб мечуст. Харчанд чуст, хеч касро аз гуломи худ Муборак пархезгортар ва диндортар надид. Пас уро озод кард ва духтари худро ба гуломи худ никох карда дод.

Муборак то чил руз гирди духтар нагашт. Модари духтар аз он хол хабардор шуда, шикоят кард ва ба шавхараш гуфт:

-Духтари порсову покизаи худро ба гуломи худ доди. У бошад, хануз майле ба вай намекунад, ин чи кор буд, ки ту карди?

Козй Муборакро ба наздаш хонда гуфт:

-Эй Муборак, ту магар аз фарзанди ман ноз мекуни, ки ба у илтифоте надори?

Муборак гуфт:

-Эй козии мусалмонон, маро бо фарзанди шумо чи гуна ноз расад, аммо чун мансаби козиги ба шумост, метарсам, ки  ин духтар дар хонаи шумо лукмае хурда бошад, ки шояд щубханок бошад. Ман эхтиёт мекунам ва уро таоми халол мехуронам, то даруни вай пок шавад. Агар хак таоло фарзанде такдир карда бошад, шоиста ва босалох бошад.

Чун чил руз расо бигзашт, духтарро тасарруф кард ва чун у дар лукма эхтиёт ба чой оварда буд, Хак таоло ба у Абдуллохро насиб гардонд.

Абдуллох ибни Муборак ба чахор чиз дар хамаи руи замин монанд надошт, дар замони худ. Аввал ба илм, дуюм ба хилм, сеюм ба шучоат, чахорум ба саховат шухрат дошт. Хамин аст, ки хар кас кор аз барои Худо кунад, харгиз зиён накунад. Пас, бояд, ки шахси мусалмон аз барои дунёи мурдор шуда, фарзанди худро ба дасти нопокон надихад.

Дар ин мавзуъ суханхо бисёранд, лекин барои шахси бофахм хамин хам кифоя аст, чунки хазрати пайгамбар (с) гуфтааст, ки бехтарин сухан он аст, ки кутох бошад ва далолат ба максад кунад.

Аз Худованди карим хохони онем, ки хамаи мову шумopo тавфик дихад ва ба ин гуфтахо амал карданро арзони дорад. Омин.

Бигу одамиро назар кун дуруст,

Ки у аз чи шуд халк рузи нахуст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …