ВАКСИНАТСИЯ, барои ба вучуд овардани муковимати организм бар зидди беморихои сирояти гузаронидани хар гуна ваксинахо, анатоксин, гамма-глобулинхо ва зардобхои масуни. Максад аз В. ба даст овардани иммунитети фаъол ё ба муддати кутох аз ангеза ё захри он мухофизат кардани организм (тайёр кардани иммунитети гайрифаъол) мебошад.
Барои ба вучуд овардани иммунитети фаъол ба организми одам ваксина ё анатоксин мегузаронанд. Ваксинахо аз ангезахои мурда ё зиндаи заиф иборат буда, беморизо нестанд ва чавобан ба В. дар организм моддахои мухофизи махсус хосил мекунанд (онхоро подтан меноманд). Антоксинхоро тавассути формалин бо рохи безарар кардани захри микроб ба даст меоранд. Дар чунин маврид токсин (моддаи захрдор) захрнокии худро гум кунад, вале кобилияти сироятпазириро нигох медорад.
Ваксинахо ба пуст (ваксинаи зидди сил), зери пуст (домана ва г.), дохили мушак (сулфакабутак, хунок, кузоз), тавассути дахон (полиомиелит), бини (грипп) гузаронда мешаванд. Кабл аз В. каратхо (яккарата, дукарата ё секарата), фосилахои байни моягузарони ва меъёри ваксинаро ба назар мегиранд. Анатоксинхоро ба дохили пуст ё мушак мегузаронанд.
Муковимати фаъол баъди 1 – 3 хафтаи В. ба вучуд омада, моххо, хатто солхо боки мемонад. Барои ба даст овардани муковамати устувору доими дар баъзе холатхо баъди анчоми В. ба мухлатхои гуногун такроран моя мегузаронанд (реваксинатсия).
Кобилияти дар як вакт ба чанд бемории сирояти муковимат хосил кардани организмро ба назар гирифта аз мачмуи моядорухо (аз омехтаи чандин ваксинаю анатоксинхо иборатанд) истифода мекунанд. Ба В.-и хатми, ки дар вактхои муайян, сарфи назар аз вазъияти вогири (эпидеми) ба чо оварда мешавад, В.-и зидди беморихои сироятии бачахо (сурхча, сурфакабудак), сил, хунок, гулузиндонак, кузоз, полиомиелит ва г. мансубанд.
Дар як катор мавридхо В.-и хатми ахолии махалхои манбаи табиии туляремия, энсефалити канаи ва г.-ро низ дарбар хохад гирифт. В.-и зиддиэпидемиро дар сурати сар задани хавфи вогирии ягон бемори ба кор мебаранд (мас., грипп). Пеш аз В., одатан, муоинаи тибби анчом дода мешавад. Ба шахсони табашон баланд ва гирифтори беморихои музмин баъди шифо ёфтан моя мегузаронанд.
Дар натичаи В. аксуламали чузъи ва умумии организм рух намуда, чое, ки моя гузаронда шудааст (пуст, дохили пуст ва мушакхо) варам ва дард мекунад, кас бехол, табаш баланд мешавад.
Барои хосил кардани муковимати гайрифаъол ба организми одам зардоб ва гамма-глобулини масуни (моядорухое, ки чинсхои бегонаи мухофизи тайёр доранд) мегузаронанд. Чунин тарзи В. дар мавридхое, ки вазифаи мухофизати организмро ба зуди баланд бардоштан, ба ин ё он бемории сирояти муковимати муваккати ба вучуд овардан ё гаронии чараёни бемории сарзадаро суст кардан зарур аст, татбик мешавад. Зардобхои масуни ва гамма-глобулинхоро, одатан, барои хифзи саломатии одамоне истифода мекунанд, ки онхо ба беморони сироятнок нигохубин мекарданд. Ин дорухоро, маъмулан, ба дохили мушакхо мегузаронанд. Агар органзим ба ин дорухо хассосияти баланд надошта бошад, вокуниши баъди В. руй намедихад, ё руй дихад хам, нихоят суст аст.
Хамаи маълумот рочеъ ба В. дар дафтари таърихи инкишофи бачагон ва журнали махсуси калонсолон сабт мегардад. Волидон бояд хуб донанд, ки ба фарзанди онхо кадом навъи мояхо гузаронда шудаанд ва дар оянда боз кадом хелхои он ва кай гузаронда мешаванд. В.-хое, ки дар мухлатхои аз тарафи духтур муайяншуда амали мегарданд, самараи бештар меоранд.
В. яке аз воситахои мухими мубориза бар зидди амрози сирояти мебошад. Ба туфайли он мас., нагзак барин бемори вазнин бархам дода шудааст. Дар бисёр мамлакатхои дунё оид ба дарёфти ваксинахои нави самарабахш ва тарзи истифодаи онхо тадкикот мебаранд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …