Бинокорони шахтаи «Донбасси Ҷанубӣ» дар наздикии деҳаи Антоновкаи ноҳияи Марин устухонҳои ҳайвони калончуссаеро ёфтанд. Дандонҳои ашкӣ он 1.5 мстр аст.
Аз зери замин бо экскаватор пойҳо ва қабурғаи фил бароварда шуданд. Аз рӯйи устухонбандӣ фил будани ин ҳайвон маълум шуд, ки қади вай қариб 3 метр будааст. Бори аввал нест, ки дар вилояти Донетск устухонҳои ҳайвоноти қадимӣ ёфт мешаванд.