Главная / Илм / ТОРТАНАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ТОРТАНАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин ҷонвар навъҳои бисёр дорад. Вале дар тиб он чӣ дар гӯшаҳои хонаҳо торҳо метанад ва хона месозад, дар назар дошта мешавад. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он сард ва хушк аст.  Хислатҳои шифобахши он: тортанаки калони бофтааш сафедро бо равғани зайтун даромехта, дар гӯш чаконанд, дардаtortanak-300x225шро таскин медиҳад.

Тори танидаи тортанакро ба ҷароҳатҳое, ки хун аз онҳо ҷорӣ бошад, бигузоранд, хунро манъ мекунад ва ҷароҳатро низ ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Чун тори танидаи онро бо шилми пӯхтагии санавбар ба латтаи зағирпоягӣ молида, бар пешонӣ ва чаккаҳои сар бичаспонанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Инчунин танидаи тортанаки сафеди фарбеҳро дар пӯсте баста, ба сар ё ба бозу, ё ба гардани бемори таби рӯздармиёнгиранда банданд, табро дафъ мекунад.

Дар зери шиками тортанак ҳангоми бача додани он пардаи ғафсе мебошад, ки тухмҳояш дар он ҷой дода шудаанд. Чун бачаҳояшон болиғ гарданд, аз он парда берун мераванд. Ҳамон пардаро бар бозуи бемори таби дурӯздармиёнгиранда бибанданд, табро дафъ мекунад; чун ба узвҳое, ки хун аз онҳо равон бошад, банданд, хунро бозмедорад.

Агар тортанак ба узве молида шавад, обила мекунад, хориш меоварад, маҷрӯҳ мегардонад. Бинобар ҳамин онро на ба дарун истеъмолаш раво ва на бар бадан молиданаш ҷоиз аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …