Главная / Илм / ТОРТАНАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ТОРТАНАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин чонвар навъхои бисёр дорад. Вале дар тиб он чи дар гушахои хонахо торхо метанад ва хона месозад, дар назар дошта мешавад. Мизочи хамаи навъхои он сард ва хушк аст.  Хислатхои шифобахши он: тортанаки калони бофтааш сафедро бо равгани зайтун даромехта, дар гуш чаконанд, дардаtortanak-300x225шро таскин медихад.

Тори танидаи тортанакро ба чарохатхое, ки хун аз онхо чори бошад, бигузоранд, хунро манъ мекунад ва чарохатро низ ба хам оварда сихат мекунад. Чун тори танидаи онро бо шилми пухтагии санавбар ба латтаи загирпояги молида, бар пешони ва чаккахои сар бичаспонанд, таби дуруздармиёнро шифо мебахшад. Инчунин танидаи тортанаки сафеди фарбехро дар пусте баста, ба сар ё ба бозу, ё ба гардани бемори таби руздармиёнгиранда банданд, табро дафъ мекунад.

Дар зери шиками тортанак хангоми бача додани он пардаи гафсе мебошад, ки тухмхояш дар он чой дода шудаанд. Чун бачахояшон болиг гарданд, аз он парда берун мераванд. Хамон пардаро бар бозуи бемори таби дуруздармиёнгиранда бибанданд, табро дафъ мекунад; чун ба узвхое, ки хун аз онхо равон бошад, банданд, хунро бозмедорад.

Агар тортанак ба узве молида шавад, обила мекунад, хориш меоварад, мачрух мегардонад. Бинобар хамин онро на ба дарун истеъмолаш раво ва на бар бадан молиданаш чоиз аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …