Главная / Гуногун / Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. Ин тарзи истеҳсол дар заводҳои Форд дар солҳои 1912 – 1913 такмил дода шуд. Конвейер сифати маҳсулотро беҳтар, миқдори онро зиёд ва протсесси истеҳсолотро қулай гардонид.

Нерӯи барқ сол то сол дар саноат ва нақлиёт бештар истифода бурда мешуд. Гузариши истеҳсолоти соҳибкорию корчаллонӣ ба автоматӣ ва хатҳои пайдарпай тақозо кард, ки генератор сохта шавад. Дар соҳаи барқ Э. Г. Грамм. Ф. Хефнер, Ал гемек. М. Депре ва дигарон кор карданд. Дар асоси тадқиқоти онҳо барқгоҳи аввалин сохта шуд.

3_zheleznaya_loshad

Дар миёнаи солҳои 80-ум ихтироъкорони немис Г. Даймлер ва К. Бенте типи нави ҳаракатдиҳандаи дарунсӯзро кор карда баромаданд, ки он бо бензин кор мекард. Ин ҳаракатдиҳанда дар нақлиёти берелс истифода бурда мешуд. Олими немис Р. Давал ҳаракатдиҳандаи нави дарунсӯзро сот, ки он ба сӯзишвории вазнини моеъ кор мекард. Саноати бо суръати тез тараққикунанда ва махсусан сохтмони роҳҳои оҳан маъдани зиёдро талаб мекарданд. Барои ҳамин коркарди маъданро такмил додан лозим меомад. Дар баробари такмили истеҳсоли мартенӣ ва бессемерни маъдан усули нави конвертории онро ихтироъкорони англис С. Ч. Томас ва П. Ҷ. Илкрист кор карда баромаданд. Маъдангудозон бо ин усул аз маъдан сулфур ва фосфорро ҷудо мекарданд. Ин кор имконият медод, ки маъдани зиёдтар истеҳсол карла шавад.

Дар даҳсодаҳои охири асри XIX олими рус И. Л. Кондаков бо роҳи махсус моддаи каучукро ба вуҷуд овард.

Дар ИМА дар нақлиёти роҳи оҳан “Системаи СБС” (сигнализатсия, блокировка, сентрализатсия ба забони тоҷикӣ: хабардиҳӣ, марказонидан ва боздорӣ) сохта ба истифода дода шуд, ки он ҳаракати поездҳоро бехавфтар гардонид. Дар нақлиёти роҳи оҳан ва кӯпруксозӣ пӯлод оҳанро танг карда баровард.

Соли 1891 дар Лондон радиуси аввалини метрои дар сатҳи чуқур сохташуда ба кор даромад. Ин намуди нави нақлиёт рӯз то рӯз зиёдтар мешуд.

Дар солҳои 90-ум дар ИМА, Швейсария, Германия, Италия, Англия роҳҳои оҳани барқии наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ сохта ба истифода дода шуданд. Тепловози аввалине, ки бо сӯзишвории дизели кор мекард ва суръати ҳаракаташ дар як соат 100 км буд, ба роҳ баромад.

Ба вуҷуд омадани нақлиёти автомобили низ ба ҳамин давра рост омад. Дар солҳои 80-ум Г. Даймлер мотосикли дучарха ва К. Бенс автомобили сечарха сохтанд. Бо ҳамин намуди нави нақлиёт тавлид ёфт.

Дар солҳои 90-ум падару писар Дамлонҳои швейсарӣ дар автомобил чархҳои резиниро истифода бурданд. Ба истеҳсоли оммавии автомобил бошад, саноатчии америкоӣ Г. Форд асос гузоштааст. То оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, дар зарфи 30 сол, дар ҷаҳон 2 миллион автомашина истеҳсол карда шуда буд.

Нақлиёти обӣ ва ҳавопаймо ҳам тараққӣ кард. Ба киштисозон муяссар гардид киштиҳое созанд, ки ғунҷоишашон калон бошад ва бори зиёдеро аз як ҷой ба ҷой дигар кашонида тавонанд, барои зарурати ҳарбӣ ҳам киштиҳои бузургҳаҷм сохта мешуданд. Дар соҳаи ҳавопаймоӣ тадқиқоти олимони рус. К. Э. Сиолковский, Н. Е. Жуковский ва дигарон аҳамияти калон доштанд. Соли 1884 А. Ф. Можайский бо самолёте, ки ҳаракатдиҳандаи буғӣ дошт, парвоз кард. Самолётеро, ки бо ҳаракатдиҳандаи бензинӣ кор мекард, америкавиҳо бародарон Райтҳо сохтанд.

Аввали соли 1876 ду нафар ихтироъкори америкавӣ А. Г. Белл ва И. Грей телефонро сохтанд. Баъд аз он ки соли 1878 аз тарафи Т. А. Эдисон микрофон ихтироъ карда шуд, телефон дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид.

Радиоалоқа ба кор даромад. Ба сохтани асбобҳои аввалини барқӣ низ ибтидо гузошта шуд. Нерӯи барқ барои равшан кардани хонаҳо ҳам истифода бурда мешуд. Дастгоҳи фонографӣ ва кинематографӣ ихтироъ карда шуд. Дар кишоварзӣ истифодаи тракторҳо оғоз ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …