Главная / Маданият ва санъат / Ба коркард тайёр кардани ҷузҳои буридашуда

Ба коркард тайёр кардани ҷузҳои буридашуда

Технологияи коркарди маснуотро дида мебароем. Он талаботҳои ба худ мувофиқро дорад. Тайёр намудани пораҳо ба дӯхтан. Пораҳоро аввал бо сӯзан ба воситаи гиреҳи оддӣ, баъд бо мошини дарздузӣ дӯхтан лозим аст.

Ҳангоми дарздӯзии мошин шартҳои зеринро ба инобат бояд гирифт:

  1. Дарзҳои дастӣ бояд бо кӯкҳои баробар дӯхта шаванд.
  2. Дарзҳои мошинӣ бояд аз паҳлӯи дарзҳои дастӣ (назар ба рӯ) рост ва шинаму зебо иҷро карда шаванд.
  3. Пас аз иҷрои ҳар дарз, онро дарзмол кардан лозим аст.
  4. Дӯхтани маснуот, дарзмол кардани он. Пораҳои тайёршуда бо тартиб пайваст мешаванд. гиреҳҳои дастиро канда, маснуотро дарзмол мекунем.
  5. Баъди иҷрои кор онро месанҷем. Маснуот бояд мувофиқи намуна хушнамуд, қисмҳои ҷуфташ баробар ва дуруст ҷой гирифта бошанд. Баъди дарзмол ягон ҷои қат набояд бошад.
  6. Дар вақти дӯхтани гиреҳҳои дастӣ, захми чокҳо бояд рост ва дар масофаи муайян аз ҷои буриш ва ҷои қати матоъ, кунҷҳои ҷои буриш бояд ҳамвор бошад, гиреҳҳои нусхагирӣ ва сӯзанакҳо бояд баъд аз гиреҳҳои дастӣ гирифта шавад, баъди дарзҳои мошинагӣ кӯкҳои дастӣ бояд гирифта шавад.

Асбобу анҷоми корӣ: куттии корӣ (сӯзан, ришта, қайчӣ, ҷадвал, ченактасма, сӯзанак, бӯр, ангушпона) рӯймол ва тисма 1 м. ё лентаи ороишӣ

duzanda-duxtar-libos-qaychi

 Тартиби иҷрои кор

1 Хатҳои буриши ду тарафи кунҷи рост бо дарзи оддӣ дӯхта мешаванд. Ҷои буриши рости сарбандро (рӯймол) аввал 0,5 см ба тарафи чап қат карда, кӯк мекунем. Баъд аз тарафи чап боз 0,8 см- 1 см қат карда, кӯк мекунем ва дарзмол намоем.

2 Қисми зиёдатии матоъро аз нӯгҳои тези сарбанд бурида мепартоем.

3 Аз тарафи чаи матоъ бо бӯр 1 см хат кашида, аз ҷои буриш миёнаҷои онро муайян мекунем.

4 Аз ҷои буриши рўймоли сарбанд 1 см гузошта, аз тарафи чапааш бо бӯр хат мекашем. Миёнаҷои тасмаро ёфта бо бӯр ё қалам нишона мегузорем.

5 Лента (тисма) –ро ба тарафи чапи рӯймол чунон мегузорем, ки канори лента қад-қади хати кашидашуда ҷойгир шавад ва миёнаш бо ҷои нишона карда мувофиқ ояд. Баъд бо даст кӯк мекунем.

6 Аз канори лента 0,1-02 см гузошта, бо мошинаи дарздӯзӣ дӯхта, охири чокро маҳкам мекунем. Кӯкҳои дастиро меканем. 7 Лентаро аз тарафи рости рӯмол қат карда, аввал дастӣ кӯк мекунем, баъд бо мошин медӯзем ва дар охир кӯкҳои дастиро мекунем.

8 Ҷои коркардашударо дарзмол мекунем.

9 Охирҳои лентаро қат карда, бо чоки ноаён дастӣ медӯзем.

10 Кӯкҳои дастиро канда, рӯймоли тайёршударо дарзмол мекунем.

Худсанҷишӣ:

1.Ба сифати чокҳои тарафҳои рӯймол назар кунед.

2.Симметрӣ будани тарафҳои рӯймол.

3.Сифати коркардани нарми маснуот.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …