Главная / Маданият ва санъат / Ба коркард тайёр кардани чузхои буридашуда

Ба коркард тайёр кардани чузхои буридашуда

Технологияи коркарди маснуотро дида мебароем. Он талаботхои ба худ мувофикро дорад. Тайёр намудани порахо ба духтан. Порахоро аввал бо сузан ба воситаи гирехи одди, баъд бо мошини дарздузи духтан лозим аст.

Хангоми дарздузии мошин шартхои зеринро ба инобат бояд гирифт:

  1. Дарзхои дасти бояд бо кукхои баробар духта шаванд.
  2. Дарзхои мошини бояд аз пахлуи дарзхои дасти (назар ба ру) рост ва шинаму зебо ичро карда шаванд.
  3. Пас аз ичрои хар дарз, онро дарзмол кардан лозим аст.
  4. Духтани маснуот, дарзмол кардани он. Порахои тайёршуда бо тартиб пайваст мешаванд. гиреххои дастиро канда, маснуотро дарзмол мекунем.
  5. Баъди ичрои кор онро месанчем. Маснуот бояд мувофики намуна хушнамуд, кисмхои чуфташ баробар ва дуруст чой гирифта бошанд. Баъди дарзмол ягон чои кат набояд бошад.
  6. Дар вакти духтани гиреххои дасти, захми чокхо бояд рост ва дар масофаи муайян аз чои буриш ва чои кати матоъ, кунчхои чои буриш бояд хамвор бошад, гиреххои нусхагири ва сузанакхо бояд баъд аз гиреххои дасти гирифта шавад, баъди дарзхои мошинаги кукхои дасти бояд гирифта шавад.

Асбобу анчоми кори: куттии кори (сузан, ришта, кайчи, чадвал, ченактасма, сузанак, бур, ангушпона) руймол ва тисма 1 м. ё лентаи ороиши

duzanda-duxtar-libos-qaychi

 Тартиби ичрои кор

1 Хатхои буриши ду тарафи кунчи рост бо дарзи одди духта мешаванд. Чои буриши рости сарбандро (руймол) аввал 0,5 см ба тарафи чап кат карда, кук мекунем. Баъд аз тарафи чап боз 0,8 см- 1 см кат карда, кук мекунем ва дарзмол намоем.

2 Кисми зиёдатии матоъро аз нугхои тези сарбанд бурида мепартоем.

3 Аз тарафи чаи матоъ бо бур 1 см хат кашида, аз чои буриш миёначои онро муайян мекунем.

4 Аз чои буриши руймоли сарбанд 1 см гузошта, аз тарафи чапааш бо бур хат мекашем. Миёначои тасмаро ёфта бо бур ё калам нишона мегузорем.

5 Лента (тисма) –ро ба тарафи чапи руймол чунон мегузорем, ки канори лента кад-кади хати кашидашуда чойгир шавад ва миёнаш бо чои нишона карда мувофик ояд. Баъд бо даст кук мекунем.

6 Аз канори лента 0,1-02 см гузошта, бо мошинаи дарздузи духта, охири чокро махкам мекунем. Кукхои дастиро меканем. 7 Лентаро аз тарафи рости румол кат карда, аввал дасти кук мекунем, баъд бо мошин медузем ва дар охир кукхои дастиро мекунем.

8 Чои коркардашударо дарзмол мекунем.

9 Охирхои лентаро кат карда, бо чоки ноаён дасти медузем.

10 Кукхои дастиро канда, руймоли тайёршударо дарзмол мекунем.

Худсанчиши:

1.Ба сифати чокхои тарафхои руймол назар кунед.

2.Симметри будани тарафхои руймол.

3.Сифати коркардани нарми маснуот.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …