Главная / Биология / ТАЪРИХИ ОМЎЗИШИ ҲАЁТ

ТАЪРИХИ ОМЎЗИШИ ҲАЁТ

 

Дар бораи пайдоиши ҳаёт ва мавқеи одам дар байни организмҳои зинда фарзияҳои зиёд вуҷуд доранд. Оид ба ин масъала ҳанўз аз давраҳои қадим ду ақидаи ба ҳам мухолиф мавҷуд аст.

Мувофиқи яке аз онҳо зинда аз ғайризинда бо роҳи абиогенӣ пайдо шудааст. Ақидаи мазкур дар илм бо номи абиогенез маълум аст. Ақидаи дигар биогенез ном дошта, исбот мекунад, ки ҳаёт худ аз худ пайдо намешавад. Бино ба он ақида, ҳаёт ҳамон қадар қадима аст, ки

материяи ғайризинда ҳаст. Атрофи ин ду ақида дар тамоми таърихи инсоният баҳсу мунозираҳо идома доранд.

Ақидаҳои ҳозира имкон медиҳанд, ки ин баҳсу мунозираҳо дар заминаи илмӣ сурат гиранд ва бо роҳи абиогенӣ пайдо шудани ҳаёт

асоснок карда шавад. Бо чунин роҳ омилҳои ба материяи зинда табдил ёфтани материяи ғайризинда, ҳамчунин, эволютсияи моддаҳоеро, ки ба пайдоиши ҳаёт мусоидат кардаанд, муқаррар сохтан мумкин аст.

Инчунин кобед

699999

Мардум дар оростани хони идона набояд ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси …