Главная / Илм / Таърихи тараққиёти компютер

Таърихи тараққиёти компютер

Калимаи «компютер» маънои «ҳисоббарор»-ро дорад, яъне асбоб барои ҳисоб намудани ягон амал.

Талабот барои коркарди автоматии маълумотҳо ва ҳисобкунӣ ниҳоят барвақт ба вуҷуд омада буд. Соли 1642 риёзии франсавӣ Блез Паскал асбоберо ихтироъ кард, ки амали ҷамъро ба таври механикӣ иҷро мекард ва соли 1673 Вилгелм Лейбнис чархи ҳисоббарорро ихтироъ намуд, ки вай фақат чор амали арифметикиро иҷро мекарду халос. Соли 1812 ин чарх аз тарафи механики петербургӣ Однер мукаммал карда шуда, номи арифмометрро гирифт. Арифмометри Однер то солҳои 60-уми асри XX яке аз ҳисоббарорҳои беҳтарин ба шумор мерафт.

Дар нимаи аввали асри XIX математики англис Чарлз Беббиҷ идеяи сохтани мошинаи таҷзиявии (аналитикӣ) универсалиро пешниҳод намуд,  ки ин мошин ҳисоббарориро бояд бе ҳузури инсон иҷро мекард.

Ба ин иқдом вай бояд барномаҳоеро иҷро мекард, ки ин кор бо ёрии перфокартаҳо дохил карда мешуданд. Чарлз Беббиҷ ин корро то охир ба сомон расонида натавонист, чунки дастовардҳои техникии он замона ба ин имкон намедоданд. Вале ин идеяи Чарлз Беббиҷ ниҳоят бузург буд ва роҳнамои дигар мутахассисон гардид.

Соли 1943 яке аз олимони амрикоӣ Говард Эйкен асоси идеяи Беббиҷ ва дастовардҳои техникии асри XX-ро истифода бурда, дар яке аз ширкатҳои IBM мошини “Марк-1”-ро сохт. Айнан ҳамин гуна мошинро муҳандиси олмони Конрад Суз соли 1941 дар асоси идеяи Беббиҷ сохта буд. Кормандони ҳарбӣ ба ин мошинҳо мароқи зиёд зоҳир намудаву ва гурўҳи олимонро ба сохтани чунин мошинҳо роҳнамоӣ карданд.

Аз соли 1943 cap карда, гурўҳи мутахассисони амрикоӣ дар

зери роҳбарии Моучли ва Эккерт мошини электронии   ҳисоббарори ENIAC-po дар асоси лампаҳои электронӣ сохтанд. Ин МЭҲ ҳазор маротиба аз Марк-1 тезтар кор мекард. Соли ихтирои МЭҲ,  1946 буда, бо номи муҳандисони номбурда тааъллуқ дорад. Соли 1945 математики машҳур Ҷон Фон Нейман маърўза тайёр кард ва онро ба мутахассисон пешниҳод намуд.

Компютери аввалине, ки дар он принсипи Нейман татбиқ гашт соли 1949 аз тарафи муҳаққиқи англис Морис Уилкс сохта шуда буд.

Компютерҳое, ки дар асоси принсипи Нейман кор мекарданд, бояд универсалӣ ва самаранок мебуданд. Пеш аз ҳама компютер аз дастгоҳҳои зерин бояд иборат бошад; “дастгоҳи мантиқӣ-арифметикӣ (амалҳои мантиқӣ ва арифметикиро иҷро мекунад) «дастгоҳи идоракунанда» (ин асбоб рафти иҷрои барномаро идора мекунад), «дасттоҳи дар хотир нигоҳдоранда ё хотира» (барои нигоҳдории барнома ва маълумотҳо), «дастгоҳи беруна» (барои дохил ва хориҷ намудани ахбор). Хотираи компютер аз якчанд ҳавзаи (ячейка) рақамгузори шуда иборат аст, ки дар ҳар кадоми онҳо маълумотҳо ва дастурамал барои барнома мавҷуд аст.

Ба кори компютер чунин баҳо додан мумкин аст. Пеш аз ҳама бо ёрии ягон хел барнома ё таҷҳизот ахбор ба хотираи компютер дохил карда мешавад. Таҷҳизоти идоракунанда мавҷудоти ҳавзаи хотираро мехонад ва иҷрои онро таъмин менамояд. Таҷҳизоти арифметикӣ, амалҳои арифметикӣ ва мантиқиро ба ҷо меорад. Чун қоида, баъди иҷро шудани ягон фармон, фармони навбатӣ иҷро мешавад. Ин тартиб бо ёрии фармонҳои идоракунанда тағйир дода мешавад. Ҳамин тавр, таҷҳизоти идоракунанда дастуруламали барномаро автоматӣ иҷро мекунад, ки инсон бо вай дахолат намекунад. Хусусияти хоси компютерҳои ҳозиразамон аз он иборат аст, ки таҷҳизоти арифметикӣ-мантиқӣ ва идоракунандаро бо номи протсессор муттаҳид мекунад. Компютерҳои фардии бисёрпротсессора низ мавҷуданд.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayora-olim

Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею

Савол: Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею маҳз Титан …