ТАҶНИС

Таҷнис калимаи арабист, маънои луғавиаш ҳамҷинс кардан мебошад. Дар илми бадеъи классикӣ яке аз санъатҳои маънавӣ ва лафзиро гўянд. Шарти асосии ин санъат он аст, ки шоир ё нависанда дар осори худ калимаҳоеро кор мефармояд, ки аз ҷиҳати шаклу талаффуз монанд ё якхелаанду аммо аз ҷиҳати маъно гуногун.

Мисол:
Тори зулфатро ҷудо машшота221 гар аз шона кард,
Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард.
( Хусрав)

Чи тавре ки мебинед, дар байти боло калимаи «шона» ба ду маъно омадааст. Дар мисраъи аввал «шона» ба маънои асбоби зиннати мўй, аммо дар мисраъи дуюм «шона» ба маънои китф кор фармуда шудааст. Дар илми забоншиносӣ таҷнисро омоним мегўянд.
Таҷнис аз ҷумлаи санъатҳои бадеъист, ки ҳам ба гурўҳи санъатҳои маънавӣ ва ҳам ба гурўҳи санъатҳои лафзӣ дохил мешавад. Агар дар миёни рукнҳои таҷнис, яъне калимаҳои ҳамҷинс муносибати маъноӣ мушоҳида шавад, онро таҷниси маънавӣ меноманд.

Мисол:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Дар таҷниси лафзӣ фақат муносибати лафзии рукнҳоитаҷнис, яъне калимаҳои таҷнис мешаванду халос.
Адабиётшиносони гузашта таҷнисро ба ҳафт навъ ҷудо кардаанд:

  1. Таҷниси том. Ин навъи таҷнис чунон аст, ки шоир дар шеъри худ як калимаро ба ду маънӣ кор мефармояд, мисли калимаи «шона» дар байти боло.
  1. Таҷниси мутарраф. Ин навъи таҷнис аз анвоъи таҷниси маънавӣ буда, шоир ё нависанда ҳангоми баён сухане меорад, ки маънои мухолиф дорад. Дар ин навъи ифода маълум намешавад, ки мақсади гўянда кадом аст. Таҷниси мутарраф аз рўи хусусияти худ ба санъати иҳом хеле наздик аст.

Мисол :
Дид чун меҳроби абрўи бўтони ишваноз,
Ҷои он дорад, ки шайхи шаҳр бигзорад намоз.
(Салмони Соваҷӣ)

Аз ибораи «намоз бигзорад» ду маънои эҳтимолӣ берун меояд, ки яке он ки адои намоз кунад, яъне намоз хонад, дигар он ки намозро тарк кунад, яъне аз намозхонӣ даст кашад. Таҷниси мутарраф дар китобҳои бадеъ бо номи мўҳтамилуззидайн низ маълум аст.

  1. Таҷниси зоид. Ин низ яке аз навъҳои таҷниси лафзӣ буда, шоир ё нависанда дар осори худ ба калимаи ҳамҷинс як ҳарф илова мекунад. Мисли нол-нола, паймон-паймона, ном-нома, бод-бода ва ғайра.

Мисолаш :
Ҳофизи хилватнишин дўш ба майхона шуд,
Аз сари паймон гузашт, бар сари памона шуд.
(Ҳофиз)

Мисоли дигар:
Шудаст коми ту бар комаи ато сурат,
Шудаст номи ту бар номаи зафар унвон.
(Унсурӣ)

  1. Таҷниси ноқис. Ин низ яке аз навъҳои таҷниси лафзист. Шоир ё нависанда дар таълифоти худ калимаҳои ҳамҷинсеро ба кор мебарад, ки дар таркиби овозии онҳо ҳарфҳои ҳамсадо мувофиқ омада, садонокҳои кўтоҳ фарқ мекунанд. Мисли калимаҳои: дурд-дард, бурд-бард, дурахшон-ду рахшон ва ғайра.

Мисол:

Дўшина, ки бурди бард бар дўшам буд,
Сармо чу арўси нав дар оғўшам буд.

(Урфӣ)

Дар ин байт калимаҳои «бурд» (матоъ) ва «бард» (сармо,\ хунукӣ) таҷниси ноқисанд. Ҳарду калима дар хатти арабӣяк хел навишта мешаванд, вале дар талаффуз садонокҳои онҳо фарқ менамоянд.

Мисоли дигар:
Мард он бошад, ки бахшад симу зар дар зиндагӣ, Симу зар суде надорад он замон, ки мард мурд.

  1. Таҷниси хат. Таҷниси хат низ аз авоъи таҷниси лафзӣ буда, ба алифбои арабӣ сахт вобастагӣ дорад. Ин навъи таҷнис чунон аст, ки шоир ё нависанда калима ё ибораи ҳамҷинсеро ба кор мебарад, ки дар хат (навиштан) ва талаффуз

аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, дар хатти арабӣ калимаи сад ба маънои шумора бо ҳарфи сод, аммо сад (д) ба маънои монеъа, девор бо ҳарфи син навишта мешавад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ чанд ҳарф шакли якхела дошта, фақат ба воситаи нуқтаҳо фарқ мекунанд. Ин навъи таҷнис дар алифбои имрўза пурра ошкор карда намешавад, зеро дар хатти кириллӣ хондану гавиштан фарқ надорад. Инчунин, байни калимаҳои «маскан» ва «машкан» таҷнис ба вуҷуд омадааст. Сабаб он аст, ки дар алифбои арабӣ тафовути ҳарфҳои «с» ва «ш» танҳо дар нуқта аст.

Диламро шуд сари зулфи ту маскан,
Бад-он сонаш фурў магзору машкан.

(Ҳофиз)

Илова бар ин, дар каломи шоир ба такрор омадани як ҳамсадои охири калимаҳоро низ таҷниси хат номидаанд. Масалан, дар қитъаи зер ҳамсадои «л» ва «т» сабаби ҳамҷ инсии калимаҳои мисраъи аввал гардидаанд:

Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт
Бодат андар ҳар ду гетӣ барқарору бардавом.
Сол хуррам, фол некў, мол вофир, ҳол хуш,
Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.

(Муъиззӣ)

  1. Таҷниси мукаррар ё муздаваҷ. Таҷниси мукаррар ҳам аз навъҳои таҷниси лафзист. Ин навъи таҷнис чунон аст, ки шоир ё нависанда дар охири каломи хеш калимаҳои ҳамҷинсро паиҳам меорад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки гўё як калима ду бор такрор шудааст, дар асл ҳар кадом аз ҷиҳати маъно аз ҳам фарқ мекунад. Масалан, дар байти зер калимаи «ҳазор»-и якум ба маънои булбул «ҳазори»-и дуюм ба маънои шумора, дар мисраъи дуюм бошад калимаи «нигор»-и аввал ба маънои дилбар, нигори сонӣ ба маънои нақшу сурат омадааст:

Агарчи ҳаст гулатро чу ман ҳазор ҳазор,
Маро ба даст наояд чу ту нигор нигор.
(Салмони Соваҷӣ)

Илова бар ин, гоҳе шоирон дар ашъори худ аввал шакли пурраи калима ва баъд нисфи онро такроран меоранд, ки ин низ яке аз шаклҳои таҷниси мукаррар ҳисобида мешавад. Ғазали поёнӣ намунаи беҳтарини таҷниси мукаррар буда, калимаҳои «ағёр-ёр» , «хунбор-бор», «бозор-зор», «но-чор-чор», «тотор-тор», «ғамхор-хор»-и байти матлаъ ва мисраъҳои ҷуфти ғазал хусусияти ҳамҷинсӣ пайдо кардаанд:

Ёри сангиндил чу шуд бо мардуми ағёр ёр,
Ай дили шўрида, сел аз дидаи хунбор бор.
Ҷони ширинро ба савдо додию судат набуд,
Чанд чун Фарҳод гардӣ бар сари бозор -зор.
Чораи кори ман он буд, чун намесозад ба васл,
Сабр бошад ин дили шўридаро ночор чор.
Мурғи ҷонам то ба доми зулфи мушкинат фитод,
Рўзи ман шуд бар мисоли нофаи тотор тор.
Ман, ки ғамхори туам умре, нигорро, ай аҷаб,
Мешуморат муддаъӣ дарди мани ғамхор хор
Лоҷарам ҳамчун Ризо саргаштаи ў то абад,
Ҳар киро дил шуд шикори ғамзаи тотор тор.

Баъзан шоирон дар байни калимаҳои ҳамҷинс калимае ҷой дода, таҷниси мукаррар сохтаанд. Мисли рубоии зер, ки дар байни калимаҳои ҳамҷинс калимаи «ту» омадааст.

Афтод маро бо дили маккори ту кор,
Афганда дилам дар ин ду гулнори ту нор.
Ман монда хиҷил ба пеши гулзори ту зор,
Бо ин ҳама дарду чашми хунхори ту хор.

  1. Таҷниси мураккаб. Таҷниси мураккаб низ аз анвоъи таҷниси лафзист. Дар ин навъи таҷнис шоир ё нависанда калимаҳои ҳамҷинсеро ба кор мебарад, ки яке аз онҳо содда, дигаре мураккаб ё таркибист. Ҳарду калима ба ҳам мо-

нанду дар талаффуз наздик бошанд ҳам, дар навишт аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, дар байти зер калимаи «тобанда» ба маънои дурахшанда ва калимаҳои «то банда» ба маънои мутеъ ва гирифтор ба вазифаи таҷниси мураккаб омадаанд:
Хуршед, ки нури дидаи офоқ аст,
Тобанда нашуд пеши ту, то банда нашуд.

Мисоли дигар:
Моҳазар220 нест ба бозор сивои221 манту,
Гушна мондӣ агар имрўз ба ҷои ман ту.

Дар байти зер, ки аз ғазали Ҳофиз аст, таркиби «даст гир» ва калимаи «дастгир» дар алифбои имрўзаи мо ду хел навишта мешавад, аммо дар ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ навишти онҳо аз ҳам фарқ намекунад:

Касеро, ки дастат расад, даст гир,
Ки фардо ҳамон бошадат дастгир.

Таҷнис ҳамчун санъати лафзӣ дар эҷодиёти шоирони адабиёти гузашта хеле машҳур буд. Шоири асри Котибии Туршезӣ маснавие дорад бо номи «Даҳ боб». Дар ҳар байти маснавӣ санъати таҷнис омадааст ва ба ҳамин сабаб, бо номи «Таҷнисот» низ машҳур аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Маъноҳои луғавӣ ва истилоҳии таҷнисро шарҳ диҳед.
  2. Таҷнис чанд навъ мешавад?
  3. Таҷниси маънавӣ чист?
  4. Таҷнисро дар илми забоншиносӣ чӣ меноманд?

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор яке аз шоиронва нависандагони бузурги давраи охири Эрон мебошад. Адабиётшиносон ўро «яке аз ситорагони тобони осмони адаби Эрон» мешуморанд.

Баҳор як умр барои мудофиаи ҳуқуқи халқи худ, бароихалосии вай аз чанголи истисморгарони дохилӣ ва империалистони хориҷӣ, барои ба зиндагонии осуда, озод ва маданӣ расонидани мардуми ватанаш мубориза бурдааст. Баҳор яке аз насрнависони барҷастаи замони худ буда, дарэҷоди насри нави сода ва фаҳмо яке аз арбоби пешқадамиматбуоти Эрон будааст. Вай бо асарҳои илмии худ ба омў
зиши забону адабиёти форс ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Баҳор бо шеърҳои худ ба муқобили зўроварони замона ва ба тарафдории халқи худ ҷидду ҷаҳд кардааст.
Муҳаммад Тақии Баҳор соли 1886 дар шаҳри Машҳад дароилаи шоири машҳури Хуросон Маликушшуаро Муҳаммад Козими Сабурӣ ба дунё омад. Ҳанўз дар айёми наврасӣ истеъдод ва завқи шоириаш маълум гаштааст. Ў аввалин шеър
ҳояшро ба падараш нишон дода, нахустин дарси шеърнависиро аз падараш гирифтааст. Ў донишҳои замони худро дар пеши устодони машҳури Хуросон аз худ карда ҳанўз дар ҳаждаҳсолагиаш ба қасидасароӣ шуғл варзидааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …