Главная / Маданият ва санъат / Баёни мухтасари мазмуни баъзе сураҳои Қуръони карим аз рўи тафсирҳо /сураи ан – Нисо/

Баёни мухтасари мазмуни баъзе сураҳои Қуръони карим аз рўи тафсирҳо /сураи ан – Нисо/

Бисмиллоҳи -р – Раҳмони – р – Раҳим. Даъват мешавад, ки «эй мардумон аз он Парвардигоратон битарсед, шуморо аз яке касс ва аз он касс зани ўро офарид.»

Ояти 2 чунин шуморад, ки хўрдани моли ятим, табдили ин ё хиёнат дар он, назди Худои таъоло гуноҳи азим аст. Ва ин оят дар шаъни шахсе аз қабилаи Ғатафон нозил шуда, ки ў моли бародарзодаашро мутасарриф шуд, ба дастовард ва дар доданаш тааммул мекард. Мурофиаи эшон баргузор шуд ва ў тамоми моли бародарзодаашро пас гардрнд. («Тафсири Ҳусейн», с.125).

«Агар донед, ки дар ҳаққи духтарони ятим наметавонед адл кардан, пас никоҳ кунед, он ки хуш яод шуморо аз соири занон ду-ду, се-се, чаҳор-чаҳор, агар дар ин сурат ҳам беадолатӣ шавад, пас якеро ба никоҳ дароред»/ «Тафсири Ҳусайнӣ», с. 125/. Сипас, оятҳое чанд ба парҳезгорӣ ва даст кашидан аз хўрдани моли ятимон ва баргардонидани меросе, ки ба онҳо монда шудааст, даъват мекунад.

surai-niso

Дар ҷоҳилият арабҳо одат буд, ки занон ва хурдсолон ҳаққи мерос надоштанд.Ҳаққи кассе дошт, ки дар ҷангу набард иштирок карда тавонад.

То ҳиҷрати ҳамад /с/ ин қонун ҷорӣ буд, то рўзи вафоти Авс ибни Сомит, ки занаш назди пайғамбар /с/ омад ва арз кард, ки моли аз шавҳараш мондаро, писарамакҳояш гирифтанд ва ман се фарзанди ноболиғ дорам.

Чун Муҳаммад /с/ аз онҳо пурсуҷў кард, онҳо ин ҳақро мувофиқии одати ҷоҳилият дуруст шумориданд ва ин оят дар бораи ҳаққи хурдсолон ва занон ба мерос нозил шуд/”Тафсири Ҳусайнӣ’ .с. 126/.

Ба ҳукми тафсир онҳое, ки ситам карда нони ятимон хўрдаанд, рўзи қиёмат аз даҳону бинии онҳо оташ фаввора зада мебарояд. Дар он рўз аз Муҳаммад /с/ мепурсанд, ки киянд онҳо. Муҳаммад /с/ ҷавоб диҳад, ки магар нашунидед, ки гўянд онҳо моли ятим хўрданд /'”Тафсири Ҳусайнӣ”, с. 127/. Тақсими мерос дар оят ба ин ваҷҳ аст: ҳаққи як мард баробари ду зан, агар ду зан меросхўр бошанд, ду қисми мерос ба онҳо расад, агар як зан бошад, ўро ҳақ нисфи матрукаи мутаваффӣ аст, ба падару модари маит ҳиссае аз шаш яке мерос бошад, агар маитро фарзанд бошад ва агар фарзанд набошад, модари ўро сеяк ҳак бошад ва боқӣ ба падар расад ва агар бародарони модарӣ ва падарӣ бошад ё баъзе модарӣ, баъзе падари, пас барои модарӣ шашяк ҳақ бошад. Ин насибоҳо аз мерос фарз аст.

Мардеро, ки волидайн надорад ва ба ў авлод нест, ё зане буд калола, вале бародари модарӣ ва хоҳари ўро бошад, пас ҳар якеро шашяки ҳисса расад аз меросм калола: муазаккар /мард/ дар ин сурат ба муаннас /зан/ яксон аст. Онро авлоди модар аз як бародару як хоҳар бештар бошад, пас онҳо сарфи назар аз марду зан буданашон ҳисса гиранд аз сеякм мерос баъди адои васияте, ки мурда пеш аз марг карда бошад.

Агар аз занон кассе зино кунад, бояд гуноҳи ў бо гувоҳии чоҳор мард тасдиқ шавад, он вақт ў зиндонӣ ва ба марг маҳкум гардад. «Кассе аз шумо зино мекунад: озор диҳед онҳоро, то ин ки тавба кунанд ва накўкориеро пеша гиранд» /Оятҳои 15-16,/ «Тафсири Ҳусайнӣ», с. 136/.

Тавбаи мунофиқон, ки қабули ислом бошад, ҳангоми марг қабул нест.

Ҳабси занон дар хона дар ислом бекор карда шуд. Дар давраи ҷоҳилият арабро одат буд, ки кассе мемурад ва занаш мемонд, писарони он касс зани зани дигараш, хешу таборони мард ё кассе, ки ҳақи мерос дошт, ҷома дар сари он зан меандохтанд ва ба ин амал ўро дар тасаруфи худ медароварданд.

Мехост, ўро ба никоҳи худ медаровард ва ё ба каси дигар ба шавҳар медоду маҳри муаҷҷалро худ мегирифт, ё ин ки аз тазвиҷ манъ мекард, дар хона маҳбус медошт, то ҳар меросе, ки аз мутаваффӣ ба ў монда буд, ба даст медаровард ва агар зан қалб аз андохттани ҷома ба аҳди худ мепайваст, вориси мутаваффӣ ба ў дигар надошт. Дар давраи аввали ислом низ ҳамин қонун риоят мешуд, то вақте ки Абў Қайс Ансорӣ яке аз саҳобаҳо /р/ вафот кард ва зани ў Қубайсаро писари Ансорӣ /р/, ки аз зани дигар буд, ба тасарруфи худ даровард ва ба ў маишате ба тариқи музорра оғоз ниҳод /музорра-он одати ҷоҳилиро гўянд/. Қубайса назди Муҳаммад /с/ шикоят намуд. Муҳаммад /с/ ўро ба сабр даъват кард, то ки чорае пайдо шавад. Ин ҳодиса занони дигарро низ ба шўр овард ва онҳо низ назди Муҳаммад /с/ шикоят бурданд ва ба Муҳаммад /с/ оят омад, ки “эй мўъминон, барои шумо ҳалол нест, ки занонро ба зуроварӣ, мерос гиред: /ояти 18, “Тафсири Ҳусайнӣ”, с. 137/.

Дар ояти 31 аз гуноҳҳои кабира ва сағира сухан меравад ва гуфта шудааст, ки аз гуноҳҳои кабира худдорӣ кунед, гуноҳҳои сағираро худо мебахшад. Тафсирҳо дар боби гуноҳҳои кабира ва сағира баҳсҳо кардаанд ва нишонаҳои гуноҳҳои кабира ба қавле он аст, ки бар он оташи дўзах, ё аъзоби алим ваъда шудааст ва ғайра/”Тафсири Ҳусайнӣ”, с.136/.

Мазҳабҳои гуногун онҳоро ба тарзҳои мухталиф ва ба меъёрҳои гуногун шарҳ медиҳанд, ки баёни муфассали онҳо аз доираи ин китоб берун аст. Ҳаром аст бар шумо занони шавҳардор ба ҷуз заноне, ки дар мавриди ҷанг асир гирифта мешаванд ва аз дорулҳарб бароварда мешаванд /”Тафсири Ҳусайнӣ”, с. 133/. Маҳри муқарраршудаи занонро додан ҳатмӣ аст, никоҳи канизакон низ ҷоиз аст ва маҳри онҳо низ бояд дода шавад.” Мартабаеро таманно макунед, ки Худои таъоло ба он баъзеро аз шумо бар баъзе бузургӣ дода ” /32/.

Ба қавли тафсир завҷаи Саъд ибни Рабеъ ё завҷаи Собит ибни Қайс ба шавҳараш итоат надошт ва шавҳар ба изтироб омада ба рўи ў шаппотӣ зад. Зан ҳамроҳи падараш бо шикоят назди Пайғамбар /с/ рафтанд ва Муҳаммад /с/ қасос ҳукм кард. Нав аз дар берун шуда буданд, ки Муҳаммад /с/ ваҳй гирифт, ки мард бар зан афзал аст. Тафзили мардон ба камоли ақл, илм, фаҳм, ҷиҳод, камоли савму салавот, ҷумъаю ҷамоат, азон, хутба, намози идайн, намози ҷаноза, шаҳодат, дар ҳудуди қасос, зиёдатии мерос ва амсоли онҳо, он ки анбиёву аима аз мард мешаванд, на аз занон маълум аст /”Тафсири Ҳусайнӣ”, с. 136/, оятҳи 34/.

Муфассир оятҳои 36 ва 37-ро хеле муфассал шарҳ додааст, алалхусус ба ҳаққи падару модар ва ҳамсоя, муносибати содиқона бо онҳо, меҳрубонӣ бо ҳамсўҳбат, дурӣ ҷустан аз бухлу Кинга ва ғайра унсурҳои ахлоқӣ эътибор додаст.

Дар мастӣ ва ҷанобат /то он ки ғусл кунед/ намоз нахонед. Ни ҳукм қабл аз таҳрими хамр буд. Барои мусофирону бемор беғусл ҷоизаст дар сурате, ки агар об ёфт нашавад, бо хок пок карда, ба ду даст маҳс намуда бошад.

Мардум ба ҷиҳод даъват мешаванд, баъзеҳо дар ин маврид саркашшӣ мекунанд, ҳарчанд /мукофоти/ бузург дар зинда буданаш ва баъди ҳалокаташон ваъда карда мешавад. Инчунин иҷозати қаср хондани намоз барои мусофирон таъкид шудааст. Дар масъалаи тақсими мерос, ки хешовандон, агар зану мард бошанд, як зан нисфи ҳиссаи як мардро мерос гирифта метавонад. Аз мероси падару модар ва хешон вориси зану мард ҳақ аст. Дар бораи гурўҳе аз яҳуд, ки нофармонбардорӣ намуданд ва рўзи шанбе, ки Худо манъ карда буд, ба шикори моҳӣ рафтанд, азобу уқубати онҳо дар ҷаҳаннам нақл карда мешавад ва тафсир ба тасвири азоб эътибор додаст.

Тафсир ояти болоро, ки дар хусуси дурўғ ва гуноҳи ошкоро аст, шарҳ дода баён мекунад, ки чун аз Мадина берун карда шудани қабилаи бани Назир ҳукм шуд ва гурўҳе аз онҳо дар Хайбар ҷо гирифтанд, ҷамъе аз эшон ба назди мушрикини Қурайш рафта /Ибни Канона, Ибни Ахтуб ва диг. / Абусуфён ва атбои ўро ба муҳорибаи зидди Муҳаммад /с/ тарғиб намуданд. Мушрикин бо онҳо ҳамраъй гаштанд ва аз ин гурўҳ тибқи расми худ эҳтиром ба ҷо оварданд ва гуфтанд, ки ба шумо он вақт мо бовар мекунем, агар ба бутони мо тоату ибодат кунед. Яҳудиён ба ду бути Қурайш, Ҷибт ва Тоғут саҷда карданд, гўянд, ки аввалӣ сеҳр ва дуввумӣ Иблис аст. Муҳаққиқон чунин шуморанд, ки аввалӣ нафси аммора ва дуввумӣ орзуҳои ўст. Қасди яҳуд бар нубуввати Муҳаммад /с/, ки на аз бани Исроил, балки аз банӣ Исмоил аст, маҳкум карда мешавад.

Дар тафсири ояти 58 шаҳри амонат омадааст: Дар рўзи фатҳи Мака пайғамбар /с/ ба Усмон ибни Талҳа фармуд, ки калиди хонаи Каъбаро биёранд. Калид назди модари Усмон буд. Усмон назди модараш барои калид рафт, вале модар калидро ба ў доданӣ набуд, чун аз қадим боз он калид дасти авлоди онҳо буд. Чун Усмон дер кард ва пайғамбар /с/ хеле дар изтироб шуд, ду нафари Сиддиқ ва Форуқ назди дари Салофа /модари Усмон/ омадан то Усмонро хабар диҳанд, ки пайғамбар /с/ изтироб аст. Он вақт модараш калидро ба Усмон медиҳад. Аббос назди пайғамбар /с/ мавриде, ки Усмон калидро ба Муҳаммад /с/ дароз мекард, иброз дошт, ки чун мутасаддии чоҳи Зам –зам ман ҳастам, калидро ҳам ба ман диҳед. Ҳар боре, ки суханашро Усмон мешунид, дасти дароз кардаашро ақиб мекашид, то даме, ки Пайғамбар /с/ нагуфт: ки агар ба худою расул имон дорӣ, калидро ба ман деҳ. Усмон калидро дод, Муртазо Алӣ пеш омад ва ба пайғамбар муроҷиат намуда, дархости чунин калиддории Каъба шуд. Ҳамин маврид оят нозил шуд ва Муҳаммад /с/ он калидро ба Усмон баргардонд. Усмон мулозамати пайғамбарро /с/ ихтиёр карда, калидро ба бародараш дод ва то имрўз он авлод калиддори Каъбаанд /”Тасфири Ҳусайнӣ”,с.142/. Дар тафсири оятҳои баъд аз фармонбардорӣ ба умарои мусалмон ва киссаи Умари Форуқ, сухан меравад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки мунофиқе ба яҳудие даъво дошт.

Муҳаммад /с/ ба нафъи яҳудӣ ҳукм мекунад. Мунофиқ розӣ нашуда, яҳудиро назди Умар мебарад. Умар /р/ киссаро шунида мегўяд, ки иҷозат диҳед, ки ман берун оям ва ҳукми дуруст кунам. Ва шамшер кашида сари мунофиқро аз танаш ҷудо карда мегўяд: “ба ҳар касе, ки ҳукми пайғамбарро иҷро наку-над, чунин хоҳам кард”. Аз он маврид Муҳаммад /с/ лақаби Умарро Форуқ, гузошт /”Тасфири Ҳусайнӣ”, с. 142/.

Чанд оятро роҷеъ ба фармон набурдани баъзе ва сарсупории дигарон ба пайғамбар шарҳ додаанд. Дар шарҳи ояти 65, 66 тафсир нависад, ки Зубайр ва Ҳотиб сари навбати об бо ҳам мухолифат карданд ва аз Муҳаммад /с/ қазоват пурсиданд. Муҳаммад /с/ фармуд, ки ” “Эй Зубайр, об деҳ замини худоро, пас ба ҳамсоя гузор”. Дар роҳ, ба онҳо яҳуде дучор омад ва пурсид, ки чӣ ҳукм кард, Ҳотиб бо таъна гуфт, ки ба фоидаи писари аммаи худ. Яҳуд бо тааҷҷуб изҳор намуд, ин мардум, ки ўро пайғамбари худо медонанд, боз ба гуфтаҳояш шаккокӣ менамоянд, ҳол он ки банӣ Исроил дар замони Мўсо /а/ гуноҳе содир карда буданд. Мўсо /а/ фармуд, ки барои омурзиши гуноҳ бояд ҳамдигарро бикушанд. Чунон бо ҳам қатол карданд, ки 70 ҳазор кушта шуд ва пайғамбари худро бар ин ҳукм ситам надоштанд. Ояти 86 дар ҳаққи одоби муошират, яъне бояд ба ҳар кас «ассалому алайкум» гуфт, ҷавобан “алайкуму-с- салом ва раҳматуллоҳ”.

Агар салом бо изофаи раҳмат бошад, ҷавобаш бояд бо иловаи «баракотуҳу» бошад, яъне дар ин ҷавоб “ассалому алайка ва алайка ассалом” миқдори фарз аст ва иловаҳо суннат… Сипас оятҳо дар бораи куштани куффор /агар онҳо ба сулҳ наоянд ва қитол кунанд/, ноҳақ, будани куштани мўъмин аз тарафи мўъмин, ба ҷуз тасодуф, ки надониста бикушанд, дар ин сурат бояд озод кунанд ва пардохти дия /хунбаҳо ва нафақа/ ба ворисони мақтул биёянд. Ин оят ба гуфти тафсир ба Айёш дахл дорад. Айёш ислом оварда ба Мадина ҳират кард. Модараш аз ин бисёр нолон буд. Абўҷаҳл Ҳорис низ бародари модарии Айёш буданд, ўро дар роҳ дастгир карда бурда дар Мака азоб доданд, то ки аз ислом рў гардонад, вале Ай1ш ин корро накард ва қасам хўрд, ки Ҳорисро дар ҳар ҳолате пайдо кунад, бикушад. Ҳорис баъди чанде мусулмон шуд, вале аз он Айёш бехабар буд. Рўзе ўро Айёш дар маҳаллаи қибтиҳо дида бикушт.

Саҳобаҳо ўро ба ин кор маломат карданд. Айёш назди Муҳаммад /с/ омада қиссаро баён кард ва ба ҳукми тафсир ояти мазкур он маврид нозил шудааст. Дониста куштани мўъминонро ояти дигар манъ кардааст ва тафсир гўяд, ки пайғамбар /с/ гурўҳеро ба сари қавме фиристод, ки аз миёни онҳо Мардоси Фадакӣ ном мард мусулмон буд.

Он қавм аз омадани гурўҳе мусулмонон хабар ёфта бигурехтанд. Мардос бошад бо молу мулкаш дар кўҳе мунтазири мусулмонон буд. Чун фарёди такбир баланд шуд, ў низ такбиргўён ба поён фуромад, ба онҳо салом кард, калимаи шаҳодат ба забон ронд. Вале Усома ибни Зайд бо шамшер ба сўи ў битохт, ўро бикушт ва молу мулкашро тороҷ кард. Чун Муҳаммад /с/ ин хабарро шунид, аламнок шуд…

Сипас, оятҳо дар бораи намоз ҳангоми сафар, яъне қаср хондан ва кам кардани миқдори онҳо, масалан ба ҷои чор ракъат омадааст. Чун дар ҳаволии Мадина душманони мўъминон зиёд буданд ва хавфи кушта шудани онҳо буд, намози хавф фармон гардид, яъне лашкари ислом ду гурўҳ шуда, яке посдорӣ мекунад ва дигаре намоз мегузорад ва баъди ҳар ракъат гурўҳҳо иваз мешаванд.

Ин оят вақти ҷанг бо мушрикон шудааст, вақте, ки онҳо қасди ҳамла ба вақти намоз кардаанд / «Тасфири Ҳусайн», с. 154/ Сипас чанд оят дар ҳамду санои худо ва қиёмат, адои шаҳодат кардан ба ростӣ ва ғайра зикр шуданд. / «Тасфири Ҳусайн», с. 162/. Дар тафсири ояти 137 омадааст, ки мунофиқонро мисли мусулмонон худо дар қиёмат нуре диҳад, вале чун ба сари пули Сирот расиданд, он нури мунофиқон гум шавад, онҳо дар зулмот монда аз пули Сирот ба дўзах

биафтанд, нур роҳи мусулмононро равшан созад ва онҳо аз Сирот гузаранд.

Мунофиқон дар табақаи зертари дўзах бошанд ва аз куффор азобашон бештар бошад…

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …