Главная / Ҷамъият / Cолимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ

Cолимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 699; Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 с., № 1201)

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 24.02.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД 

Қонуни мазкур асос ва тартиби танзими муносибатҳоро дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ, ки аз эътироф намудани ҳуқуқҳои зану мард бобати доштани маълумот ва дастрас будани усулхои бехатар, босамар, муносиб ва қобили қабули танзими оила ва таваллуди фарзанд, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва дигар муносибатҳои  ба он алоқамандро  муайян мекунад.

reproduktivi

Қонун ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шахрвандон барои дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри  шахсию оилавӣ нигаронида шуда, амалӣ намудани онҳоро кафолат медиҳад.

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ

 

Қонунгузорӣ дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», ҳамин Қонун, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 2.   Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

Репродуктивӣ (репродуксия)- худтакроркунӣ, бозтакроркунӣ.

Системаи репродуктивӣ– маҷмӯи узвҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба таъмини ҷараёни репродуктивӣ равона карда шудааст (узвҳои  ҷинсӣ, мағзи сар, узвҳои ғадудӣ).

Солимии репродуктивӣ – ҳолати беҳбуди комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоиест вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба системаи репродуктивӣ ва  фаъолияту ҷараёни он  алоқаманданд.

Солимии репродуктивӣ ба саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктивӣ низ, чи барои занон ва чи барои мардон, мусоидат менамояд.

Ҳуқуқи репродуктивӣ- ҳуқуқи шаҳрванд оиди ҳифзи солимии репродуктивӣ ва озодии қабули қарор вобаста ба таваллуди кӯдак ё даст кашидан аз он,  инчунин аз ёрии тиббию иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ дар ин соҳа иборат аст.

Хадамоти ҳифзи солимии репродуктивӣ – хадамоте, ки фаъолиятро барои ба амал баровардани ёрии дастрасу зарурии момодоягӣ,  хизматрасонӣ оид ба танзими оила, барқарорсозии қобилияти репродуктивӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ сироят мекунанд, анҷом медиҳад.

Синну соли репродуктивӣ – синну соли (15-49 солагӣ) қобилияти фарзандтаваллуднамоӣ.

Қобилияти фертилӣ (наслдиҳӣ) – шумораи миёнаи кӯдакон, ки зан метавонист, дар синну соли репродуктивӣ таваллуд кунад.

Фосилаи интергенетикӣ – фосилаи байни таваллуд шудани фарзандон.

Безурётӣ – ноқобилии обистанӣ.

Тухмгузаронии сунъӣ (тухмгузаронӣ) – ворид намудани маводи генетикии ҳамсар ва ё бегона ба роҳҳои ҷинсии зан бо мақсади ҳомилагардонӣ.

Ҳомиладоркунии сунъӣ (экстракорпоралӣ) ва пайвастани он ба батн – ҳомиладоркунии тухмҳуҷайра (оотсит) берун аз бадан ва кӯчонидани ҷанини тақсимшудаистода ба ковокии бачадон.

Танзими оила –ин қобилияти шахсони алоҳида ва ҷуфтҳое, ки тавлиди  миқдори муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбинӣ менамоянд ва ноил мегарданд.

Контрасепсия (пешгирии ҳамли номатлуб) – ҳар як воситае, ки  қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва

                    ҳуқуқҳои  репродуктивӣ

 

Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ аз инҳо иборатанд:

– ташаккули муносибати бошууронаи шаҳрвандон ба таваллуди насли солим;

–  рушди хадамоти нигоҳдории тандурустии репродуктивӣ;

– ба таври васеъ дастрас гардонидани иттилоот ба шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва наврасон дар соҳаи солимии репродуктивӣ;

– мустаҳкам кардани солимии репродуктивӣ бо роҳи мусоидат намудан ба нигаҳдошти саломатӣ ва камолоти шахсият дар давоми тамоми ҳаёт, тарғиби тарзи ҳаёти солим;

– таъмин намудани дастрасии воситаҳои ҳозиразамону бехатари пешгирии   ҳамл ба аҳолӣ;

– таъмини имтиёзнок ва бепули усул ва воситаҳои пешгирии ҳамл тибқи тартиби муқарраршуда;

– назорати давлатӣ ба хадамоти тандурустии репродуктивӣ;

– кӯмак дар рафъ намудани баъзе аз масъалаҳои хоси солимии репродуктивӣ бо роҳи додани маълумот ба аҳолӣ тавассути хадамоти маориф, маърифатию машваратӣ ва тиббию санитарӣ;

– расонидани ёрӣ ба шахсони алоҳида: огоҳонидан аз алоқаи барвақти ҷинсӣ то расидан ба дараҷаи балоғати  ҷисмонию психологӣ, ноил гардидан ба муносибатҳои масъулиятноки дутарафа  дар оила, пешгирӣ намудани ҳамли номатлуб, расидан ба тафоҳум дар истифода бурдани воситаҳои муайяни пешгирандаи ҳамл, исқоти бехавфи ҷанин, ҳомиладоршавии бехавф ва таваллуди кӯдак;

– пешгирӣ намудани фавт ва маъюбшавии модарону кӯдакони навзод;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар барномаҳо дар соҳаи солимии репродуктивӣ;

– назорати давлатӣ аз болои хадамоти тандурустии репродуктивӣ;

Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ бо роҳҳои зерин амалӣ гардонида мешаванд:

– такмили асосҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи  ҳифзи солимии репродуктивӣ ва танзими оила;

– рушди кӯмаки тиббию иҷтимоӣ ва психологию педагогӣ ба шаҳрвандон ҳангоми истифодабарии онҳо аз ҳуқуқҳои  репродуктивӣ;

– дастгирии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии шаҳрвандон, танзими оила ва сиёсати демографӣ;

– тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон мутобиқи стандартҳои таълими давлатӣ;

– ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба ҳалли масъалаҳои эътибори оила, ҳифзи солимии репродуктивӣ, танзими оила ва таваллуди кӯдакони солим;

– ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ,  инчунин дар соҳаи танзими оила.

 

Моддаи 4.  Ҳифзи солимии репродуктивии  аҳолӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат аст.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хадамоти хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ, фаъолияти муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, илмию тадқиқотии давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ роҳбари намуда, дар таҳияи стратегияи ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро бобати сифатнокии расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ, расонидани кӯмаки контрасептивӣ дар соҳаи солимии репродуктивй дар муассисаҳои идоравӣ ва муассисаҳои системаи хусусии тандурустӣ назорат ва ҳамоҳанг намуда, барои рушду нумӯъ ва ҳолати хадамоти тандурустии репродуктивӣ масъул мебошад.

 

Моддаи 5. Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои  давлатии  тандурустии репродуктивӣ

Тартиби  ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии ҳифзи тандурустии репродуктивиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро дар маҳалҳо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

 

Моддаи 6.  Системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктивӣ

Фаъолияти муассисаҳои системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктивӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 7. Тайёр кардан ва такмили дониши касбии  кормандони тиб дар соҳаи солимии  репродуктивӣ

Тайёр кардан ва такмили савияи дониши касбии баъдидипломии кормандони тиб дар соҳаи солимии репродуктивӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 8. Принсипҳои асосии амалисозии ҳуқуқҳои репродуктивӣ

Ҳангоми амалисозии  ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон принсипҳои зерин таъмин карда мешаванд:

– принсипи қонуният, башардустӣ, маҳрамият, роҳ надодан ба паст задани шаъну шарафи инсонӣ;

– ҳуқуқи зану мард оид ба гирифтани маълумоти зарурӣ ва доштани имконияти истифодабарии  воситаҳои бехавфу самарабахш ва қобили қабул дар соҳаи танзими оила тибқи интихоби онҳо ва дастрас будани хизматрасонии лозима дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, ки  имконият фароҳам меоварад, то занон давраи ҳомиладорӣ ва таваллудро бехавф аз сар гузаронанд ва ҳамсарон имконияти беҳтарини таваллуди кӯдаки солимро дошта бошанд.

 

Моддаи 9. Озодиии шаҳрвандон дар муносибатҳои репродуктивӣ

Шаҳрвандон дар интихоб ва назорати ҳаёти репродуктивии худ озоданд.

Муносибати байни зану мард, масъалаҳои танзими таваллуди фарзандон дар  баробарӣ, озодӣ, масъулияти байнихамдигарӣ ва эҳтироми тарафайн асос меёбад. Зан набояд барои ҳомиладор шудан ва ё барои исқоти ҳамл маҷбур карда шавад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи ниёзмандон

Шахсони ба хадамоти ҳифзи солимии репродуктивӣ муроҷиаткунанда дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

–  гирифтани маълумоти пурра, эътимоднок ва сифатнок дар бораи танзими оила ва таваллуди кӯдак;

–  бархурдор гардидан аз хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ва танзими оила;

–  интихоби озодонаи корманди тиб ва машваратчӣ;

–  изҳори озодонаи ирода, нисбати истифодаи усулҳои бехавфи танзими оила;

–  маҳрамияти сӯҳбат ҳангоми гирифтани маслиҳат ва ҳангоми муоинаи ҷисмонӣ;

–  ибрози ақида нисбати усулҳои пешгирандаи ҳамл ва хизматрасонӣ;

–  гирифтани маълумот нисбати воситаҳои муайяни пешгирандаи ҳамл ва ҳама намуди хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои репродуктивии  шаҳрвандон ва кафолати  амалӣ гардонидани онҳо

Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи конститутсионии инсон, аз ҷумлаи ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва бехатарии шахсӣ, баробарӣ дар муроҷиат намудан, гирифтани маълумот, иттилоот, инкишоф ва ноил гардидан ба саломатии хубтар асос меёбад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки  ҳуқуқҳои репродуктивии худро аз рӯи ирода ва манфиатҳои худ  амалӣ созанд. Ба амалбарории ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон набояд ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони дигарро халалдор намояд.

Ҳуқуқҳои репродуктивӣ аз эътироф намудани ҳуқуқҳои асосии зану шавҳар дар қабули қарори озодона ва масъулона нисбати шумораи фарзандон, вақти обистанӣ ва фосилаи байни таваллуди онҳо, дар пайдо намудани воситаҳо ва маълумоти барои он зарурӣ, ноил гардидан ба солимии репродуктивӣ  замина мегиранд. Ба ҳуқуқҳои асосии репродуктивӣ ҳамчунин ҳуқуқи инсон оид ба озодона ва бе маҳдудкунӣ ҳал намудани масъалаҳое, ки ба таваллуд вобастагӣ доранд, дохил мегардад.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона:

–  масъалаи шумораи фарзандонро ҳал намоянд;

–  нисбати фосилаи байни таваллуди фарзандон бо назардошти ҳолатҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки самаранокии тарбияи наслро таъмин карда метавонад, қарор қабул намоянд;

–  аз усул ва воситаҳое истифода баранд, ки инсонро аз беморшавӣ ва ё маъюбшавиҳое, ки ба фаъолияти шаҳвонӣ ва репродуктивии онҳо зарар мерасонад, эмин доранд;

Аз тарафи давлат кафолат дода мешавад:

–  имтиёзҳои пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд ба модарон;

–  ҳифз аз ҳамагуна шаклҳои маҷбуркунии шаҳвонӣ ва таъқиби шаҳвонӣ;

–  дастрас гардонидани маълумотҳое, ки ба ҳавасмандгардонии иҷтимоӣ, беҳбудии маънавию ахлоқӣ, солимии ҷисмонию рӯҳӣ барои таваллуди фарзанд, равона карда шудаанд.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ барои қабули қарори мустақилона нисбати ҳомиладоршавию  таваллуд ва

                        пешгирии ҳамл

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки нисбати ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл мустақилона қарор қабул намоянд.

Шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби воситаҳои пешгирии ҳамл, аз ҷумла бо роҳи ҷарроҳӣ  ва ё худдорӣ намудан аз истифодаи онҳоро доранд.

Мудохилаи ҷарроҳии пешгирии ҳамл чун усули ногузир танҳо баъд аз гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоӣ сурат мегирад.

Тартиби гузаронидани машварати тиббию иҷтимоиро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Безурётсозӣ (стерилизатсия) бо роҳи ҷарроҳӣ чун мудохилаи махсус бо мақсади маҳрум сохтани одам аз наслдиҳӣ ва ё чун усули бебозгашти пешгирии ҳамл мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва ҳамин Қонун гузаронида мешавад.

Безурётсозӣ (стерилизатсия) бо роҳи тиббӣ (ҷарроҳӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқи ноболиғону ҷавонон ба ҳифзи саломатии репродуктивӣ

 

 Ноболиғону ҷавонон ба гирифтани таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивӣ ҳуқуқ доранд.

 Барномаҳои таълимӣ оид ба таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҳифзи саломатии репродуктивӣ, омода намудани ноболиғону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф ва тандурустӣ таҳия карда мешаванд. 

 Ноболиғону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва муассисаҳои дигар аз рӯи барномаҳое, ки дар онҳо ҷинс, синну сол ва хусусиятҳои инкишофи равонию ҷисмонии онон ба назар гирифта, мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, аз ҷониби шахсони тайёрии махсусдошта тарбия дода, ба ҳаёти оилавӣ омода карда мешаванд.

 Ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла ба намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта, хизмати машварати тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрхоҳона ва маҳрамона расонида мешаванд.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1201)

 

Моддаи 14.  Ҳуқуқ ба табобати безурётӣ

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки безурётиро бо истифода аз технологияи  ҳозиразамони репродуктивӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, табобат намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дар қайди никоҳи қонунӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд, ки танҳо бо розигии тарафайн аз технологияи репродуктивӣ истифода баранд. Дар айни ҳол онҳо бояд доир ба технологияи репродуктивӣ, самарабахшии он, мӯҳлатҳои мувофиқи истифода аз он, эҳтимолияти мушкилотҳо ҳангоми истифода аз он, оқибатҳои тиббию ҳуқуқӣ, инчунин оид ба мавҷудияти дигар воситаҳои табобати безурётӣ маълумоти комил гиранд.

 

Моддаи 15.   Хизматрасониҳои кафолатнок дар соҳаи ҳифзи  солимии  репродуктивӣ

Номгӯи хизматрасониҳои кафолатнок оид ба ҳифзи солимии репродуктивӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 16. Маҳфуз доштани сир ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои репродуктивӣ

Давлат маҳфуз доштани сирри ахборотро оиди муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти марбута ва ташкилотҳо, вобаста ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои репродуктивии худ ва ҳифзи солимии репродуктивӣ, кафолат медиҳад

Мақомотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд ахборотро оиди муроҷиати шаҳрвандон, вобаста ба амалигардонии ҳуқуқҳои репродуктивӣ ва ҳифзи солимии репродуктивии онҳо, маҳфуз доранд.

 

Моддаи 17. Донории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ

Донори ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (манӣ ва тухмҳуҷайраҳо) метавонанд мардон ва заноне бошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солиманду синнашон аз 35-сола боло набуда, аз  машварати тиббию генетикӣ гузаштаанд.

Тартиби гузаронидани машварати тиббию генетикиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 18.  Ҳомиладоркунии сунъӣ (экстракорпоралӣ) ва кӯчонидани ҷанин

Ҳомиладоркунии сунъӣ (экстракорпоралӣ) ва кӯчонидани ҷанин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва ҳамин Қонун сурат мегирад.

Табибе, ки амалиёти тиббиро мегузаронад, вазифадор аст ба зан  дар бораи тарзи иҷрои ҳомиладоркунии сунъӣ ва кӯчонидани ҷанин, доир ба оқибатҳои ҷанбаҳои ҳуқуқию тиббии он,  натиҷаҳои муоинаҳои тиббию генетикӣ, намуди зоҳирӣ ва миллати шахси донор маълумот пешниҳод намояд.

Ҳангоми истифодаи технологияи репродуктивӣ, ба интихоби ҷинсияти кӯдаки оянда роҳ дода намешавад, ба ҷуз аз мавридҳое, ки эҳтимолияти ирсияти бемориҳое, ки ба ҷинс вобастаанд, мавҷуд бошад.

Истифодаи ҷанини инсон бо мақсади тиҷорат ва истифода дар саноат, инчунин ҳомиладоркунии сунъӣ ва кӯчонидани ҷанин нисбати ноболиғон ва занҳое,ки аз тарафи қонун ғайри қобили амал ва ё қобили амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, қатъиян манъ аст.

Ғайриқонунӣ гузаронидани ҳомиладоркунии сунъӣ (экстракорпоралӣ) ва кӯчонидани ҷанин, риоя накардани талаботи дигари ин модда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 19.  Нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ

Марду зан барои нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсии худ ҳуқуқ доранд. Тартибу шароити нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хатари гум кардани солимии репродуктивӣ ё хатар ба ҳаёт, ки аз фаъолияти касбӣ ва ё иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбӣ бармеоянд,  инчунин дар асоси нишондодҳои тиббӣ, хизматрасонии бепул оид ба нигоҳ доштани тухмҳуҷайраҳои ҷинсӣ  аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Номгӯи намудҳои фаъолиятхои касбӣ ва нишондодҳои тиббие, ки дар асоси онҳо давлат баҳри бепул нигоҳ доштани хуҷайраҳои ҷинсӣ хизматрасониро кафолат медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ

 

Қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қонуни мазкур танзим карда мешавад.

То қатъи сунъии ҳомиладорӣ ва пас аз он машварати тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин манъ аст.

Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал дониста шудаанд, бо розигии намояндагони қонунӣ (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.
 Баҳсҳо вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1201)

 

Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии  тандурустии репродуктивӣ

Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии тандурустии репродуктивӣ  мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 22.  Ҷавобгарӣ оид ба  ҳифзи солимии репродуктивии  аҳолӣ

Риоя накардани талаботи ҳамин Қонун мувофиқи қонунгузории  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 23. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии

                      шаҳрвандон

 

Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии шаҳрвандон дар асоси принсипҳои баробархуқуқӣ  анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 72

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …