Главная / Чамъият / Cолимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви

Cолимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви

 КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002, №11, мод. 699; Конуни ЧТ аз 18.03.2015 с., № 1201)

Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 24.02.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД 

Конуни мазкур асос ва тартиби танзими муносибатхоро дар сохаи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви, ки аз эътироф намудани хукукхои зану мард бобати доштани маълумот ва дастрас будани усулхои бехатар, босамар, муносиб ва кобили кабули танзими оила ва таваллуди фарзанд, пешгирии беморихои бо рохи алокаи чинси гузаранда ва дигар муносибатхои  ба он алокамандро  муайян мекунад.

reproduktivi

Конун ба таъмини хукукхои конститутсионии шахрвандон барои дахлнопазирии хаёти шахси, сирри  шахсию оилави нигаронида шуда, амали намудани онхоро кафолат медихад.

 

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви

 

Конунгузори дар бораи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон  асос ёфта, аз Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи хифзи саломатии ахоли», хамин Конун, санадхои дигари меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон  ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон  эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 2.   Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода бурда мешаванд:

Репродуктиви (репродуксия)- худтакроркуни, бозтакроркуни.

Системаи репродуктиви– мачмуи узвхое мебошанд, ки фаъолияти онхо ба таъмини чараёни репродуктиви равона карда шудааст (узвхои  чинси, магзи сар, узвхои гадуди).

Солимии репродуктиви – холати бехбуди комили чисмони, рухи ва ичтимоиест вобаста ба хамаи масъалахое, ки ба системаи репродуктиви ва  фаъолияту чараёни он  алокаманданд.

Солимии репродуктиви ба саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктиви низ, чи барои занон ва чи барои мардон, мусоидат менамояд.

Хукуки репродуктиви- хукуки шахрванд оиди хифзи солимии репродуктиви ва озодии кабули карор вобаста ба таваллуди кудак ё даст кашидан аз он,  инчунин аз ёрии тиббию ичтимои, иттилооти ва машварати дар ин соха иборат аст.

Хадамоти хифзи солимии репродуктиви – хадамоте, ки фаъолиятро барои ба амал баровардани ёрии дастрасу зарурии момодояги,  хизматрасони оид ба танзими оила, баркарорсозии кобилияти репродуктиви, пешгири ва табобати беморихое, ки тавассути алокаи чинси сироят мекунанд, анчом медихад.

Синну соли репродуктиви – синну соли (15-49 солаги) кобилияти фарзандтаваллуднамои.

Кобилияти фертили (наслдихи) – шумораи миёнаи кудакон, ки зан метавонист, дар синну соли репродуктиви таваллуд кунад.

Фосилаи интергенетики – фосилаи байни таваллуд шудани фарзандон.

Безурёти – нокобилии обистани.

Тухмгузаронии сунъи (тухмгузарони) – ворид намудани маводи генетикии хамсар ва ё бегона ба роххои чинсии зан бо максади хомилагардони.

Хомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва пайвастани он ба батн – хомиладоркунии тухмхучайра (оотсит) берун аз бадан ва кучонидани чанини таксимшудаистода ба ковокии бачадон.

Танзими оила –ин кобилияти шахсони алохида ва чуфтхое, ки тавлиди  микдори муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбини менамоянд ва ноил мегарданд.

Контрасепсия (пешгирии хамли номатлуб) – хар як воситае, ки  кобилияти пешгирии хомиладоршавиро дорад.

 

Моддаи 3. Вазифахои асосии макомоти хокимияти давлати дар сохаи солимии репродуктиви ва

                    хукукхои  репродуктиви

 

Вазифахои асосии макомоти хокимияти давлати дар сохаи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви аз инхо иборатанд:

– ташаккули муносибати бошууронаи шахрвандон ба таваллуди насли солим;

–  рушди хадамоти нигохдории тандурустии репродуктиви;

– ба таври васеъ дастрас гардонидани иттилоот ба шахрвандон, баланд бардоштани савияи дониши кудакон ва наврасон дар сохаи солимии репродуктиви;

– мустахкам кардани солимии репродуктиви бо рохи мусоидат намудан ба нигахдошти саломати ва камолоти шахсият дар давоми тамоми хаёт, таргиби тарзи хаёти солим;

– таъмин намудани дастрасии воситахои хозиразамону бехатари пешгирии   хамл ба ахоли;

– таъмини имтиёзнок ва бепули усул ва воситахои пешгирии хамл тибки тартиби мукарраршуда;

– назорати давлати ба хадамоти тандурустии репродуктиви;

– кумак дар рафъ намудани баъзе аз масъалахои хоси солимии репродуктиви бо рохи додани маълумот ба ахоли тавассути хадамоти маориф, маърифатию машварати ва тиббию санитари;

– расонидани ёри ба шахсони алохида: огохонидан аз алокаи барвакти чинси то расидан ба дарачаи балогати  чисмонию психологи, ноил гардидан ба муносибатхои масъулиятноки дутарафа  дар оила, пешгири намудани хамли номатлуб, расидан ба тафохум дар истифода бурдани воситахои муайяни пешгирандаи хамл, искоти бехавфи чанин, хомиладоршавии бехавф ва таваллуди кудак;

– пешгири намудани фавт ва маъюбшавии модарону кудакони навзод;

– тахия ва татбики барномахои давлати ва дигар барномахо дар сохаи солимии репродуктиви;

– назорати давлати аз болои хадамоти тандурустии репродуктиви;

Вазифахои макомоти хокимияти давлати дар сохаи хифзи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви бо роххои зерин амали гардонида мешаванд:

– такмили асосхои хукуки дар сохаи  хифзи солимии репродуктиви ва танзими оила;

– рушди кумаки тиббию ичтимои ва психологию педагоги ба шахрвандон хангоми истифодабарии онхо аз хукукхои  репродуктиви;

– дастгирии тадкикотхои илми дар сохаи хифзи солимии репродуктивии шахрвандон, танзими оила ва сиёсати демографи;

– тайёр кардани мутахассисон дар сохаи хифзи солимии репродуктиви ва химояи хукукхои репродуктивии шахрвандон мутобики стандартхои таълими давлати;

– чалб намудани ташкилотхои чамъияти ва воситахои ахбори омма ба халли масъалахои эътибори оила, хифзи солимии репродуктиви, танзими оила ва таваллуди кудакони солим;

– хамкори дар сатхи байналмилали дар сохаи солимии репродуктиви ва хукукхои репродуктиви,  инчунин дар сохаи танзими оила.

 

Моддаи 4.  Хифзи солимии репродуктивии  ахоли  дар Чумхурии Точикистон

Солимии репродуктивии ахолии Чумхурии Точикистон тахти химояи давлат аст.

Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ба хадамоти хизматрасони дар сохаи хифзи солимии репродуктиви, фаъолияти муассисахои чумхурияви, илмию тадкикотии давлати ва муассисахои таълими рохбари намуда, дар тахияи стратегияи хифзи солимии репродуктивии ахоли иштирок намуда, дар якчояги бо макомоти хокимияти ичроия дар махалхо, фаъолияти муассисахои системаи давлатии хифзи солимии репродуктивиро бобати сифатнокии расонидани кумаки тиббию санитари, расонидани кумаки контрасептиви дар сохаи солимии репродуктивй дар муассисахои идорави ва муассисахои системаи хусусии тандурусти назорат ва хамоханг намуда, барои рушду нумуъ ва холати хадамоти тандурустии репродуктиви масъул мебошад.

 

Моддаи 5. Тартиби ташкили фаъолияти муассисахои  давлатии  тандурустии репродуктиви

Тартиби  ташкили фаъолияти муассисахои давлатии хифзи тандурустии репродуктивиро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Тартиби ташкили фаъолияти муассисахои давлатии хифзи солимии репродуктивиро дар махалхо макомоти хокимияти ичроия дар махалхо (хукуматхо) дар мувофика бо Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

 

Моддаи 6.  Системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктиви

Фаъолияти муассисахои системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктиви мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 7. Тайёр кардан ва такмили дониши касбии  кормандони тиб дар сохаи солимии  репродуктиви

Тайёр кардан ва такмили савияи дониши касбии баъдидипломии кормандони тиб дар сохаи солимии репродуктиви тибки тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон  анчом дода мешавад.

 

Моддаи 8. Принсипхои асосии амалисозии хукукхои репродуктиви

Хангоми амалисозии  хукукхои репродуктивии шахрвандон принсипхои зерин таъмин карда мешаванд:

– принсипи конуният, башардусти, махрамият, рох надодан ба паст задани шаъну шарафи инсони;

– хукуки зану мард оид ба гирифтани маълумоти зарури ва доштани имконияти истифодабарии  воситахои бехавфу самарабахш ва кобили кабул дар сохаи танзими оила тибки интихоби онхо ва дастрас будани хизматрасонии лозима дар сохаи хифзи саломати, ки  имконият фарохам меоварад, то занон давраи хомиладори ва таваллудро бехавф аз сар гузаронанд ва хамсарон имконияти бехтарини таваллуди кудаки солимро дошта бошанд.

 

Моддаи 9. Озодиии шахрвандон дар муносибатхои репродуктиви

Шахрвандон дар интихоб ва назорати хаёти репродуктивии худ озоданд.

Муносибати байни зану мард, масъалахои танзими таваллуди фарзандон дар  баробари, озоди, масъулияти байнихамдигари ва эхтироми тарафайн асос меёбад. Зан набояд барои хомиладор шудан ва ё барои искоти хамл мачбур карда шавад.

 

Моддаи 10. Хукуки ниёзмандон

Шахсони ба хадамоти хифзи солимии репродуктиви мурочиаткунанда дорои чунин хукукхо мебошанд:

–  гирифтани маълумоти пурра, эътимоднок ва сифатнок дар бораи танзими оила ва таваллуди кудак;

–  бархурдор гардидан аз хизматрасонихои тибби дар сохаи хифзи солимии репродуктиви ва танзими оила;

–  интихоби озодонаи корманди тиб ва машваратчи;

–  изхори озодонаи ирода, нисбати истифодаи усулхои бехавфи танзими оила;

–  махрамияти сухбат хангоми гирифтани маслихат ва хангоми муоинаи чисмони;

–  ибрози акида нисбати усулхои пешгирандаи хамл ва хизматрасони;

–  гирифтани маълумот нисбати воситахои муайяни пешгирандаи хамл ва хама намуди хизматрасонихое, ки пешниход карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Хукукхои репродуктивии  шахрвандон ва кафолати  амали гардонидани онхо

Хукукхои репродуктивии шахрвандон аз хукукхои мукаррарнамудаи конститутсионии инсон, аз чумлаи хукук ба хаёт, озоди ва бехатарии шахси, баробари дар мурочиат намудан, гирифтани маълумот, иттилоот, инкишоф ва ноил гардидан ба саломатии хубтар асос меёбад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд, ки  хукукхои репродуктивии худро аз руи ирода ва манфиатхои худ  амали созанд. Ба амалбарории хукукхои репродуктивии шахрвандон набояд хукук, озоди ва манфиатхои конунии шахрвандони дигарро халалдор намояд.

Хукукхои репродуктиви аз эътироф намудани хукукхои асосии зану шавхар дар кабули карори озодона ва масъулона нисбати шумораи фарзандон, вакти обистани ва фосилаи байни таваллуди онхо, дар пайдо намудани воситахо ва маълумоти барои он зарури, ноил гардидан ба солимии репродуктиви  замина мегиранд. Ба хукукхои асосии репродуктиви хамчунин хукуки инсон оид ба озодона ва бе махдудкуни хал намудани масъалахое, ки ба таваллуд вобастаги доранд, дохил мегардад.

Шахрвандон хукук доранд, ки мустакилона:

–  масъалаи шумораи фарзандонро хал намоянд;

–  нисбати фосилаи байни таваллуди фарзандон бо назардошти холатхои тибби ва ичтимои, ки самаранокии тарбияи наслро таъмин карда метавонад, карор кабул намоянд;

–  аз усул ва воситахое истифода баранд, ки инсонро аз беморшави ва ё маъюбшавихое, ки ба фаъолияти шахвони ва репродуктивии онхо зарар мерасонад, эмин доранд;

Аз тарафи давлат кафолат дода мешавад:

–  имтиёзхои пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд ба модарон;

–  хифз аз хамагуна шаклхои мачбуркунии шахвони ва таъкиби шахвони;

–  дастрас гардонидани маълумотхое, ки ба хавасмандгардонии ичтимои, бехбудии маънавию ахлоки, солимии чисмонию рухи барои таваллуди фарзанд, равона карда шудаанд.

 

Моддаи 12. Хукук барои кабули карори мустакилона нисбати хомиладоршавию  таваллуд ва

                        пешгирии хамл

 

Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд, ки нисбати хомиладоршавию таваллуд ва пешгирии хамл мустакилона карор кабул намоянд.

Шахрвандон хукуки интихоби воситахои пешгирии хамл, аз чумла бо рохи чаррохи  ва ё худдори намудан аз истифодаи онхоро доранд.

Мудохилаи чаррохии пешгирии хамл чун усули ногузир танхо баъд аз гузаронидани машварати хатмии тиббию ичтимои сурат мегирад.

Тартиби гузаронидани машварати тиббию ичтимоиро Хукумати  Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Безурётсози (стерилизатсия) бо рохи чаррохи чун мудохилаи махсус бо максади махрум сохтани одам аз наслдихи ва ё чун усули бебозгашти пешгирии хамл мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» ва хамин Конун гузаронида мешавад.

Безурётсози (стерилизатсия) бо рохи тибби (чаррохи) бо тартиби мукаррарнамудаи  Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон  гузаронида мешавад.

 

Моддаи 13. Хукуки ноболигону чавонон ба хифзи саломатии репродуктиви

 

 Ноболигону чавонон ба гирифтани таълиму тарбияи ахлокии чинси ва хизматрасони дар сохаи хифзи саломатии репродуктиви хукук доранд.

 Барномахои таълими оид ба таълиму тарбияи ахлокии чинси, хифзи саломатии репродуктиви, омода намудани ноболигону чавонон ба хаёти оилави аз чониби макомоти ваколатдори давлатии сохаи маориф ва тандурусти тахия карда мешаванд. 

 Ноболигону чавонон дар муассисахои таълими, тибби ва муассисахои дигар аз руи барномахое, ки дар онхо чинс, синну сол ва хусусиятхои инкишофи равонию чисмонии онон ба назар гирифта, мувофики тартиби мукарраргардида тасдик шудаанд, аз чониби шахсони тайёрии махсусдошта тарбия дода, ба хаёти оилави омода карда мешаванд.

 Ба ноболигону чавонон, аз чумла ба намояндагони гуруххои тахти хатар карордошта, хизмати машварати тибби бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хайрхохона ва махрамона расонида мешаванд.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1201)

 

Моддаи 14.  Хукук ба табобати безурёти

Шахрвандон хукук доранд, ки безурётиро бо истифода аз технологияи  хозиразамони репродуктиви, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, табобат намоянд.

Шахрвандоне, ки дар кайди никохи конуни мебошанд, хукук доранд, ки танхо бо розигии тарафайн аз технологияи репродуктиви истифода баранд. Дар айни хол онхо бояд доир ба технологияи репродуктиви, самарабахшии он, мухлатхои мувофики истифода аз он, эхтимолияти мушкилотхо хангоми истифода аз он, окибатхои тиббию хукуки, инчунин оид ба мавчудияти дигар воситахои табобати безурёти маълумоти комил гиранд.

 

Моддаи 15.   Хизматрасонихои кафолатнок дар сохаи хифзи  солимии  репродуктиви

Номгуи хизматрасонихои кафолатнок оид ба хифзи солимии репродуктиви аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 16. Махфуз доштани сир хангоми амали гардонидани хукукхои репродуктиви

Давлат махфуз доштани сирри ахборотро оиди мурочиати шахрвандон ба макомоти марбута ва ташкилотхо, вобаста ба амали гардонидани хукукхои репродуктивии худ ва хифзи солимии репродуктиви, кафолат медихад

Макомотхо, шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд ахборотро оиди мурочиати шахрвандон, вобаста ба амалигардонии хукукхои репродуктиви ва хифзи солимии репродуктивии онхо, махфуз доранд.

 

Моддаи 17. Донории хучайрахои чинси

Донори хучайрахои чинси (мани ва тухмхучайрахо) метавонанд мардон ва заноне бошанд, ки аз чихати чисмони ва рухи солиманду синнашон аз 35-сола боло набуда, аз  машварати тиббию генетики гузаштаанд.

Тартиби гузаронидани машварати тиббию генетикиро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 18.  Хомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кучонидани чанин

Хомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кучонидани чанин дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» ва хамин Конун сурат мегирад.

Табибе, ки амалиёти тиббиро мегузаронад, вазифадор аст ба зан  дар бораи тарзи ичрои хомиладоркунии сунъи ва кучонидани чанин, доир ба окибатхои чанбахои хукукию тиббии он,  натичахои муоинахои тиббию генетики, намуди зохири ва миллати шахси донор маълумот пешниход намояд.

Хангоми истифодаи технологияи репродуктиви, ба интихоби чинсияти кудаки оянда рох дода намешавад, ба чуз аз мавридхое, ки эхтимолияти ирсияти беморихое, ки ба чинс вобастаанд, мавчуд бошад.

Истифодаи чанини инсон бо максади тичорат ва истифода дар саноат, инчунин хомиладоркунии сунъи ва кучонидани чанин нисбати ноболигон ва занхое,ки аз тарафи конун гайри кобили амал ва ё кобили амалашон махдуд эътироф шудаанд, катъиян манъ аст.

Гайриконуни гузаронидани хомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кучонидани чанин, риоя накардани талаботи дигари ин модда мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

 

Моддаи 19.  Нигох доштани хучайрахои чинси

Марду зан барои нигох доштани хучайрахои чинсии худ хукук доранд. Тартибу шароити нигохдории хучайрахои чинси аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Дар холатхои мавчуд будани хатари гум кардани солимии репродуктиви ё хатар ба хаёт, ки аз фаъолияти касби ва ё ичрои ухдадорихои харби бармеоянд,  инчунин дар асоси нишондодхои тибби, хизматрасонии бепул оид ба нигох доштани тухмхучайрахои чинси  аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Номгуи намудхои фаъолиятхои касби ва нишондодхои тиббие, ки дар асоси онхо давлат бахри бепул нигох доштани хучайрахои чинси хизматрасониро кафолат медихад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Катъи сунъии хомиладори

 

Катъи сунъии хомиладори бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» ва Конуни мазкур танзим карда мешавад.

То катъи сунъии хомиладори ва пас аз он машварати тиббию ичтимои дода мешавад. Катъи сунъии хомиладории интихоби вобаста ба чинси чанин манъ аст.

Катъи сунъии хомиладории ноболигон ва шахрвандоне, ки мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гайри кобили амал ё дорои кобилияти махдуди амал дониста шудаанд, бо розигии намояндагони конуни (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.
 Бахсхо вобаста ба катъи сунъии хомиладори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1201)

 

Моддаи 21. Маблаггузории фаъолияти муассисахои системаи давлатии  тандурустии репродуктиви

Маблаггузории фаъолияти муассисахои системаи давлатии тандурустии репродуктиви  мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон  ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 22.  Чавобгари оид ба  хифзи солимии репродуктивии  ахоли

Риоя накардани талаботи хамин Конун мувофики конунгузории  амалкунандаи Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

 

Моддаи 23. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи солимии репродуктивии

                      шахрвандон

 

Хамкорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи солимии репродуктивии шахрвандон дар асоси принсипхои баробархукуки  анчом дода мешавад.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни  мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов

 

ш.Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 72

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …