Главная / Гуногун / Савдои хориҷӣ: Содирот ва Воридоти Тоҷикистон

Савдои хориҷӣ: Содирот ва Воридоти Тоҷикистон

Гардиши савдои хориҷӣ. Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 3126,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 фоиз ё 259,9 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 25,9 фоиз ва воридот ба 74,1 фоиз баробар гардид. Дар ин давра содироти мол 809,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз ё 92,2 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Коҳишёбии содирот асосан аз ҳисоби якбора се маротиба зиёд шудани тилло дар ҳамин давраи соли гузашта ба амал омадааст, зеро дар моҳҳои январ – сентябри соли гузашта танҳо аз ҳисоби содироти филузоти қиматбаҳо суръати рушди ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ ба андозаи 31,5 банди фоиз зиёд шуда буд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 содироти сангҳои ороишӣ ва филизотҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) 213,5 млн. долларро ташкил дода буд. Бе назардошти гурӯҳи молии номбаршуда суръати рушди содирот дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 117,4 фоизро ташкил медиҳад.

savdoi-xoriji

Воридоти мол бошад ба 2317,6 млн. доллар баробар гардида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз ё 352,1 млн. доллар зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Россия (24 фоиз), Қазоқистон (19,6 фоиз), Хитой  (15,2 фоиз), Туркия (9,3 фоиз), ӯзбекистон (7,0 фоиз), Олмон ва Эрон (2,4 фоизӣ), Афғонистон (1,9 фоиз), Покистон (1,8 фоиз), Қирғизистон ва Ҷопон (1,5 фоиз), Италия (1,4 фоиз), Туркманистон (1,3 фоиз) ва дигарон ба ҳисоб мераванд. 

Хаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ ва тарози он дар нуҳ моҳи солҳои 2014 – 2018 (бо млн. доллар)

Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби Ҳукумат бо мақсади коҳиш додани самти ашёии содирот ва гузариш ба истеҳсолоти дорои арзиши баланд дар самтҳои коркарди маъданҳо нахи пахта, алюминийи аввалия, чарм ва маҳсулоти чармӣ, металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, сангҳои ороишӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, маҳсулоти меваю сабзавот, асал, гиёҳҳои табобатӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст ва он имкон дод, ки рушди содирот ва сохтори сифатии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар таъмин гардад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳиссаи асосии содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши маъдану консентратҳо (37,1 фоиз), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (19,0 фоиз), нахи пахта (18,0 фоиз), қувваи барқ (9,0 фоиз), семент (6,1 фоиз), либос ва қисмҳои он (1,8 фоиз) ва дигар маҳсулот ташаккул ёфтааст.

Сохтори содирот дар моҳҳои январ-сентябри 2017-2018

Дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷӣ кишвар 248,7 ҳазор тонна бо маблағи 300,5 млн. доллар маъдану консентратҳо содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9 ҳазор тонна коҳиш ёфта бошад ҳам, ифодаи арзишии он 25,4 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нархи миёнаи содиротии ин номгӯи маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ ба 1208 доллар барои як тонна баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 144 доллар боло рафтааст.

Содироти алюминийи аввалия дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 70,5 ҳазор тонна ба маблағи 151,5 млн. доллар содирот гардидааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 ҳазор тонна кам гардида, арзиши содиротии он бошад 7,7 млн. доллар афзудааст. Нархи миёнаи содиротии ин намуди маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 доллар афзоиш ёфта, 2149 доллар барои як тоннаро ташкил намуд.

soxtori-sodirot-2017

Новобаста аз болоравии нарх коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолот имкон надод, ки нишондиҳандаи арзишии содиротии он дар сатҳи лозимӣ таъмин гардад.

Маҳсулоти дигаре, ки дар сохтори содирот ҳиссаи назаррас дорад нахи пахта ва маҳсулоти тайёр аз он мебошад. Ҳаҷми содироти он дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 64,4 ҳазор тонна бо арзиши умумии 116,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,6 ҳазор тонна ва арзиши содиротии он 68,0 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нархи миёнаи фурӯши нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 188 доллар боло рафта, ба 1804 доллар барои як тонна баробар гардид.

Татбиқи имтиёзҳои андозӣ вобаста ба содироти нахи пахта имкон дод, ки истеҳсоли маҳсулоти сикли аввал ва маҳсулоти тайёр ҳамасола афзоиш ёбад. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ содироти газвор, нассоҷӣ ва маснуоти он 44,3 млн. долларро ташкил намудааст.

Новобаста аз ин ҳоло ҳам маҳсулоти номбаршуда, ки дар сохтори содирот мавқеи асосӣ доранд, бештар дар намуди ашёи хом содирот карда мешаванд.

Дигар масъала, аз ҷумла таъминоти хоҷагиҳо бо оби полезӣ, тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ ва бахусус ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати васеъ намудани заминҳои кишти пахта ва ҳосилнокии он, кушода ва ҳалталаб боқӣ монда, андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли семент дар солҳои охир имкон дод, ки талаботи рӯзафзуни иқтисоди кишивар бо ин маҳсулот ба пуррагӣ таъмин гардад ва содироти он ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 содироти семент 1066,4 ҳазор тонна бо арзиши умумии 49,3 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 374,0 ҳазор тонна ё 15,6 млн. доллар зиёд мебошад.

soxtori-sodirot-2018

Дар давраи ҳисоботӣ содироти семент ба ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.

Мусаллам аст, ки имконият ва иқтидори ҷумҳурии мо дар мавриди истеҳсол ва содироти меваю сабзавот хеле зиёд мебошад ва бартарияти табиии кишвар имкон медиҳад, ки иқтидорҳо сол то сол зиёд карда шуда, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва иқтидорҳои содиротии ҷумҳурӣ тақвият дода шаванд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 аз ҷумҳурӣ 115,0 ҳазор тонна меваю сабзавот бо арзиши умумии 12,4 млн. доллар содирот гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 аз рӯи ҳаҷм 21,2 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш 0,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Соҳаи муҳими рақобатпазир ва мусоидаткунанда ба рушди содирот истеҳсол ва коркарди хушкмеваҳо ба шумор меравад. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 13,2 ҳазор тонна бо арзиши умумии 3,2 млн. доллар меваҳои хушк содирот гардидааст, ки ин нишондод дар таносуб бо ҳамин давраи соли гузашта 5,2 ҳазор тонна ё 0,6 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Сохтори ҷуғрофии содироти маҳсулоти кишоварзӣ васеъ гардида истодааст. Бозорҳои асосии фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти коркарди онҳо Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Афғонистон, Туркия, Ироқ, ӯзбекистон, Белорус, Олмон ва дигар кишварҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми содироти қувваи барқ 2814,6 млн. кВт/соат бо арзиши 72,5 млн. долларро ташкил намуда, мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 1534,0 млн. кВт/соат ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Ифодаи арзишии содироти қувваи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 доллар зиёд гардидааст.

Шарикони асосӣ аз рӯи амалиёти содиротӣ Қазоқистон (27,9 фоиз), Туркия (24,4 фоиз), ӯзбекистон (15,6 фоиз), Афғонистон (7,2 фоиз), Хитой (5,1 фоиз), Россия (5,0 фоиз), Эрон (3,4 фоиз), Нидерланд (2,6 фоиз), Италия (1,5 фоиз), Қирғизистон (1,2 фоиз) ва дигарон мебошанд.

Бинобар ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти мутасаддӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таъминоти (дастрасии) корхонаҳои истеҳсолӣ бо манбаъҳои ашёи хом ва воситаҳои ёрирасон барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти паранда (гӯшт ва тухм), шир ва маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, қаннодӣ, макарон, шарбатҳо ва обҳои ташнашикан, инчунин коркарди маҳсулоти сабзавоту мева дар доираи истифодаи самараноки иқтидорҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 325,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Воридоти молу маҳсулот аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба андозаи 160,9 млн. доллар ва аз кишварҳои хориҷаи дур 191,2 млн. доллар зиёд гардидааст.

Сохтори воридот дар моҳҳои январ-сентябри 2017-2018

Дар  нуҳ моҳи соли ҷорӣ рушди воридот бештар ба татбиқи имтиёзҳои андозӣ дар мавриди аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани таҷҳизоти технологӣ ва қисматҳои такмилдиҳандаи онҳо (мавқеъи молии 84 ва 85), воситаҳои нақлиёти заминӣ (мавқеъи молии 87), инчунин металлҳои сиёҳ (мавқеъи молии 72) вобаста аст.

Имтиёзҳои номбаршуда бо мақсади беҳтар гардонидани фазои сармоягузории кишвар, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, азнав кардани парки автомобилӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармояузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт равона шудаанд, ки яке аз роҳҳои маъмули ҷалби сармоя ва рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ мебошад.

voridot-tojikiston

Сохтори воридот аз маҳсулоти хӯрока (17,9 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (12,4 фоиз), воситаҳои нақлиёти заминӣ (9,4 фоиз), металлҳои сиёҳ (9,1 фоиз), таҷҳизоти технологӣ (8,5 фоиз), гази моеъ (5,7 фоиз), таҷҳизотҳои барқӣ (5,1 фоиз), чӯбу тахта ва маҳсулот аз он (4,0 фоиз), маҳсулот аз металлҳои сиёҳ (3,3 фоиз), маҳсулоти полимерӣ, пластмасӣ (2,6 фоиз), гилхок (2,4 фоиз) ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 415,1 млн. доллар маҳсулоти озуқаворӣ ворид карда шудааст, ки дар ташаккули захираҳои молӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ин манбаъ назаррас аст. Дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи орду гандум 32,2 фоиз, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ 14,5 фоиз, равғани растанӣ 13,9 фоиз, гӯшт ва маҳсулоти гуштӣ 7,3 фоиз, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 6,4 фоиз, какао ва маҳсулот аз он 5,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти гандум 720,9 ҳазор тонна бо арзиши умумии 120,7 млн. долларро ташкил дод ва нархи миёнаи он барои як тонна дар сатҳи 167 доллар қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 доллар поён рафтааст. Қайд намудан лозим аст, ки ҳаҷми воридоти гандум дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,2 ҳазор тонна афзоиш ёфта, ифодаи арзишии он 10,8 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳавасмандгардонии воридот, коркарди гандум дар дохили кишвар афзоиш ёфта, то андозае вобастагии бозори дохилӣ аз орди воридотӣ кам гардид. Ҳамин тавр, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 25,1 ҳазор тонна орд ба маблағи 5,4 млн. доллар ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 ҳазор тонна ё 4,7 млн. доллар кам аст. Ҳамзамон нархи миёнаи воридотии орд 39 доллари барои 1 тонна коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки дар таъмини бозори истеъмолии кишвар ҳанӯз ҳам ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ зиёд аст ва метавонад ба амнияти озуқаворӣ ва саломатии шаҳрвандони кишвар таъсири манфии худро расонад, ҷиҳати пешгирӣ кардани омилҳои номбаршуда бо назардошти хулосаҳои Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии андешидани  чорабиниҳои зеринро аз ҷониби вазорату идораҳои марбута зарур мешуморем:

– Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо мақсади маҳдуд намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломати шаҳрвандон хатарнок масъалаи такмили Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии озуқаворӣ» ва дар сурати зарурат таҳияи регламентҳои алоҳидаро барои як ё гурӯҳи маҳсулот мавриди омӯзиш қарор дода, таклифҳои мушаххас  пешниҳод намоянд;

– Хадамоти гумрук масъалаи ба таври ғайрирасмӣ ворид гардидани молу маҳсулотро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, зимни барасмиятдарории гумрукӣ дар самти дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳои шабеҳи воридотие, ки истеҳсолашон дар дохили кишвар ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Вазни хоси маҳсулоти нафтӣ низ дар воридот назаррас аст ва дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 327,0 ҳазор тонна маҳсулот ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 ҳазор тонна ва арзиши маҳсулоти воридгардида 41,1 млн. доллар зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ воридоти 149,3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ бо арзиши 101,5 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 11,1 ҳазор тонна ё 26,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нархҳои воридотии сӯзишвории дизелӣ 136 доллар, бензин 105 доллар, сӯзишвории реактивӣ 144 доллар, равғанҳои молиданӣ 18 доллар барои як тонна афзоиш ёфтаанд.

Дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 280,3 ҳазор тонна гази моеъ бо арзиши 131,3 млн. доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 ҳазор тонна бо арзиши 12,9 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон нархи миёнаи воридотии гази моеъ 16 доллар барои як тонна боло рафтааст. Боло рафтани арзиши маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ барои ташаккули арзиши аслии маҳсулот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ таъсири бевосита дорад, зеро раванди истеҳсолоти кишоварзӣ ба итифодаи маҳсулоти нафтӣ сахт вобаста аст. Болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ба баланд шудани тарифи хизматрасонҳо низ оварда мерасонад.

Дар робита ба андешидани тадбирҳои таъсиррасон ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ тибқи гузориши Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, ки Хадамоти зидиинҳисорӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи ба Номгӯи молҳои нархашон танзимшаванда дохил намудани маводи сӯзишвориро мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, хулосаи мувофиқашударо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур намоянд.

Ҳамзамон мувофиқи банди 16 Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2018, №8 ҷиҳати муътадил гардонидани нархи сӯзишворӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ андешидани тадбирҳои қатъӣ дар самти пешгирӣ кардани баландшавии беасоси нархҳо ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дастури дахлдор дода шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади пешгирии болоравии нархҳо ва нархгузории аз нигоҳи иқтисодӣ беасос, ба низом даровардани бозори дохилии кишвар, риояи қоидаҳои нархгузорӣ, инчунин барои таъмин намудани бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ба Номгӯи молҳои нархашон танзимшаванда дохил намудани маводи сӯзишвориро қобили таваҷҷӯҳ мешуморад.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти 9,9 ҳазор метри мукааб гази табиӣ бо арзиши 0,9 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра ба қаламрави ҷумҳурӣ 280,3 ҳазор тонна нӯриҳои минералӣ ба маблағи 131,3 млн. доллар ворид гардидааст, ки дар қиёс ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 18,2 ҳазор тонна ё 12,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти гилхок дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 108,9 ҳазор тонна бо маблағи умумии 56,5 млн. долларро ташкил намуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он ба андозаи 60,0 ҳазор тонна ё 1,5 маротиба коҳиш ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо бештар аз 100 кишвари дунё муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ ба 1740,6 млн. доллар баробар гардид, ки ин  нишондиҳанда 55,7 фоизи гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Умуман ҳиссаи кишварҳои аъзои ИДМ дар сохтори содирот 50,2 фоиз ва воридот 57,6 фоизро ташкил дод.

Бо мақсади кам намудани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз таъсири омилҳои беруна, тақвият бахшидан ба рушди содиротии кишвар, тезонидани ҷараёни гуногунсамтии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, таъмини бозори истеъмолӣ бо захираҳои молӣ, дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот аз тарафи вазорату идораҳои мутасаддӣ иҷрои тадбирҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон дар самти кам намудани монеаҳои маъмурию техникӣ дар содироту воридот ва транзити молу маҳсулот, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол, бартараф намудани ҳолатҳои ғайрирасмии воридоту содирот мол, фароҳам овардани захираҳои зарурии молу маҳсулот ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ, назорати сифат ва бехатарӣ, инчунин бартараф намудани дигар мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти савдо ва хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаҳои Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …