Главная / Гуногун / Савдои хоричи: Содирот ва Воридоти Точикистон

Савдои хоричи: Содирот ва Воридоти Точикистон

Гардиши савдои хоричи. Мувофики маълумоти омори гардиши савдои хоричи дар моххои январ – сентябри соли чори 3126,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 9,1 фоиз ё 259,9 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Дар сохтори гардиши савдои хоричи хиссаи содирот 25,9 фоиз ва воридот ба 74,1 фоиз баробар гардид. Дар ин давра содироти мол 809,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз ё 92,2 млн. доллар кохиш ёфтааст.

Кохишёбии содирот асосан аз хисоби якбора се маротиба зиёд шудани тилло дар хамин давраи соли гузашта ба амал омадааст, зеро дар моххои январ – сентябри соли гузашта танхо аз хисоби содироти филузоти киматбахо суръати рушди ин нишондиханда дар мачмуъ ба андозаи 31,5 банди фоиз зиёд шуда буд. Тибки маълумоти Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон дар моххои январ-сентябри соли 2017 содироти сангхои ороиши ва филизотхои киматбахо ва нимкиматбахо (гурухи молии 71) 213,5 млн. долларро ташкил дода буд. Бе назардошти гурухи молии номбаршуда суръати рушди содирот дар нух мохи соли 2018-ум 117,4 фоизро ташкил медихад.

savdoi-xoriji

Воридоти мол бошад ба 2317,6 млн. доллар баробар гардида, дар киёс ба хамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз ё 352,1 млн. доллар зиёд аст.

Дар давраи хисоботи шарикони асосии тичоратии Чумхурии Точикистон давлатхои Россия (24 фоиз), Казокистон (19,6 фоиз), Хитой  (15,2 фоиз), Туркия (9,3 фоиз), узбекистон (7,0 фоиз), Олмон ва Эрон (2,4 фоизи), Афгонистон (1,9 фоиз), Покистон (1,8 фоиз), Киргизистон ва Чопон (1,5 фоиз), Италия (1,4 фоиз), Туркманистон (1,3 фоиз) ва дигарон ба хисоб мераванд. 

Хачми умумии гардиши савдои хоричи ва тарози он дар нух мохи солхои 2014 – 2018 (бо млн. доллар)

Ёдовар бояд шуд, ки аз чониби Хукумат бо максади кохиш додани самти ашёии содирот ва гузариш ба истехсолоти дорои арзиши баланд дар самтхои коркарди маъданхо нахи пахта, алюминийи аввалия, чарм ва махсулоти чарми, металлхои киматбахо ва нимкиматбахо, сангхои ороиши, махсулоти сохтмони, махсулоти меваю сабзавот, асал, гиёххои табобати «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020» кабул шудааст ва он имкон дод, ки рушди содирот ва сохтори сифатии он нисбат ба хамин давраи соли гузашта бехтар таъмин гардад.

Дар давраи хисоботи хиссаи асосии содиротии кишвар асосан аз хисоби фуруши маъдану консентратхо (37,1 фоиз), алюминийи аввалия ва махсулот аз он (19,0 фоиз), нахи пахта (18,0 фоиз), кувваи барк (9,0 фоиз), семент (6,1 фоиз), либос ва кисмхои он (1,8 фоиз) ва дигар махсулот ташаккул ёфтааст.

Сохтори содирот дар моххои январ-сентябри 2017-2018

Дар давраи хисоботи ба хоричи кишвар 248,7 хазор тонна бо маблаги 300,5 млн. доллар маъдану консентратхо содирот шуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 9,9 хазор тонна кохиш ёфта бошад хам, ифодаи арзишии он 25,4 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нархи миёнаи содиротии ин номгуи махсулот дар давраи хисоботи ба 1208 доллар барои як тонна баробар гардид, ки дар киёс ба хамин давраи соли гузашта 144 доллар боло рафтааст.

Содироти алюминийи аввалия дар моххои январ-сентябри соли чори 70,5 хазор тонна ба маблаги 151,5 млн. доллар содирот гардидааст. Нишондихандаи мазкур нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3,8 хазор тонна кам гардида, арзиши содиротии он бошад 7,7 млн. доллар афзудааст. Нархи миёнаи содиротии ин намуди махсулот нисбат ба хамин давраи соли гузашта 213 доллар афзоиш ёфта, 2149 доллар барои як тоннаро ташкил намуд.

soxtori-sodirot-2017

Новобаста аз болоравии нарх кохишёбии хачми истехсолот имкон надод, ки нишондихандаи арзишии содиротии он дар сатхи лозими таъмин гардад.

Махсулоти дигаре, ки дар сохтори содирот хиссаи назаррас дорад нахи пахта ва махсулоти тайёр аз он мебошад. Хачми содироти он дар моххои январ – сентябри соли чори 64,4 хазор тонна бо арзиши умумии 116,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 34,6 хазор тонна ва арзиши содиротии он 68,0 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нархи миёнаи фуруши нахи пахта нисбат ба хамин давраи соли гузашта 188 доллар боло рафта, ба 1804 доллар барои як тонна баробар гардид.

Татбики имтиёзхои андози вобаста ба содироти нахи пахта имкон дод, ки истехсоли махсулоти сикли аввал ва махсулоти тайёр хамасола афзоиш ёбад. Мувофики маълумоти омори дар давраи хисоботи содироти газвор, нассочи ва маснуоти он 44,3 млн. долларро ташкил намудааст.

Новобаста аз ин холо хам махсулоти номбаршуда, ки дар сохтори содирот мавкеи асоси доранд, бештар дар намуди ашёи хом содирот карда мешаванд.

Дигар масъала, аз чумла таъминоти хочагихо бо оби полези, тухмии хушсифат, нурихои минерали ва техникаи кишоварзи ва бахусус хавасмандгардонии хочагихои дехкони чихати васеъ намудани заминхои кишти пахта ва хосилнокии он, кушода ва халталаб боки монда, андешидани тадбирхои заруриро такозо менамояд.

Ифтитохи корхонахои истехсоли семент дар солхои охир имкон дод, ки талаботи рузафзуни иктисоди кишивар бо ин махсулот ба пурраги таъмин гардад ва содироти он ба таври васеъ ба рох монда шавад. Тибки маълумоти омори дар моххои январ-сентябри соли 2018 содироти семент 1066,4 хазор тонна бо арзиши умумии 49,3 млн. доллар ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 374,0 хазор тонна ё 15,6 млн. доллар зиёд мебошад.

soxtori-sodirot-2018

Дар давраи хисоботи содироти семент ба узбекистон, Чумхурии Исломии Афгонистон ва Киргизистон ба кайд гирифта шудааст.

Мусаллам аст, ки имконият ва иктидори чумхурии мо дар мавриди истехсол ва содироти меваю сабзавот хеле зиёд мебошад ва бартарияти табиии кишвар имкон медихад, ки иктидорхо сол то сол зиёд карда шуда, талаботи бозори дохили таъмин ва иктидорхои содиротии чумхури таквият дода шаванд.

Дар моххои январ-сентябри соли 2018 аз чумхури 115,0 хазор тонна меваю сабзавот бо арзиши умумии 12,4 млн. доллар содирот гардидааст, ки дар киёс ба хамин давраи соли 2017 аз руи хачм 21,2 хазор тонна ва аз руи арзиш 0,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Сохаи мухими ракобатпазир ва мусоидаткунанда ба рушди содирот истехсол ва коркарди хушкмевахо ба шумор меравад. Дар моххои январ-сентябри соли чори 13,2 хазор тонна бо арзиши умумии 3,2 млн. доллар мевахои хушк содирот гардидааст, ки ин нишондод дар таносуб бо хамин давраи соли гузашта 5,2 хазор тонна ё 0,6 млн. доллар кохиш ёфтааст.

Сохтори чугрофии содироти махсулоти кишоварзи васеъ гардида истодааст. Бозорхои асосии фуруши меваю сабзавот ва махсулоти коркарди онхо Казокистон, Киргизистон, Россия, Афгонистон, Туркия, Ирок, узбекистон, Белорус, Олмон ва дигар кишвархо ба хисоб мераванд.

Дар моххои январ-сентябри соли чори хачми содироти кувваи барк 2814,6 млн. кВт/соат бо арзиши 72,5 млн. долларро ташкил намуда, мутаносибан ба хамин давраи соли гузашта 1534,0 млн. кВт/соат ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Ифодаи арзишии содироти кувваи барк нисбат ба хамин давраи соли гузашта 23,7 доллар зиёд гардидааст.

Шарикони асоси аз руи амалиёти содироти Казокистон (27,9 фоиз), Туркия (24,4 фоиз), узбекистон (15,6 фоиз), Афгонистон (7,2 фоиз), Хитой (5,1 фоиз), Россия (5,0 фоиз), Эрон (3,4 фоиз), Нидерланд (2,6 фоиз), Италия (1,5 фоиз), Киргизистон (1,2 фоиз) ва дигарон мебошанд.

Бинобар ин, вазоратхои саноат ва технологияхои нав ва кишоварзи, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати, макомоти ичроияи хокимияти давлати дар вилоятхо, шахру нохияхо ва дигар макомоти мутасадди чихати баланд бардоштани сатхи таъминоти (дастрасии) корхонахои истехсоли бо манбаъхои ашёи хом ва воситахои ёрирасон барои афзун намудани истехсоли махсулоти паранда (гушт ва тухм), шир ва махсулоти шири, мохи, канноди, макарон, шарбатхо ва обхои ташнашикан, инчунин коркарди махсулоти сабзавоту мева дар доираи истифодаи самараноки иктидорхои амалкунанда тадбирхои заруриро рохандози намоянд.

Дар давраи хисоботи хачми воридот нисбат ба хамин давраи соли гузашта 325,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Воридоти молу махсулот аз кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил ба андозаи 160,9 млн. доллар ва аз кишвархои хоричаи дур 191,2 млн. доллар зиёд гардидааст.

Сохтори воридот дар моххои январ-сентябри 2017-2018

Дар  нух мохи соли чори рушди воридот бештар ба татбики имтиёзхои андози дар мавриди аз андози арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод намудани тачхизоти технологи ва кисматхои такмилдихандаи онхо (мавкеъи молии 84 ва 85), воситахои наклиёти замини (мавкеъи молии 87), инчунин металлхои сиёх (мавкеъи молии 72) вобаста аст.

Имтиёзхои номбаршуда бо максади бехтар гардонидани фазои сармоягузории кишвар, бо технологияи муосир мучаххаз намудани корхонахои истехсоли, азнав кардани парки автомобили ва татбики лоихахои сармояузори дар бахшхои мухталифи иктисодиёт равона шудаанд, ки яке аз роххои маъмули чалби сармоя ва рушди сохахои иктисоди милли мебошад.

voridot-tojikiston

Сохтори воридот аз махсулоти хурока (17,9 фоиз), махсулоти нафти (12,4 фоиз), воситахои наклиёти замини (9,4 фоиз), металлхои сиёх (9,1 фоиз), тачхизоти технологи (8,5 фоиз), гази моеъ (5,7 фоиз), тачхизотхои барки (5,1 фоиз), чубу тахта ва махсулот аз он (4,0 фоиз), махсулот аз металлхои сиёх (3,3 фоиз), махсулоти полимери, пластмаси (2,6 фоиз), гилхок (2,4 фоиз) ва гайрахо иборат мебошанд.

Тибки маълумоти Хадамоти гумрук дар ин давра ба чумхури ба маблаги 415,1 млн. доллар махсулоти озукавори ворид карда шудааст, ки дар ташаккули захирахои моли дар бозорхои чумхури ин манбаъ назаррас аст. Дар сохтори воридоти махсулоти озукавори хиссаи орду гандум 32,2 фоиз, канд ва махсулоти канноди 14,5 фоиз, равгани растани 13,9 фоиз, гушт ва махсулоти гушти 7,3 фоиз, махсулоти тайёр аз орд ва гандум 6,4 фоиз, какао ва махсулот аз он 5,0 фоизро ташкил медихад.

Дар давраи хисоботи воридоти гандум 720,9 хазор тонна бо арзиши умумии 120,7 млн. долларро ташкил дод ва нархи миёнаи он барои як тонна дар сатхи 167 доллар карор гирифт, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 34 доллар поён рафтааст. Кайд намудан лозим аст, ки хачми воридоти гандум дар моххои январ-сентябри соли 2018 нисбат ба хамин давраи соли гузашта 68,2 хазор тонна афзоиш ёфта, ифодаи арзишии он 10,8 млн. доллар кохиш ёфтааст.

Бояд кайд намуд, ки дар натичаи андешидани тадбирхои хавасмандгардонии воридот, коркарди гандум дар дохили кишвар афзоиш ёфта, то андозае вобастагии бозори дохили аз орди воридоти кам гардид. Хамин тавр, дар нух мохи соли чори хамаги 25,1 хазор тонна орд ба маблаги 5,4 млн. доллар ворид гардид, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 14,7 хазор тонна ё 4,7 млн. доллар кам аст. Хамзамон нархи миёнаи воридотии орд 39 доллари барои 1 тонна кохиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки дар таъмини бозори истеъмолии кишвар хануз хам хиссаи махсулоти воридоти зиёд аст ва метавонад ба амнияти озукавори ва саломатии шахрвандони кишвар таъсири манфии худро расонад, чихати пешгири кардани омилхои номбаршуда бо назардошти хулосахои Гурухи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангхои тарифию гайритарифии андешидани  чорабинихои зеринро аз чониби вазорату идорахои марбута зарур мешуморем:

– Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо якчо бо Вазорати саноат ва технологияхои нав ва Кумитаи бехатарии озукавори бо максади махдуд намудани воридоти махсулоти пастсифат ва ба саломати шахрвандон хатарнок масъалаи такмили Регламенти техникии Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии озукавори» ва дар сурати зарурат тахияи регламентхои алохидаро барои як ё гурухи махсулот мавриди омузиш карор дода, таклифхои мушаххас  пешниход намоянд;

– Хадамоти гумрук масъалаи ба таври гайрирасми ворид гардидани молу махсулотро тахти назорати чидди карор дода, зимни барасмиятдарории гумруки дар самти дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молхои шабехи воридотие, ки истехсолашон дар дохили кишвар ба таври назаррас ба рох монда шудааст, тадбирхои заруриро рохандози намояд.

Вазни хоси махсулоти нафти низ дар воридот назаррас аст ва дар моххои январ-сентябри соли чори 327,0 хазор тонна махсулот ворид гардид, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 5,7 хазор тонна ва арзиши махсулоти воридгардида 41,1 млн. доллар зиёд мебошад.

Мувофики маълумоти омори дар давраи хисоботи воридоти 149,3 хазор тонна сузишвории дизели бо арзиши 101,5 млн. доллар ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моххои январ-сентябри соли гузашта 11,1 хазор тонна ё 26,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нарххои воридотии сузишвории дизели 136 доллар, бензин 105 доллар, сузишвории реактиви 144 доллар, равганхои молидани 18 доллар барои як тонна афзоиш ёфтаанд.

Дар давоми моххои январ – сентябри соли чори 280,3 хазор тонна гази моеъ бо арзиши 131,3 млн. доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 18,2 хазор тонна бо арзиши 12,9 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Хамзамон нархи миёнаи воридотии гази моеъ 16 доллар барои як тонна боло рафтааст. Боло рафтани арзиши махсулоти нафти, аз чумла гази моеъ барои ташаккули арзиши аслии махсулот, бахусус махсулоти кишоварзи таъсири бевосита дорад, зеро раванди истехсолоти кишоварзи ба итифодаи махсулоти нафти сахт вобаста аст. Болоравии нархи махсулоти нафти ба баланд шудани тарифи хизматрасонхо низ оварда мерасонад.

Дар робита ба андешидани тадбирхои таъсиррасон чихати пешгирии болоравии нархи маводи сузишвори дар бозори истеъмоли тибки гузориши Муовини якуми Сарвазири Чумхурии Точикистон ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон пешниход гардидааст, ки Хадамоти зидиинхисори якчо бо вазорату идорахои дахлдор масъалаи ба Номгуи молхои нархашон танзимшаванда дохил намудани маводи сузишвориро мавриди тахлили хаматарафа карор дода, хулосаи мувофикашударо ба Хукумати чумхури манзур намоянд.

Хамзамон мувофики банди 16 Нусха аз Протоколи мачлиси Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 июли соли 2018, №8 чихати муътадил гардонидани нархи сузишвори тибки талаботи конунгузори андешидани тадбирхои катъи дар самти пешгири кардани баландшавии беасоси нарххо ба Прокуратураи генерали, Вазорати рушди иктисод ва савдо, Бонки милли, Хадамоти зиддиинхисори дастури дахлдор дода шудааст.

Вазорати рушди иктисод ва савдо бо максади пешгирии болоравии нарххо ва нархгузории аз нигохи иктисоди беасос, ба низом даровардани бозори дохилии кишвар, риояи коидахои нархгузори, инчунин барои таъмин намудани бехатарии озукавори дар чумхури ба Номгуи молхои нархашон танзимшаванда дохил намудани маводи сузишвориро кобили таваччух мешуморад.

Дар давраи хисоботи воридоти 9,9 хазор метри мукааб гази табии бо арзиши 0,9 млн. доллар ба кайд гирифта шудааст.

Дар ин давра ба каламрави чумхури 280,3 хазор тонна нурихои минерали ба маблаги 131,3 млн. доллар ворид гардидааст, ки дар киёс ба моххои январ-сентябри соли гузашта 18,2 хазор тонна ё 12,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Хачми воридоти гилхок дар моххои январ-сентябри соли чори 108,9 хазор тонна бо маблаги умумии 56,5 млн. долларро ташкил намуда, назар ба хамин давраи соли гузашта воридоти он ба андозаи 60,0 хазор тонна ё 1,5 маротиба кохиш ёфтааст.

Чумхурии Точикистон дар давраи хисоботи бо бештар аз 100 кишвари дунё муносибатхои тичорати дошт. Дар ин давра гардиши савдои хоричи бо кишвархои аъзои ИДМ ба 1740,6 млн. доллар баробар гардид, ки ин  нишондиханда 55,7 фоизи гардиши савдои хоричии чумхуриро ташкил медихад. Умуман хиссаи кишвархои аъзои ИДМ дар сохтори содирот 50,2 фоиз ва воридот 57,6 фоизро ташкил дод.

Бо максади кам намудани вобастагии иктисодиёти кишвар аз таъсири омилхои беруна, таквият бахшидан ба рушди содиротии кишвар, тезонидани чараёни гуногунсамтии истехсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, таъмини бозори истеъмоли бо захирахои моли, дар сатхи муътадил нигох доштани нархи молу махсулот аз тарафи вазорату идорахои мутасадди ичрои тадбирхои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016 – 2020» ба максад мувофик мебошад.

Хамзамон дар самти кам намудани монеахои маъмурию техники дар содироту воридот ва транзити молу махсулот, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол, бартараф намудани холатхои гайрирасмии воридоту содирот мол, фарохам овардани захирахои зарурии молу махсулот чихати таъмини бозори истеъмоли, назорати сифат ва бехатари, инчунин бартараф намудани дигар мушкилоти чойдошта дар фаъолияти савдо ва хизматрасонихо вобаста ба ичрои бандхои Протоколи чаласахои Гурухи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангхои тарифию гайритарифии савдои хоричи тадбирхои зарури андешанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …