Главная / Гуногун / Сафар бо дуст

Сафар бо дуст

Рафиқе доштам, ки солҳо бо ҳам сафар карда будему намак хўрда ва бекарон ҳуқуқи сўҳбат собит шуда. Охир ба сабаби нафъ андак озори хотири ман раво дошт ва дўсти сипарӣ шуд. Ва бо ин ҳама аз ду тараф дилбастагӣ буд. Шунидам, ки рўзе ду байт аз суханони ман дар маҷмаи ҳамегуфтанд:

Нигори ман чу дарояд ба хандаи намакин,
Намак зиёда кунад бар ҷаҳорати решон.
Чи будӣ, ар сари зулфаш ба дастам афтодӣ,
Чу остин каримон ба дасти дарвешон.

korvon-dustТоифаи дўстон ба лутфи ин сухан на, ки бар ҳусни сирати хеш гувоҳи ҳаме дода буданду офарин бурда ва ў ҳам дар ин ҷумла муболиға карда буд ва бар фавти сўҳбати дерин таасуф хўрда ва ба хатои хеш эътироф намуда, маълум кардам, ки аз тарафи ў ҳам рағбате ҳаст, ин байтҳо фиристодаму сулҳ кардем:

«На моро дар миён аҳду вафо буд?
Ҷафо кардию бадаҳдӣ намудӣ.
Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки баргардӣ ба зудӣ.
Ҳанузат гар сари сулҳ аст, боз ой,
К-аз он мақбултар бошӣ, ки будӣ!».

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jangi-arab

Заифе, ки бо қави диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.

Сояпарвардаро чӣ тоқати он, Ки равад бо муборизон ба китол. Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад Панҷа …