Главная / Илм / РАСИДАНИ АМОНАТИ ҲАЗРАТИ РАСУЛУЛЛОҲ /С/

РАСИДАНИ АМОНАТИ ҲАЗРАТИ РАСУЛУЛЛОҲ /С/

Овардаанд, ки баъд аз вафоти Ҳазрати Расул /с/ дар ҳар соле саҳобаи гиромӣ Анас ибни Молик /р/ ба сафари Қибла мерафтӣ ва бар дари хонаи Каъба биёмадӣ ва нишастӣ ва аҳодиси Ҳазрати Расул /с/ баён кардӣ. Абӯҳанифа /р/ дар он вақт хурдсол буд. Вақте шуд, ки падари вай ӯро бо худ ба сафари Қибла бурд зеро он сол Ҳаҷҷи Акбар буд. Чун ҳаҷҷи Ислом ба ҷо оварданд, Абӯҳанифа /р/ анбӯҳеро дид, ки бар дари хонаи Каъба. Аз падар пурсид, ки бар дари Каъба чи анбӯҳе аст? Падараш гуфт: Ёрест аз ёрони Расул /с/, умри фаровон ёфтааст ва дар хидмати Рисолатпаноҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам будааст.

Ҳар соле меояд ба дари хонаи Каъба, аҳкоми шаръӣ ва аҳодиси Расул /с/ баён мекунад. Абӯҳанифа /р/ падарашро гуфт:

– Маро ба ҳаво бардор, то рӯи мубораки ӯро бубинам. Падар вайро дар ҳаво кард. Анас ибни Молик /р/-ро, бидид, валекин суханони ӯро намешунид. Падарро гуфт:

– Маро дар маҷмаъа андоз, то пеши ӯ фуруд оям. Падараш вайро дарандохт. Пеши Анас /р/ фурӯд омад. Анас /р/ нигоҳ кард кӯдакеро дид дар пеши худ. Анас /р/ Ҳадиси Ҳазрати Расул (с) ба хотир оварду дарҳол гуфт: Ту кистӣ?

Гуфт:

–  Ман як кӯдакам аз мӯъминон.

Гуфт:

– Номи ту чист?

Гуфт:

– Нӯъмон ибни Собит.

Гуфт:

– Кунияти ту чист?

Гуфт:

– Абӯҳанифа.

Гуфт:

– Мавлуди ту аз куҷост?

Гуфт:

– Аз Кӯфа. Пас Анас /р/.

Гуфт:

– Эй мӯъминон бағалҳои маро бигиред ва маро баланд бардоред.

Бағалҳои вайро гирифтанд вайро бархезониданд, гуфт (бо дидагони пурсиришк):

– Эй аҳли арафот ва ҳоҷиён! Шумоён гувоҳ, бошед, ки ман амонат ва саломи Расул /с/-ро бад-ин кӯдак мерасонам. Ва амонат берун кард ва ба ӯ (Абӯҳанифа) дод.

Ва як ривоят ин аст, ки Анас /р/ ба Иброҳими Нахъӣ /р/ дод, Иброҳими Нахъӣ /р/ ба Ҳаммод ибни Абӯсулаймон /р/ дод ва Ҳаммод /р/ нигоҳ дошт, то ба рӯзгори Абӯҳанифа /р/, он гоҳ ба вай таслим кард… 63-15-16.

Имом Ҳаммод /р/, дар болои минбар амонат бар вай дод, Имоми Аъзам /р/ бихӯрд ва дарҳол дарёи илм дар вуҷудаш ба ҷӯш омад. 63,15-16

Ва хуш аст, агар аҳли назар, қиссаи «ба дидори мубораки саҳобаи муаззам Анас ибни Молик/р/» мушарраф гардидани Абӯҳанифаи хурдсолро аз забони орифи шӯрида ва маҷнуни боргоҳи Илоҳӣ пирам Ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ – Сайид Мавлавӣ Қаландаршоҳ ибни Шоҳ Соҳиб – Мутав. соли 1216 ҳ.қ., мутобиқ ба соли 1800 мелодӣ, дар қарияи Пушанги вилояти Қандаҳори Давлати Исломии Афғонистон ва мутаваффии соли 1295 ҳ.қ., мутобиқ ба соли 1877 мелодӣ, дар синни 77 солагӣ, дар қарияи Роҳатии ноҳияи Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олим ва шоиру орифи машҳури асри XIX-и тоҷик) бихонанд, ки эшон қиссаи пурсӯзу гудоз ва пур зи рамзу рози мазкурро дар девони кабирашон-«Маъданулҳол» (таърихи таълифи китоб соли 1269 ҳ.қ… мутобиқи 1852 мелодӣ аст) басо олӣ, дурдонавор, ба риштаи заррини назм кашидаанд, ки чунин аст:

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayora-olim

Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею

Савол: Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею маҳз Титан …