Главная / Гуногун / Қиссаи Муш, Буз, Гов, Асп ва Мор

Қиссаи Муш, Буз, Гов, Асп ва Мор

Муше дар қаҳдоне хона сохта, зиндагӣ мекард. Рӯзе море ба хонаи ӯ дохил шуд ва инро муш ногаҳон дида монд. Муш гурехта ба буз, гов ва асп: Кумак кунед, море ба хонаи ман ворид шудааст, гуфта муроҷит кард. Бузу гов ва асп гуфтанд: Ба мо чи? Мор ба хонаи ту даромада бошад ба мо дахл надорад гуфта ҷавоб доданд. Аз ин ҳол муш бо сари хамида ҳайрон шуда чи гуфтанро надонист ва гашта рафт.

Таззоди зиндагӣ:

 Чанде нагузашт, ки соҳибхона ба каҳдон омад ва мор аз пояш газид. Ҳамсараш табибро даъват кард ва у заҳри морро баровард ва ба мард парҳез фармуд. Барои ҳамин маҷбур шуданд, ки бузро кушта аз он шурбо омода намоянд. Мардуми деҳа ба аёдати мард омадан гирифтан. Боз маҷбур шуданд, ки говро сар буранд, то ба аёдаткунандагон таом бипазанд ва масъалаҳои ҳоҷагидориро ҳал намоянд. Мард сиҳат шуда аз ҷой хест ва фармуд, ки аспро бикушанду садақа намоянд.

Дар ин замон муш аз сурохии хонааш нигоҳ мекард ва аз мушкилие, ки ба дигарон дахл надошт, фикр мекард….

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dinastiya-shejbanidov-ddd

A3 ТАЪРИХИ МУБОРИЗАИ БОБУР МИРЗО БО ШАЙБОНИХОН

Воқеаи соли 907 (1501-1502) (Порча аз “Бобурнома). Ман дар Даҳкат меистодам, хабар расид, ки баҳор …