Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ 2017-2023

ҚАРОРИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ 2017-2023

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, маблағҳои махсус, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол оид, ба раванди иҷрои Консепсияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 январи соли 2017, № 28

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …