Главная / Без рубрики / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «РОҲБАЛАД»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «РОҲБАЛАД»

Роҳбалад (Проводник – Explorer) яке аз программаҳои асосии хидматии системаи Windows ба шумор рафта, барои навигатсияи сохтори файлии компютер ва хизматрасонии он пешбинӣ карда шудааст.

Ба воситаи Роҳбалад папкаҳо, ҳуҷҷатҳо ва программаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии Роҳбалад ҳамчунин ҳамаи амалиётеро, ки бо ёрии программаи Компютери ман иҷро карда мешуданд, амалӣ гардонидан мумкин аст. Ин программаро дар системаи оператсионии. Дар равзанаи Роҳбалад (Обзор) объектҳои диски С: инъикос ёфтаанд Windows 98 Обзор ҳам мегўянд. Истифодабарандагони компютер бо программаи Роҳбалад доимо дар алоқаанд.

papi

Ҳангоми иҷрокунии баъзе амалиёт, гарчанде дар экран равзанаи Роҳбалад ба таври ошкор дида нашавад ҳам, вале натиҷаи кор – маҳсули программаи Роҳбалад ба ҳисоб меравад. Ба мисли программаҳои дигари Windows, ҳангоми омодаи кор сохтани Роҳбалад низ дар экран равзанаи он кушода мешавад .

Дар сарлавҳаи равзанаи Роҳбалад номи программа (Обзор) ва номи папкае, ки объектҳои дохили он бояд инъикос ёбанд, нишон дода мешавад. Пас аз сарлавҳа, чун анъана дар сатри дуюми равзана менюи он ва дар сатри оянда панели асбобҳои система ҷойгир мешаванд. Майдони кории равзана бо хати амудӣ ба ду қисм тақсим карда мешавад, ки ин аломат равзанаи Роҳбаладро аз дигар равзанаҳои Windows фарқ мекунонад. Дар қисми чапи майдони кории он шакли дарахтмонанди папкаҳо нишон дода мешавад, ки ба воситаи он мо метавонем ягон папкаро интихоб намоем. Ин қисми майдонро панели папкаҳо мегўянд. Барои интихоб кардани папка, нишондиҳандаи мушро ба нишонаи он мегузорем ва тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Дар ин маврид дар қисми рости майдони корӣ объектҳои дохили папкаи интихобкардашуда нишон дода мешаванд. Ин қисми майдонро панели мундариҷаи папкаҳо мегўянд.

Дарахти папкаҳо ном гирифтани панели чапи равзанаи Роҳбалад беҳуда нест. Папкаи аз ҳама васеътарин – Мизи корӣ, решаи дарахт ба ҳисоб меравад. Шохаҳои он бошанд, папкаҳо ва зерпапкаҳои ин папкаҳо шумурда мешаванд.

Агар ба дарахти папкаҳо бодиққат нигоҳ кунем, он гоҳ мебинем, ки аз тарафи чапи баъзе папкаҳо аломати «+» гузош- та шудааст. Ҷой доштани ин аломат гувоҳи он аст, ки дар дохили ин папка зерпапкаҳо ҷойгир шудаанд. Барои дар экран инъикос намудани зерпапкаҳо, нишондиҳандаи мушро ба аломати «+» гузошта, тугмаи чапи онро пахш мекунем.

Он зерпапкаҳое, ки дар дохили ин папка ҷойгир шудаанд, ба дарахти папкаҳо илова карда мешаванд ва дар назди папкаи аввала аломати «-» пайдо мешавад. Ва баръакс, дар ҳолати пахш кардани аломати «-» папкаҳои дохилӣ аз нав ғайб мезананд ва такроран дар назди папкаи аввала аломати «+» пайдо мегардад.

Пас аз дар дарахти папкаҳо интихоб намудани ягон папка ва дар қисми рости равзана инъикос шудани объектҳои дохили он (зерпапкаҳо, программаҳо, ярликҳо ва ҳуҷҷатҳо), мо метавонем як ё якчанд нишонаҳои он объектҳоро интихоб намоем. Барои интихоб кардани танҳо як нишона, чун анъана нишондиҳандаи мушро ба болои он гузошта тугмаи чапашро пахш мекунем. Барои интихоби якчанд нишонаҳои объектҳои пай дар пай ҷойгиршуда бошад, аввал нишондиҳандаи мушро ба нишонаи объекти якум мегузорем ва тугмаи чапро пахш мекунем. Баъд дар клавиатура тугмаи Shift -ро пахш карда истода, нишонаи объекти охиронро интихоб менамоем. Дидан мумкин аст, ки якчанд нишонаҳои объектҳои папкаи Komilov интихоб карда шуда. Интихоби якчанд нишонаҳои объектҳои пай дар пайи папкаанд. Ранги нишонаҳои объектҳои интихобкардашуда нисбат ба ранги дигар нишонаҳо равшантар (сиёҳи баланд) мегардад.

Барои интихоби нишонаҳои объектҳои дар ҷойҳои гуногуни равзана ҷойгиршуда бошад, аввал тугмаи Ctrl -ро пахш карда истода, баъд онҳоро интихоб намудан лозим аст. Дар расм якчанд нишонаҳои папкаи 2018 интихоб карда шудаанд, ки онҳо дар папка пай дар пай ҷойгир нашудаанд. Пас аз интихобкунии нишонаҳои объектҳои дохили равзана, бо онҳо амалиёти гуногунро (аз қабили ба дигар папка кўчонидан, нусхабардорӣ кардан, нобуд сохтан ва ғайра) иҷро намудан мумкин аст.

 Интихоби якчанд нишонаҳои дар ҷойҳои гуногуни папка ҷойгиршуда

Саволҳо:

  1. Программаи хидматии Роҳбалад барои иҷрои кадом амалиёт пешбинӣ карда шудааст?
  2. Программаи хидматии Роҳбалад бо программаи системавии Компютери ман чӣ умумият ва аз он чӣ фарқ дорад?
  3. Равзанаи папкаи Роҳбалад чӣ ном дорад ва он аз равзанаҳои дигар папкаҳо бо чӣ фарқ мекунад?
  4. Функсияи панели папкаҳои равзанаи Роҳбалад аз панели мундариҷаи папкаҳои он бо чӣ фарқ мекунад?
  5. Барои чӣ панели чапи равзанаи Роҳбаладро дарахти папкаҳо меноманд?
  6. Навигатсияи сохтори файлии компютер бо ёрии программаи Роҳбалад чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
  7. Нишонаҳои объектҳои Windows-ро бо ёрии равзанаи Роҳбалад чӣ тавр интихоб кардан мумкин аст?
  8. Бо нишонаҳои объектҳои интихобкардашудаи равзанаи Роҳбалад кадом амалиётро гузаронидан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Равзанаи папкаи Роҳбаладро кушоед ва сохти онро муоина намоед.
  3. Ба воситаи панели чапи равзанаи папкаи Роҳбалад нишонаҳои якчанд папкаҳо ва зерпапкаҳои онҳоро кушоед ва аҳамият диҳед, ки дар панели рости равзана чӣ ҳодиса рўй медиҳад.
  4. Ба воситаи панели рости равзанаи Роҳбалад нишонаи ягон папкаро интихоб намоед, равзанаи онро кушода объектҳои дохили онро муоина кунед ва аз нав равзанаро пўшед.
  5. Аз усули навигатсионӣ истифода бурда папкаи хусусии худро ёбед, равзанаи онро кушоед ва аз нав онро пўшед.

 

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …