Главная / Варзиш / ПАРАСТИШИ МЕССИ (Футболбоз)

ПАРАСТИШИ МЕССИ (Футболбоз)

Мањбубият ва парастиши Лионел Месси дар назари мухлисони ашаддии футбол – фанатњо то андозаест, ки аз ў Худо сохтанї мешаванд. Дар ин хусус шабакањои иљтимої андешањои мухлисонро ба табъ мерасонанд. Нињоят ба ин масъала Папаи Рим Франсиск таваҷҷуњ зоњир намуда, андешаи худро иброз намудааст. Ин њангоми сафараш ба Барселона, дар мусоњиба бо шабакаи телевизионии Каталония La Sexta, ба вуқўъ омад. Роњбари католикњои дунё ба мақоми худовандї доштани Лионел Месси зид баромад. Вақте аз ў пурсиданд: магар тањқир нест, ки баъзеи фанатњо Мессиро Худо њисоб мекунанду ба ў саҷда меоранд? Папа дар посух гуфт: «Магар ў Худост? Чунин гуфтан нашояд. Ман ба ин зид њастам».

mesiФрансиск – дар таърихи дайри католикии Рим аввалин роњбар аз Дунёи нав ба шумор меравад. Ў аргентинии решањои итолёвидошта буда, мухлиси ашаддии футбол ва дастаи «Сан-Лоренсо» мебошад. Ба пораи суњбати журналист Ҷорди Эволе таваҷҷуњ фармоед: Ҷорди Эволе: – Магар тањқир аст, ки Мессиро Худо мегўянд? Папа Франсиск: – Албатта, тањқири кулл аст. Шумо наметавонед ин тавр гўед. Ман, масалан, ба ин бовар надорам. Шумо бовар доред? Ҷорди Эволе: – Бале! Папа: – Ман- не. Албатта, одамон метавонанд бигўянд, ки ў Худост. Аммо онњо метавонанд инро дигар хел ба забон оранд: «Ман туро мепарастам, Лионел», вале фақат ба Худо бовар кардан мумкин аст, ин андешаи одии мухлисон аст. «Месси Худоест бо тўб дар майдон» – як усули ибрознамоии андешањо ба бозии ўст.

Ҷорди Эволе: – Аммо вай хеле хуб бозї мекунад, њамин тавр нест? Папа Франсиск: – Бешубња, ў бењамтост, вале Худо нест. Папа дар андешаи худ танњо нест. Масалан, Пеле гуфтааст, ки Месси бозигари њамаҷониба нест ва Марадона нисбат ба ў хеле бењтар аст. Мураббии «Барселона» Валверде ва футболбози «Барселона» Малком чунин мењисобанд, ки Месси Худо нест, шояд фиристодаи сайёраи дигар бошад. Худи Лионел Месси дар бораи аз ў Худо тарошидани фанатњояш дар ягон расона чизе нагуфтааст. Шояд оқибат дар ҷавоб чизе бигўяд? Иќрори Месси: «Бе Роналду зиќ шудам» Лео Месси бо журналистон ањён-ањён суњбат меорояд.

Аммо чанде пеш дар радиошоуи Club Octubre 94.7 FM суњбати муфассали ин футболбози ҷањонї пахш гардид. Мо муњтавои ин суњбатро манзури ихлосмандони варзиш мегардонем. Дарду алами асосии Месси – мунтахаби Аргентина ва гапу калоча дар бораи ў мебошад. Лео дар мунтахаб бо Марокко ба бозї набаромад, ки ин амалаш боиси қањру ѓазаби дастандаркорони африқоии вохўрї гардид. Дар хона бошад, навиштанд, ки Месси аз бозї дар мунтахаб саркашї мекунад. Лео нињоят барошуфт: «Њар хел гапбофї дар бораи ман кори муқаррарист. Њақиқат дар он аст, ки ман гирифтори бемории пубалгия ( чурраи варзишї) њастам, ки гоњ-гоње азиятам медињад. Бояд худро эњтиёт кунам». Лео мегўяд, ки танқид на танњо ба ў, балки ањли оилаашро низ азият медињад. «Писараки шашсолаам њайрон мешавад, ки чаро маро дар Аргентина бадном мекунанд?».

Видеои Ютубро тамошо карда, мепурсад, ки барои чї дар он ҷо маро чашми дидан надоранд? Ман дўстону бародарон дорам, ки аз дурўѓњои дар њаққи ман бофта ранҷ мекашанд. Месси бисёр мехоњад, ки Чемпионати ҷањонро дар Русия фаромўш намояд. Аргентина танњо дар як бозї ѓолиб омада, дар марњилаи њаштякфинал ба Фаронса (4:3) бой дод. «Ин бароям зарбаи сахттарин дар њайати мунтахаб буд. Аз бозии аввал (бо Исландия – 1:1) корамон омад накард. Мо инро намехостем». Месси иқрор мешавад, ки мунтахаби Аргентина аз лињози сифати бозї ва њайат бадтар аз «Барселона» мебошад: «Дастаи мунтахаб ба мисли «Барселона» бозї карда наметавонад, зеро сабки бозии «Барса» –фалсафаи худро дорад.

Мунтахаби Аргентина на бозигар дораду на вақт, ки тамрин намояд». Маълум мешавад, ки Лео бе Роналду зиқ мешудааст: «Криштиануро ёд мекунам. Бар зидди ў, њарчанд душвор бошад њам, бозидан хушу гуворо буд. Бароям буридани ҷоизањо, вақте ки Роналду дар «Реал» буд, хеле хуш меомад. Агар ў дар Мадрид мебуд, хеле хуб мешуд». Лео ба савол дар бораи футболбози бењтарини ҷањон посухи аҷибе додааст: «Футболбозони хуб амсоли Неймар, Мбаппе, Суарес, Азар њастанд. Њар яки онњо метавонанд бењтарин бошанд. Вале ман Роналдуро аз ин гурўњ ҷудо кардам – ў бо ман аст».

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …