Главная / Варзиш / ПАРАСТИШИ МЕССИ (Футболбоз)

ПАРАСТИШИ МЕССИ (Футболбоз)

Мањбубият ва парастиши Лионел Месси дар назари мухлисони ашаддии футбол – фанатњо то андозаест, ки аз у Худо сохтанї мешаванд. Дар ин хусус шабакањои иљтимої андешањои мухлисонро ба табъ мерасонанд. Нињоят ба ин масъала Папаи Рим Франсиск таваччуњ зоњир намуда, андешаи худро иброз намудааст. Ин њангоми сафараш ба Барселона, дар мусоњиба бо шабакаи телевизионии Каталония La Sexta, ба вукуъ омад. Роњбари католикњои дунё ба макоми худовандї доштани Лионел Месси зид баромад. Вакте аз у пурсиданд: магар тањкир нест, ки баъзеи фанатњо Мессиро Худо њисоб мекунанду ба у сачда меоранд? Папа дар посух гуфт: «Магар у Худост? Чунин гуфтан нашояд. Ман ба ин зид њастам».

mesiФрансиск – дар таърихи дайри католикии Рим аввалин роњбар аз Дунёи нав ба шумор меравад. У аргентинии решањои итолёвидошта буда, мухлиси ашаддии футбол ва дастаи «Сан-Лоренсо» мебошад. Ба пораи суњбати журналист Чорди Эволе таваччуњ фармоед: Чорди Эволе: – Магар тањкир аст, ки Мессиро Худо мегуянд? Папа Франсиск: – Албатта, тањкири кулл аст. Шумо наметавонед ин тавр гуед. Ман, масалан, ба ин бовар надорам. Шумо бовар доред? Чорди Эволе: – Бале! Папа: – Ман- не. Албатта, одамон метавонанд бигуянд, ки у Худост. Аммо онњо метавонанд инро дигар хел ба забон оранд: «Ман туро мепарастам, Лионел», вале факат ба Худо бовар кардан мумкин аст, ин андешаи одии мухлисон аст. «Месси Худоест бо туб дар майдон» – як усули ибрознамоии андешањо ба бозии уст.

Чорди Эволе: – Аммо вай хеле хуб бозї мекунад, њамин тавр нест? Папа Франсиск: – Бешубња, у бењамтост, вале Худо нест. Папа дар андешаи худ танњо нест. Масалан, Пеле гуфтааст, ки Месси бозигари њамачониба нест ва Марадона нисбат ба у хеле бењтар аст. Мураббии «Барселона» Валверде ва футболбози «Барселона» Малком чунин мењисобанд, ки Месси Худо нест, шояд фиристодаи сайёраи дигар бошад. Худи Лионел Месси дар бораи аз у Худо тарошидани фанатњояш дар ягон расона чизе нагуфтааст. Шояд окибат дар чавоб чизе бигуяд? Иќрори Месси: «Бе Роналду зиќ шудам» Лео Месси бо журналистон ањён-ањён суњбат меорояд.

Аммо чанде пеш дар радиошоуи Club Octubre 94.7 FM суњбати муфассали ин футболбози чањонї пахш гардид. Мо муњтавои ин суњбатро манзури ихлосмандони варзиш мегардонем. Дарду алами асосии Месси – мунтахаби Аргентина ва гапу калоча дар бораи у мебошад. Лео дар мунтахаб бо Марокко ба бозї набаромад, ки ин амалаш боиси кањру ѓазаби дастандаркорони африкоии вохурї гардид. Дар хона бошад, навиштанд, ки Месси аз бозї дар мунтахаб саркашї мекунад. Лео нињоят барошуфт: «Њар хел гапбофї дар бораи ман кори мукаррарист. Њакикат дар он аст, ки ман гирифтори бемории пубалгия ( чурраи варзишї) њастам, ки гоњ-гоње азиятам медињад. Бояд худро эњтиёт кунам». Лео мегуяд, ки танкид на танњо ба у, балки ањли оилаашро низ азият медињад. «Писараки шашсолаам њайрон мешавад, ки чаро маро дар Аргентина бадном мекунанд?».

Видеои Ютубро тамошо карда, мепурсад, ки барои чї дар он чо маро чашми дидан надоранд? Ман дустону бародарон дорам, ки аз дуруѓњои дар њакки ман бофта ранч мекашанд. Месси бисёр мехоњад, ки Чемпионати чањонро дар Русия фаромуш намояд. Аргентина танњо дар як бозї ѓолиб омада, дар марњилаи њаштякфинал ба Фаронса (4:3) бой дод. «Ин бароям зарбаи сахттарин дар њайати мунтахаб буд. Аз бозии аввал (бо Исландия – 1:1) корамон омад накард. Мо инро намехостем». Месси икрор мешавад, ки мунтахаби Аргентина аз лињози сифати бозї ва њайат бадтар аз «Барселона» мебошад: «Дастаи мунтахаб ба мисли «Барселона» бозї карда наметавонад, зеро сабки бозии «Барса» –фалсафаи худро дорад.

Мунтахаби Аргентина на бозигар дораду на вакт, ки тамрин намояд». Маълум мешавад, ки Лео бе Роналду зик мешудааст: «Криштиануро ёд мекунам. Бар зидди у, њарчанд душвор бошад њам, бозидан хушу гуворо буд. Бароям буридани чоизањо, вакте ки Роналду дар «Реал» буд, хеле хуш меомад. Агар у дар Мадрид мебуд, хеле хуб мешуд». Лео ба савол дар бораи футболбози бењтарини чањон посухи ачибе додааст: «Футболбозони хуб амсоли Неймар, Мбаппе, Суарес, Азар њастанд. Њар яки онњо метавонанд бењтарин бошанд. Вале ман Роналдуро аз ин гуруњ чудо кардам – у бо ман аст».

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …