Главная / Ҷамъият / Омадани малакулмавт

Омадани малакулмавт

Омадани малакулмавт

Овардаанд, ки чун банда ба қарибии марг расад, Малакулмавт, яъне малоикаи ҷонгирандаро бинад, бидонад. ки вақти рафтан аст. Ҳасрате дар дили вай фуруд ояд, ки онро ниҳоят набошад, гӯяд: – Ё Малакулмавт, як рӯз маро мӯхлат  деҳ, то тавба кунам ва узри гуноҳони худ бихоҳам.

Гӯяд:  Рӯзҳои бисёр пеш буд, чаро тавба накардӣ? Акнун умри ту тамом шуд ва ҳеҷ рӯз боқӣ намонд.

Гӯяд: – Як соат мӯҳлат деҳ.

Гӯяд:  Соатҳо бирасид ва ҳеҷ намонд.

Чун он ноумедиро аз тавба кардан бинад, асли имони ӯ дар ларза афтад.

Пас бояд, ки банда аз хоби ғафлат бедор шавад ва корсозии марг кунад. Баъзе аз мӯйсафедон ва пиразанони замони мо, ба ҷои он ки пир шуданд худопарастиро бисёртар кунанд, ки ба марг қарибтаранд, баръакс намозхониро низ бас мекунанд ва зикру тасбеҳ гуфтанро аз онҳо намешунавӣ. Ва мегӯянд, ки мо заъиф шудаем ва об моро зарар мекунад, лекин гирди деҳаро гашта метавонанд ва барои намоз хондан заьифанд. Ва аз Худо тарсе надоранд.

Худованд паноҳ дихад аз ин гуна пирон. Дар шариати мо агар касал дар бистари беморӣ бошаду ҳаракат карда натавонад ҳам, чун ҳушаш ба сараш бошад, намоз аз гарданаш соқит нест. Бояд ӯро таяммум кунонанд ва намозашро бо ишора бигузорад.

Хабар гирифтан ва пурсидани бемор аз ҳуқуқи мусулмонон аст. Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар кас беморсро бипурсад, доим дар бӯстони биҳишт бошад.

Дар ҳадис омадааст, ки ҳар кас беморро бипурсад, мартабаи  шаҳид ёбад.

Хабар гирифтани бемор суннат аст, аммо дар назди бемор  бисёр нишастан бидъат аст.

Вақте ки инсон ба ҳолати охирини беморӣ мерасад, яьне ӯ ба марг наздик мешавад, малоикае меояд, ки ӯ вобаста карда шуда аст ба роҳравии банда. Ба бемор баъди салом мегӯяд: – Эй бандаи Худо, ман бар қадамзании ту вобаста будам. Талаб намудам аз машриқ то мағриб, наёфтам қадаме аз қадамҳои ту.

Баъд аз он рафта ба малакулмавт мегӯяд, ки коми фалон банда тамом шуд. Баъд аз он малоикаи ризқ даррасида пас аз салом мегӯяд, ки, эй бандаи Худо, ман муваккали ризқи ту будам, тардид намудам аз Машриқ то Мағриб, наёфтам луқмае аз ризқи ту.

Баъд аз он малоикаи ризқ малакулмавтро мегӯяд, ки ризқи фалон банда тамом шуд. Пас аз он меояд малоикае, ки вобаста ба нӯшиданиҳост ва баъди салом мегӯяд, ки, эй бандаи Худой, ман муваккал будам бар машруботи ту, ҷустуҷӯ кардам аз Шарқ то Ғарб, наёфтам як қатраи об аз барои ту ва ба малакулмавт мегӯяд, ки машруботи фалон банда тамом шуд.

Баъд аз он малоикае, ки ба нафас вобаста аст аз дар медарояду баъди салом мегӯяд, ки, эй бандаи Худой, ман муваккал будам бар дамҳои ту, бисёр гардидам, наёфтам як дам аз ҳаёти ту. Баъд малоикаи вобаста ба нафас рафта, ба малакулмавт мегӯяд, ки дамҳои фалон банда ба охир расид.

Баъд аз он чаҳор фаришта ояд, ду аз рӯз ва ду аз шаб инҳоро кироман котибин бигӯянд. Номаи бандаро бароварда ба ӯ пешкаш мекунанд, ки назар кун. Ҳангоме ки банда назар мекунад, аз тарс арақ аз баданаш ҷорӣ мешавад. Агар банда  аз некбахтон бошад, зоҳир мешавад, хате аз нур дар саҳифаи китобе, ки дар пеши малакулмавт аст. Дар он китоб номҳои ҳамаи бандагон бошанд. Ва агар аз бадбахтон бошад, зоҳир мешавад хате аз сиёҳӣ.

Банда ба чапу рост нигоҳ, мекунад. Фариштагон чашми ӯро поён меандозанд ва ӯро аз такя меафкананд. Баъд аз он малакулмавт медарояд. Дар дасти роста ӯ фариштаҳои раҳмат ва дар дасти чапи ӯ фариштаҳои азоб бошанд. Баъзе аз онҳо рӯҳро ба осонӣ мекашанд ва баьзе ба сахтӣ.

Чун малакулмавт қабзи рӯҳ мехоҳад, рӯҳ бо ӯ ба сухан меояд, ки ман итоати ту намекунам, то Худой таъоло ба ман амр накунад.

Малакулмавт мегӯяд, ки Парвардигори ман амр кардааст. Рӯҳ мегӯяд, ки шоҳид биёр, вақте ки Парвардигори ман маро пайдо кард ва маро дар тан даровард, ту он замон ҳозир набудӣ. Акнун мехоҳӣ, ки маро фаро гирӣ.

Малакулмавт ба сӯи Худой таъоло бозгардад ва гӯяд, ки бандаи ту чунин ва чунон мегӯяд.

Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки рост гуфт рӯҳи бандаи ман.

Пас фармон шавад, ки бирав дар биҳишт ва бигир себеро, ки бар он кудрати ман аст ва бинамои онро ба рӯҳи бандаи ман.

Малакулмавт рафта, аз бӯстони ҷаннат себеро мегирад, ки бар он себ “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” навишта шуда бошад. Он себро ба он банда менамояд. Чун рӯҳи банда онро мебинад, бо хурсандӣ берун меояд. Малакулмавт чун хоҳад, ки рӯҳи бандаро гирад, аввал аз ҷониби даҳони банда меояд, то қабзи рӯҳ бикунад. Зикр аз даҳони ӯ баромада бо ӯ мегӯяд, ки туро дар ин ҷиҳат роҳ нест. Барои он ки дар даҳон зикри Парвардигори ман аст.

Малакулмавт ба сӯи Худои таъоло бозмегардад ва мегӯяд, ки бор Худоё, бандаи ту чунин мегӯяд. Аллоҳ таъоло мефармояд, ки рӯҳи ӯро аз ҷиҳати дигар қабз намоӣ.

Пас аз тарафи дасти рост меояд, то рӯҳи он бандаро қабз кунад, дасти ӯ мегӯяд, ки туро ҳаргиз ба ман роҳ нест, барои он ки ман дар роҳи Худой таъоло садақаи бисёр додаам ва сари ятимонро масҳ кардаам. Ва сухани Худо ва Расулуллоҳ ;навиштаам ва теғ бо куфор задаам.  Пас аз ҷониби пой равад. Пой низ монанди даст роҳ надиҳад, гӯяд, ки ман ба намози ҷумъа рафтаам ва ба ҷамоат ҳозир шудаам ва касалиро хабар гирифтаам. Ва дар маҷлиси уламо даромадаам. Пас ба ҷониби гӯшҳо равад. Гӯшҳо гӯянд, ки бирав, аз ҷониби мо роҳ нест,  барои он ки доим зикри Қуръон шунидем. Пас ба сӯи дидаҳо равад ва дидаҳо гӯянд, ки бирав, аз ҷониби мо роҳ, нест, бо ин дидаҳо рӯи Қуръону олимонро дидаам.

Малакулмавт ноилоҷ шуда ба Ҳақ Субҳона ва таъоло боз гардад ва гӯяд: – Худовандо, ғолиб омад бар ман аъзои бандан ту. Чӣ фармоӣ, то ҷони ӯро чӣ гуна ситонам. Он гоҳ Аллоҳ таъоло фармояд: – Бинавис номаи ман бар дасти худ. Бинамо бар вай ҳамчунон кунад, пас рӯҳи банда барояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …