Главная / Чамъият / Омадани малакулмавт

Омадани малакулмавт

Омадани малакулмавт

Овардаанд, ки чун банда ба карибии марг расад, Малакулмавт, яъне малоикаи чонгирандаро бинад, бидонад. ки вакти рафтан аст. Хасрате дар дили вай фуруд ояд, ки онро нихоят набошад, гуяд: – Ё Малакулмавт, як руз маро мухлат  дех, то тавба кунам ва узри гунохони худ бихохам.

Гуяд:  Рузхои бисёр пеш буд, чаро тавба накарди? Акнун умри ту тамом шуд ва хеч руз боки намонд.

Гуяд: – Як соат мухлат дех.

Гуяд:  Соатхо бирасид ва хеч намонд.

Чун он ноумедиро аз тавба кардан бинад, асли имони у дар ларза афтад.

Пас бояд, ки банда аз хоби гафлат бедор шавад ва корсозии марг кунад. Баъзе аз муйсафедон ва пиразанони замони мо, ба чои он ки пир шуданд худопарастиро бисёртар кунанд, ки ба марг карибтаранд, баръакс намозхониро низ бас мекунанд ва зикру тасбех гуфтанро аз онхо намешунави. Ва мегуянд, ки мо заъиф шудаем ва об моро зарар мекунад, лекин гирди дехаро гашта метавонанд ва барои намоз хондан заьифанд. Ва аз Худо тарсе надоранд.

Худованд панох дихад аз ин гуна пирон. Дар шариати мо агар касал дар бистари бемори бошаду харакат карда натавонад хам, чун хушаш ба сараш бошад, намоз аз гарданаш сокит нест. Бояд уро таяммум кунонанд ва намозашро бо ишора бигузорад.

Хабар гирифтан ва пурсидани бемор аз хукуки мусулмонон аст. Расули акрам (с) фармуданд, ки хар кас беморсро бипурсад, доим дар бустони бихишт бошад.

Дар хадис омадааст, ки хар кас беморро бипурсад, мартабаи  шахид ёбад.

Хабар гирифтани бемор суннат аст, аммо дар назди бемор  бисёр нишастан бидъат аст.

Вакте ки инсон ба холати охирини бемори мерасад, яьне у ба марг наздик мешавад, малоикае меояд, ки у вобаста карда шуда аст ба рохравии банда. Ба бемор баъди салом мегуяд: – Эй бандаи Худо, ман бар кадамзании ту вобаста будам. Талаб намудам аз машрик то магриб, наёфтам кадаме аз кадамхои ту.

Баъд аз он рафта ба малакулмавт мегуяд, ки коми фалон банда тамом шуд. Баъд аз он малоикаи ризк даррасида пас аз салом мегуяд, ки, эй бандаи Худо, ман муваккали ризки ту будам, тардид намудам аз Машрик то Магриб, наёфтам лукмае аз ризки ту.

Баъд аз он малоикаи ризк малакулмавтро мегуяд, ки ризки фалон банда тамом шуд. Пас аз он меояд малоикае, ки вобаста ба нушиданихост ва баъди салом мегуяд, ки, эй бандаи Худой, ман муваккал будам бар машруботи ту, чустучу кардам аз Шарк то Гарб, наёфтам як катраи об аз барои ту ва ба малакулмавт мегуяд, ки машруботи фалон банда тамом шуд.

Баъд аз он малоикае, ки ба нафас вобаста аст аз дар медарояду баъди салом мегуяд, ки, эй бандаи Худой, ман муваккал будам бар дамхои ту, бисёр гардидам, наёфтам як дам аз хаёти ту. Баъд малоикаи вобаста ба нафас рафта, ба малакулмавт мегуяд, ки дамхои фалон банда ба охир расид.

Баъд аз он чахор фаришта ояд, ду аз руз ва ду аз шаб инхоро кироман котибин бигуянд. Номаи бандаро бароварда ба у пешкаш мекунанд, ки назар кун. Хангоме ки банда назар мекунад, аз тарс арак аз баданаш чори мешавад. Агар банда  аз некбахтон бошад, зохир мешавад, хате аз нур дар сахифаи китобе, ки дар пеши малакулмавт аст. Дар он китоб номхои хамаи бандагон бошанд. Ва агар аз бадбахтон бошад, зохир мешавад хате аз сиёхи.

Банда ба чапу рост нигох, мекунад. Фариштагон чашми уро поён меандозанд ва уро аз такя меафкананд. Баъд аз он малакулмавт медарояд. Дар дасти роста у фариштахои рахмат ва дар дасти чапи у фариштахои азоб бошанд. Баъзе аз онхо рухро ба осони мекашанд ва баьзе ба сахти.

Чун малакулмавт кабзи рух мехохад, рух бо у ба сухан меояд, ки ман итоати ту намекунам, то Худой таъоло ба ман амр накунад.

Малакулмавт мегуяд, ки Парвардигори ман амр кардааст. Рух мегуяд, ки шохид биёр, вакте ки Парвардигори ман маро пайдо кард ва маро дар тан даровард, ту он замон хозир набуди. Акнун мехохи, ки маро фаро гири.

Малакулмавт ба суи Худой таъоло бозгардад ва гуяд, ки бандаи ту чунин ва чунон мегуяд.

Аллох таъоло мегуяд, ки рост гуфт рухи бандаи ман.

Пас фармон шавад, ки бирав дар бихишт ва бигир себеро, ки бар он кудрати ман аст ва бинамои онро ба рухи бандаи ман.

Малакулмавт рафта, аз бустони чаннат себеро мегирад, ки бар он себ “Бисмиллохир-рахмонир-рахим” навишта шуда бошад. Он себро ба он банда менамояд. Чун рухи банда онро мебинад, бо хурсанди берун меояд. Малакулмавт чун хохад, ки рухи бандаро гирад, аввал аз чониби дахони банда меояд, то кабзи рух бикунад. Зикр аз дахони у баромада бо у мегуяд, ки туро дар ин чихат рох нест. Барои он ки дар дахон зикри Парвардигори ман аст.

Малакулмавт ба суи Худои таъоло бозмегардад ва мегуяд, ки бор Худоё, бандаи ту чунин мегуяд. Аллох таъоло мефармояд, ки рухи уро аз чихати дигар кабз намои.

Пас аз тарафи дасти рост меояд, то рухи он бандаро кабз кунад, дасти у мегуяд, ки туро харгиз ба ман рох нест, барои он ки ман дар рохи Худой таъоло садакаи бисёр додаам ва сари ятимонро масх кардаам. Ва сухани Худо ва Расулуллох ;навиштаам ва тег бо куфор задаам.  Пас аз чониби пой равад. Пой низ монанди даст рох надихад, гуяд, ки ман ба намози чумъа рафтаам ва ба чамоат хозир шудаам ва касалиро хабар гирифтаам. Ва дар мачлиси уламо даромадаам. Пас ба чониби гушхо равад. Гушхо гуянд, ки бирав, аз чониби мо рох нест,  барои он ки доим зикри Куръон шунидем. Пас ба суи дидахо равад ва дидахо гуянд, ки бирав, аз чониби мо рох, нест, бо ин дидахо руи Куръону олимонро дидаам.

Малакулмавт ноилоч шуда ба Хак Субхона ва таъоло боз гардад ва гуяд: – Худовандо, голиб омад бар ман аъзои бандан ту. Чи фармои, то чони уро чи гуна ситонам. Он гох Аллох таъоло фармояд: – Бинавис номаи ман бар дасти худ. Бинамо бар вай хамчунон кунад, пас рухи банда барояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …