Главная / Маданият ва санъат / Қоидаҳои беҳдоштро фаромӯш насозед! (санъати тасвирӣ)

Қоидаҳои беҳдоштро фаромӯш насозед! (санъати тасвирӣ)

  • Ниҳоят муҳим аст, ки Дар вақти Дарс Дақиқкор буда, бо қомати рост бишинед.
  • Ҳангоми расмкашӣ варақи коғазро тавре гузоред, то ки ба он нурҳои офтоб рост нарасад, чунки ҳолати мазкур чашмро заиф мегардонад.
  • Нисбат ба ашёи хониш эҳтиёткорона муносибат намоед. Ҷойи кори худро дуруст созмон бидиҳед: ҷамъ кардан ва ба тартиб даровардани онро ёд гиред.

daypicture-net-7926

  • Ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ риоя намоед. Ҳангоми истифода бурдани асбобҳои тез ва лавози- моти буранда эҳтиёткор бошед. Фаромӯш насозед, ки ҳангоми ба дигарон додани ашёҳои тез, ҳатман тара- фи тези онро ба ҷониби худ нигоҳ доштан зарур аст.
  • Оби истаконро мунтазам иваз бикунед, мӯқаламҳои ранголудро шуста тоза намоед.
  • Агар мӯқалам муддати зиёд дар даруни об бошад, шакли он тағйир ёфта, расмкаширо душвор мегардо- над. Ба хотири он ки об ниҳоят ифлос нашавад, сачоқи коғазӣ ва коғазро барои пок кардани мӯқаламҳо омода намоед.
  • Пас аз анҷоми кор бояд сарпӯшакҳои рангҳо, гуаш- ро мустаҳкам бипӯшонед, то ки онҳо бухор нашаванд.
  • Пас аз истифода бурдани воситаҳои гуногуни бадеӣ бояд даст бо собун покиза шуста шавад.
  • Корҳои иҷрошударо дар ҷузвдонҳои махсус нигоҳ доред, то ин ки онҳо маҷақ ва ифлос нашаванд.
Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …