Главная / Гуногун / ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ ДАР ЗАМИН

ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ ДАР ЗАМИН

 Ниёгони мо чунин мешумориданд, ки сайёрае, ки мо дар он зиндагй мекунем, аз фазоҳои начандон калони обӣ, ҷинсҳои сахт ва хок иборат аст. Вале онҳо иштибоҳ карданд! Агар одамони қадим медонистанд, ки 70,8% сатҳи Заминро об ташкил медиҳад, онҳо ҳайрон мешуданд. Ин маълумот ба мо тавассути таҳқиқоти кайҳоннавардон ва аксҳое, ки тавассути ҳамсафарҳо гирифта шудаанд, маълум ме­гарданд.

ob-bahr

Назар ба дигар сайёраҳои Системаи Офтобй, дар Замин шароити бисёр хуб муҳайё шудаанд. Аз ин рӯ дар Замин ҳарорате мавҷуд мебошад, ки мавҷудияти обро дар се ҳолат таъмин мекунад. Танҳо дар Замин борон борида, уқёнусҳо ва баҳрҳо мавҷуд мебошанд. Фазой обӣ масоҳати 391 134 060 км2 -и Заминро ташкил медихад. Фазой фарогири обй 3/4 қисми сатҳи Заминро ишғол карда, Уқёнуси Оламро ба вуҷуд меоварад. Вай дар худаш 98% тамоми оби Заминро ҳифз мегунҷонад. Географҳо шартан Уқёниси Оламро ба 4 қисм тақсим карда, онҳоро чунин ном ниҳоданд: Ором, Шимолии Яхбаста, Ҳинд, Атлантик.

Умқи миёнаи Уқёнуси Олам 3795 метрро ташкил медиҳад.

Умқи Новадони Мариин, ки байни ҷазираҳои Гуам ва Яп дар Уқёнуси Ором қарор дорад, 11 033 м-ро ташкил медиҳад. Агар куҳи аз ҳама баланди Эверестро (Албурзкуҳро) ба қаъри Новадони Мариин гузорем, пас аз куллаи он то ба сатхи об дар новадон боз 2 км мемонад.

Дар ҳама оби Уқёнуси Олам газҳо, моддаҳои ғайриорганикӣ (намакҳои маъданӣ) мунҳал шудаанд. Дар обҳои баҳрй ҳама элементҳои табиӣ дучор меоянд. Дар онҳо беш аз ҳама хлор (55%) ва натрий (31%) дучор мешаванд.

Пайвастагии ин ду элемент намаки ошии одиро, ки мо истифода мебарем, ба вуҷуд меоварад. Шӯрнокии об дар уқёнуси кушод ба ҳисоби миёна 35%-ро ташкил мекунад.

Шумо медонед, ки об дар сайёраи мо на танҳо дар уқёнусҳо, баҳрҳо, балки дар обанборҳои дар хушкӣ сохташуда, дар кӯлҳо, ботлоқҳо, дарёҳо мавчуд мебошад. Об дар Замин дар шакли пиряхҳои куҳ, дар вилоятҳои қутбӣ дучор мешавад. Об дар хушкӣ ҳамагй 2% -и Уқёнуси Ҷаҳониро ташкил мекунад. Беш аз ҳама вай дар пиряхҳо, камтар аз ҳама дар дарёҳо захира шудааст. Об дар атмосфера дар шакли буғҳо дучор меояд.

Рутубати атмосфера 1/1000 ҳиссаи захираи умумии обро дар Замин ташкил ку- над ҳам, нақши он бисёр бузург аст. Дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳоро пур карда, вай Замин- ро бо об таъмин месозад. Буғҳои обй дар атмосфера монеаи хунук шудани сайёраи мо мегардад. Об ба сӯрохиҳои хок ва ҷинсҳои хурди куҳй роҳ ёфта, ба истилоҳ обҳои зеризаминиро ба вуҷуд меоварад. Об хамчунин ба таркиби маъданҳое, ки аз ҷинсҳои куҳӣ иборатанд, дохил мешаванд. Вай дар магмаи (тафтаи) вулканҳои фавворазадан- да дучор мешавад. Тафта 12% аз буғҳои обй иборат мебошад.

А Обе, ки дар тафсии кураи замини Замин (обҳои зеризаминй), дар Уқёнуси Олам ва дар хушкй (дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо) ва об дар атмосфера (бути обй) мавҷуд мебошад, қабати ягонаи обии сайёраи моро – гидросфераро ташкил медиҳад.

Тамоми оби Замин ҳамеша дар ҳаракати таваққуфнашаванда қарор дорад. Об дар сатҳи хушкй, дарёҳо, баҳрҳо, уқёнусҳо, обанборҳо бухор шуда, захираи рутубати атмосфериро, ки дубора дар шакли боришот ба Замин бармегардад, пур мекунад. Қариб 90% буғҳои обии атмосферӣ дар қабати поёнии панҷкилометра қарор дорад.

Қисми калони ин рутубат аз сатҳи уқёнус ворид мешавад. Шумо акнун медонед, ки ҳангоми паст шудани ҳарорат, буғҳо ҷамъ мешаванд.

Аз ин рӯ дар баландй ҳангоми паст шудани ҳарорат кам-кам абрҳо пайдо меша­ванд. Шамолҳо обҳоро аз як ҷой ба ҷои дигар ва якҷо бо онҳо рутубати атмосфериро аз уқёнус ба хушкй меронанд. Бути обй аз атмосфера ба Замин дар шакли боронҳо, барф, жола фаромада, ғизо мебахшад, обҳои зеризаминй, дарёҳо, кӯлҳоро пур карда, пиряхҳо ба вуҷуд меоварад. Хокро нам карда, тавассути решай растаниҳо ҷаббида шуда, тавассути барги онҳо бухор мешавад. Вай дубора дар шакли боришот ба За­мин мефарояд. Обҳое, ки ба хушкй якҷо бо ҷараёни ҳаво ворид мешаванд, билохира тавассути дарёҳо ба уқёнус мерезанд.

Бад-ин тартиб, даврзании абадии об дар Табиат сурат мегирад (расми 74).

Кадом қувваҳо обро, ки гидросфераи Заминро ташкил мекунад, ба ҳаракат ме- дарорад? Қувваи асосй ин гармии офтоб аст. Дар зери таъсири он об бухор шуда, яху барфҳо об мешаванд, ҷараёнҳои об ва ҳаво пайдо шуда, обро аз як ҷой ба ҷойи дитар интиқол медиҳанд.

Ҳамчунин Қувваи ҷозибаи Замин нақши муҳимеро бозида, таҳти таъсири он қатраи боришҳо базамин рехта, об аз ҷои нисбатан баланд ба ҷои нисбатан пастҷорӣ пгуда, ба замин ҷаббида мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

xohar-girya

Хоҳарам гиря дорад

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, …