Главная / Гуногун / Oғози ҳукмронии сулолаи Манғития

Oғози ҳукмронии сулолаи Манғития

Aз кушта шудани Нодиршшоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳимбӣ Абулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонида, ба тахти хонии Бухоро нишаст. Ӯ соли 1753 силсилаи хонадони манғитияро асосгузошта, худро хон эълон кард. Дар ин солҳо ҳар як ҳокими мулкҳои алоҳида аз сустшавии ҳокимияти марказӣ ва иваз шудани сулолаҳо дар Бухоро истифода бурда мекӯшиданд мустақил шавад.

mangitiyon-1024x631

Бинобар он Муҳаммадраҳимхон барои пурқувват кардани ҳукумати хонӣ, мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дода, ҳокимияти худро пойдор намуд. Ӯ ба ҷудоиҳои феодалон, ки пеш дар итоати хони Бухоро буданд. мехост хотима диҳад. Бинобар он Муҳаммадраҳимхон ба ҳар вилояти тобеъи худ ҳоким тайъии кард. Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супурд. Дар Шаҳрисабз, Тошканд ва дигар шаҳру вилоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Барои расидан ба мақсади асосии худ ӯ лашкарл пурзӯре ташкил намуда, исёни қабилаҳои ӯзбекро, ки дар Миёнкол мезистанд, пахш намуд. Замини қабилаҳои Ёти—Уруғ ва Баҳринро мусодира намуда, сокинонашро ба наздикии шаҳри Бухоро кӯчонд, то ки онҳо доим зери назорати ҳукумати хонӣ бошанд.

Баъди ин Муҳаммадраҳимбӣ ноҳияҳои Ургут, Панҷакент ва Ӯротеппаро ба зери итоати худ даровардани шуда, баъди ҷангҳои пуршиддат ӯ тавонист танҳо Ургутро тобеъ кунонад. Мубориза барои ба даст даровардани Ӯротеппа тӯл кашида бе оқибат монд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …