Главная / Гуногун / Низоми сиёсии Англия дар охири асри XIX – аввали асри XX

Низоми сиёсии Англия дар охири асри XIX – аввали асри XX

Сохти сиёсии Англия дар рафти инқилоби буржуазй ва баъди он дар асрҳои XVI 1-ХVIII ба вуҷуд омада, дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX такмил ёфтааст. Англияи охири асри 19 – аввали асри 20 давлати мутлақияти парламентй гардид. Ҳокимияти мутлақаи шоҳй (ё худ малика) тавассути конститутсия ва парламент маҳдуд карда шуд. Ин вақт мисли асрҳои миёна шоҳ дар мамлакат мақоми баланд надошт. Кабинети вазирон тамоми корҳои амрдиҳию иҷроияро дар ихтиёри худ дошт.

Дар нимаи дуюми асри XIX дар Англия системам дуҳизбии ҳокимият ба ҳукми анъана даромад. Либералҳо (виги) ва Консерваторҳо (тори) мисли пештара бо навбат (кадомашро, ки интихобкунандагон интихоб кунанд) ба сари ҳокимият меомаданд. Системам дуҳизбй манфиати аксарияти аҳолии мамлакатро ифода мекард.

Вахте ки яке аз ин ҳизбҳо дар сари ҳокимият мешуд, ҳизби дигари дар оппозитсиямонда ба фаъолияти ҳизби ҳукмрон назорат мекард. Барой сиёсати давлатии гӯё нодурусташ ҳизби оппозитсионй ҳизби ҳукмронро ба зери танқидн сахт мегирифт. Дар баробари ин вай ба интихобкунандагон ваъдаҳои бисёр медод, ки агар дар сари ҳокимият мебуд, дар сиёсати дохилию хориҷй чй тавр рафтор мекард. Вакилони ҳизби оппозитсионӣ барон ин мақсад минбари парлгментро ҳам самаранок истифода мебурданд. Бо ҳамин роҳ ҳизби оппозитсионй то интихоботи оянда диққати интихобкунандагонро ба тарафи худ мекашид. Дар интихоботи парламентй кадом ҳизбе, ки голиб мебаромад, кабинети вазиронро ташкил мекард ва намояндаи он сарвазир таъйин карда мешуд.

Ҳамин тариқ, аз соли 1868 cap карда то саршавии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамдигарро иваз намуда, намояндагони ин хизбҳо – гоҳ Гладстону Дизраелй ва гоҳ Чемберлену Солсбери ба ҳукумати Англия роҳбарй кардаанд. Яке ба захматкашон гузашт мекард, дигараш ба инҳисорхо, яке дар сиёсати хориҷй муваффақият ба даст медароварду дигараш дар сиёсати дохилй. Баъзан ҳукмронии ин ва ё он ҳизби сиёсӣ дар хамаи ин самтҳо бомуваффақият ҳам сурат мегирифт. Дар ин маврид интихобкунандагон ҳамон ҳукумат, дурустараш ҳамон ҳизби ҳукмронро аз нав интихоб менамуданд.

Системаи дуҳизбй моҳияти системаи демократии Англияи онвақтаро ифода мекард.

Моҳияти империализми янглис. Кабинета Гладстон, ки соли 1868 ба сари ҳокимият омад, ба сиёсати дохилй бештар аҳамият дод. Аз он ҷумла, он дар интихобот ба парламент овоздиҳии пинҳонии интихобкунандагонро ҷорӣ намуд, тред-юнионҳоро қонунй гардонид. Ин ҳукумат ислоҳоти додгоҳиро ба амал баровард, хариду фурӯши мансабҳои ҳарбиро манъ кард, барои хизматчиёни давлатй имтиҳон чорй намуд. Ин қонунҳо хуб буданд. Вале қонун дар бораи дар назди корхонаҳо манъ карда шудани ташкили гирдихамоиҳо зидди меҳнаткашон буд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар интихоботи соли 1876 ҳизби либералй шикаст хӯрд. Солҳои 1876- 1880 ба кабинета вазирон консерватор Дизраелй рохбарй кард.

Консерваторҳо бештар ба сиёсати истилогаронаи хоричй машғул шуданд. Дизраелй боре изҳор карда буд, ки Англия ”аз ислоҳот монда шудааст”. Барои камин вай бояд “дам гирад”.

Соли 1875 Дизраелй бо хилаю найранг аз хидеви Миер сахмияхои зиёди Канали Суетсро харида гирифта, Англиярс шарики сохтмони ин канал гардонид. Соли 1876 Дизраелй малика Викторияро “Императорбонуи Ҳиндустон” эълон кард. Малика бошад, барои дар мустамликазабткунии Англия корнамой кардан ба Дизраелй унвонҳои фахрии граф Биконсфилд ва лордро тӯҳфа кард.

Кабинети Консерваторҳо дар Шарқи Наздику Миёна ва дар Африкаи Ҷанубй сиёсати истилогаронаро пеш гирифт. Дар сиёсати шарқии худ империализми Англия бо Туркияи феодалй такя мекард. Туркия барои вай ҳам бозори қулайи молфурӯшию сармоягузорй ва ҳам барои давом додани исталои Балкану Шарқи Наздик такягоҳи боэътимод буд. Соли 1878 Англия ба ивази дастгирии Туркия дар ҷанги солҳои 1877 – 1878 бар зидди русия аз Туркия ҷазираи Кипрро ғасб кард.

Англия нисбати Эрону Афғонистон ҳам сиёсати забткоронаро пеш гирифт. Дизраелй баҳона кард, ки гўё Англия ин мамлакатҳоро аз тобеияти Русия наҷот медода бошад.

Соли 1879 Англия бо “ташрифи махсус” ба Афғонистон дастаи калони ҳарбй фиристод, лекин афғонҳо онро ба хоки давлати худ дохил шудан намонданд. Ин амал барои бар зидди Афғонистони соҳибихтиёр cap кардани амалиётхои ҳарбии Англия баҳона шуд. Ба Англия муяссар шуд, ки муваққатан дар ин ҷо ба муваффақият ноил шавад. Афғонистон ба Англия тобеъ шуд.

Империализми Англия дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX ҳам сиёсати истилогаронаи худро идома дод. Лекин акнун ин сиёсат дигар ба он вобастагӣ надошт, ки ҳокимияти сиёсӣ дар дасти Консерваторҳо аст ва ё дар дасти либералҳо. Дар ин давра Англия ба империяи бузурги мустамликавӣ табдил ёфт. Аз ин ру, империализми англис мустамликавӣ буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …