Главная / Гуногун / Назарияи нисбияти Эйнштейн

Назарияи нисбияти Эйнштейн

Назарияи олими бузурги немис А. Эйнштейн дар бораи нисбият яке аз кашфиётҳои муҳимтарини оғози асри XX мебошад. Ӯ соли 1905 дар мақолаи худ “Оид ба электродинамикаи ҷисмҳои ҳаракаткунанда” дар бораи алоқамандӣ ва ба ҳамдигар вобаста будани фазо, вақт ва модда (материя) фикр баён карда, исбот намуд, ки дар ҷои беҳаво (вакуум) суръати рушноӣ аз ҳар манбаъ ки бошад, ба самти суръати ҳаракати ин сарчашма ва мушоҳидачии он вобаста нест.

aeda83b5396b890fc9bf1e31b80bf55e

Дар физикаи классикӣ тасаввуроте ҳукмрон буд, ки мувофиқи он вақт ҳамчун як чизи устувори бетагнири мутлақи ба ҳеҷ гуна протсессҳои моддӣ вобастанабуда ҳисобида мешуд. Вале назарияи нав фикри барои ҳамаи системаҳо ягона будани ҳисоби вақтро рад кард.

Пештар фазо ҳамчун ҷое ҳисоб карда мешуд, ки гӯё он “макони холӣ” ва мутлақ бетағйир бошад. Вале аз рӯи назарияи нисбият маълум гардид, ки хосияти макон ва замон ба ҳаракати объектҳои моддӣ вобаста аст ва ҳар сеи онҳо бо ҳамдигар алоқаи ҷудонопазир доранд.

Ба ҷои қонуни нютонии ҷозибаи ҷаҳонӣ Эйнштейн ҳодисаи ҷозибаи байниҳамдигарии объектҳои моддиро пешниҳод кард. Ӯ исбот намуд, ки ҳамаи моддаҳо қувваи ҷозибаи ҳамдигарро ба тарафи худ кашидан доранд. Дар зери таъсири модда макон ва замон тағйир меёбанд. Масалан, самти рафти нур дар ҳамон сурате тағйир меёбад, ки дар наздикиҳои он объект моддӣ мавҷуд бошад.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …