Главная / Ҷамъият / Маркази тиббии Насл (Клиникаи репродуктивӣ)

Маркази тиббии Насл (Клиникаи репродуктивӣ)

Маркази Тиббии Насл – бо технологияи пешрафта дорои имкониятҳои ташхис ва табобати тамоми намуди безуриётӣ, бемориҳои занона ва мардона, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироятшаванда имконияти татбиқӣ крионконсервативатсияи тухмҳуҷайраҳо ва ҷанин дар зинаҳои аввали рушди он ташхиси қисмати зиёди бемориҳои ирсӣ, назорати рафти ҷараёни ҳомиладорӣ, бо сифати баланд гузаронидани тамоми амалиётҳои эндовидеоҷароҳӣ (лапороскопӣ ва гистероскопӣ) табобат бо истифода аз технологияи лазерии барқарорсозии солимии реппродуктивӣ мебошад.

Насл ин – Аввалин муассисаи репродуктологӣ дар Тоҷикистон !

Маркази табобатти бо номи Насл дар ҳамкории зич бо маркази тиббии Исроил ва маркази ЭКО-Қазоқистон (шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон), Маркази тиббии Сарем-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе 15уми октябри соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда дар он аз моҳи марти соли 2012 аввалин барномаи ҳомиладоркунӣ дар шароити лабараторӣ ((барномаи ЭКО) татбиқ карда шуд.

Айни замон дар ин марказ бештар аз 1000 амалиёти эндовидеоҷарроҳӣ (лапроскопӣ ва гистероскопӣ) гузаронида шуда зиёда аз 100 барномаи ЭКО ва ЭКО ИКСИ татбиқ карда шудааст ва даҳҳо нафар оилаҳои муштоқи фарзанд соҳиби ин неъмати илоҳӣ гардидаанд.

Натиҷаҳои мусбии барномаҳои ЭКО ва ЭКО ИКСИ дар солҳои 2012-2018 аз 28% то ба 50% омада расид.

Ба маркази тиббии насл муроҷиат намуда шумо метавонед:

  1. Машварат ва муоинаи тахассусии духтурони акушер-гиниколог / реппродуктолог, уролог/андролог, терапевт, ва психологро бигиред;
  2. Аз муоина ва ташхис гузашта сабабҳо ва омилҳои занонаю мардонаи нозоиро муайян намое;
  3. Бо истифода аз технологияи кӯмакрасони репродуксионӣ аз ҷумла барномаи ЭКО, ЭКО-ИКСИ, МЕЗА ва ТЕЗА ҳомиладор бишавед;
  4. Бемориҳои занона ва мардонаи ба узвҳои ҷинсӣ алоқамандро бо усулҳои консервативӣ ва ҷарроҳӣ табобат намоед;
  5. Барои табобат аз усулҳои эндовидеоҷарроҳӣ аз ҷумла лапороскопӣ ва гистероскопӣ истифода намоед;
  6. Барои барқарорсозии саломатии хеш амалиётҳои пластикии ҷарроҳӣ ва лазерӣ гузаронед.
  7. Бо истифодаи муосиртарин таҷҳизотҳои тиббӣ муоинаи видеоколпоскопӣ гузашта паталогияи гарданаки бачадонро муоина намоед;
  8. Дар муосиртарин таҷҳизотҳои лабараторӣ тамоми сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирофтшавандаро ташхис намоед;
  9. Тухмҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва тухмҳои бордоркардашудаи хешро барои ояндаи дуру наздик криоконсерватсия намоед;
  10. Ҷараёни ҳомиладории наздиконатонро муоина , назорат ва оризаҳои пешомадро рафъ намоед.
  11. Дар табобати бемориҳои генеталӣ ва урогениталӣ аз имкониятҳои технологияи лазерӣ истифода баред;
  12. Барои муайян кардани бемориҳои ирсӣ (модарзодӣ) аз ташхиси кариотипкунонӣ гузаред;
  13. Аз технологияи ташхиси ДНК барои муайянсозии волидайн истифода баред.

Ин муассисаи ғайри давлатӣ буда дар он зиёда аз 20 нафар кормандон фаъолияти касбӣ мекунанд. Барои беморон шароити шабонарӯз дар бистарҳои катдор хизматрасонӣ кардан ва барои хурдани ҳурок ошхона муҳаё карда шудааст.

Имкониятҳои маркази тиббии Насл айни замон беназиранд:

Дар маркази НАСЛ аз муосиртарин дастовардҳои илми тиб дар соҳаи наслофари ва ҷадидтарин таҷҳизотҳои тиббӣ, ба монанди дастгоҳҳои ултрасоадӣ эндовидео-колпоскопӣ, криоҷароҳӣ, дастаи асбобҳои лабаратории ЭКО ИКСИ, криолабараторӣ, микроскопҳои Ecilipse Ti-S, Nikon Elipse 50i, Nikon SMZ-1500 ва эндовидеопайкараи ЭЛИПС, асбоби лазерии «Eraser-C» -и фраксионӣ – яъне технологияи сканерии истифодаи нуриҳои лазерӣ, ЭХВЧ (ҷарроҳии фармомавҷӣ) инчунин аз таҷҳизотҳои лабаратории ИФА ва ПСР истифода бурда мешаванд.

Мутахассисони муасиса дар дохили кишвар ва инчунин дар беҳтарин клиникаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Руссия, Қазоқистон ва Изроил малакаи касбиашонро такмил доданд.

Ба таври ҳамасола дар марказ бо иштироки олимони шинохтаи дунё дар соҳаи реппродуктологӣ ва эмбриологӣ аз Исроил (Телавив), Россия (Москва) ва аз Қазоқистон (Аламаато) дарсҳои омузишӣ гузаронида мешаванд.

Насл барои шумо хизмат менамояд!

Суроға ва тамос:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шерализода 2. Назди бозори Ёвар. Маҳалаи Автовокзал.

Телефонҳо: 93-500-65-71, 91-553-75-75, 938-52-59-00, 250-20-10.

Сомона: www.nasl.tj

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …