Главная / Маданият ва санъат / Намудҳои санъати тасвирӣ ва воситаҳои бадеӣ

Намудҳои санъати тасвирӣ ва воситаҳои бадеӣ

Мо хуб медонем, ки гулҳо ҳамеша ба мо хурсандӣ меоранд, ҳама чизро дар атрофи мо оро медиҳанд. Дар расми А. С. Чуйков «Гулҳои Қиргизистон» мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ гуна духтарони хушбахти Қирғизистон ба ояндаи худ, мисли гунбади фалак тозаву беканор, бо гулҳои идонаи дар кӯҳҳои Ала-Той ҷамъоваришуда назар меафкананд.

«Гулҳои Қирғизистон». С. Чуйков
«Гулҳои Қирғизистон». С. Чуйков

Ҳар сол одамон бо хушнудӣ иди «Рӯзи ҳосилот»- ро ҷашн меги- ранд, ки ин натиҷаи меҳнати вазнин ва бо ҷидду ҷаҳди беандоза аст.

Мо бо шумо натюрморти идонаро тасвир менамоем. Вазифаи асосии мо – дар тасвир ифода намудани кайфияти идона бо ёрии неъматҳои тирамоҳ.

То ки натюрморти мо бештар намои бадеӣ гирад, мо бо шумо интихоб ва фикр мекунем, ки чиро тасвир бикунем. Дақиқ менамо- ем, ки кадом сабзавоту меваҷот, кадом навъи гулҳоро оид ба мав- зуъ бояд омода созем. Барои натюрморт ашёҳои зиёдро намегирем, танҳо тибқи шаклу ранг мувофиқро тарзе интихоб менамоем, то ки онҳо кайфияти идонаро ифода намоянд. Масалан: бубинед, бо чӣ гуна маҳорат рассом аз Чин Зенг Ксяо Лянг гулҳоро интихоб ва тасвир намуд. Дар тасвир рангҳои интихобнамудаатонро машқ кунед.

Бачаҳо, фаромӯш насозед, ки рассомӣ намуди санъати тасвирӣ, асари санъатест, ки тавассути рангҳо офарида шудаанд.

Ба натюрмортҳои аз ҷониби И. Миргород ва А. Шевелев эҷодшуда таваҷҷуҳ намоед.

Агар ба натюрморти мазкур чизеро илова кунем ё аз он чизеро бигирем, он гоҳ мутобиқати композитсионӣ тағйир меёбад.

«Гулҳо». Зенг Ксяо Лянг
«Гулҳо». Зенг Ксяо Лянг

Тавре худи шумо пай бурдед, рассомон бидуни сухан, бо ёрии воситаҳои бадеӣ тамоми зебогии аторфро нишон дода метавонанд. Зимни муоинаи натюрморт барои нақли сужети манзара омода бо- шед.

«Чоштгоҳӣ дар боғ». И. Миргород
«Чоштгоҳӣ дар боғ». И. Миргород
«Тугмагул ва бобуна». А. Шевелев
«Тугмагул ва бобуна». А. Шевелев

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …