Главная / Гуногун / Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои XVI – XVIII

Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар асрҳои XVI – XVIII

Феодалон – соҳиби замин. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII ҳуқуқи атолиқҳо ва қудрату ихтиёри ашрофи баъзе тоифаҳо назар ба асри XVI бағоят афзуд. Умури идораи давлат комилан ба дасти онҳо гузашт, мансабҳои калони давлатиро ишғол намуданд. Дар нимаи аввали асри XVIII дар сарзамини Осиси Миёна, алалхусус, дар вилоятҳои марказии он, таназзули амиқи иқтисодӣ рӯй дод. Хоҷагии қишлоқ ақиб рафт. Нон намерасид. Вале даромади солонаи феодал аз замин сол аз сол меафзуд.

Дар натиҷаи зулму истисмори бераҳмона ва хироҷу молиётситониҳои аз ҳад афзун деҳқонон чунон ҳам ба фақирӣ ва қашшоқӣ афтоданд, ки ҳукумат дигар ба зиёд кардан ва ё ҷорӣ кардани ягон андози нав ҷуръат накард.

10__04

Замин дар дасти феодалони калон буд. Яке аз чунин феодалони capватманд ҳокими Самарқанд Ялангтушбий буд. Ӯ заминҳои беҳаду канори киштро, махсусан, дар вилояти Самарқанд, ба даст даровард. Ба замин ин, Ӯ аз пардохти давлатии даромади солона озод буд.

Бузургтарин моликони замин шайхони Ҷӯйборӣ буданд. Яке аз онҳо Тоҷиддин ба ҳар роҳ заминҳои бе ин ҳам беҳадду ҳисоби авлодии худро боз ҳам меафзуд. Ҳамзамони шайхони мазкур навиштааст, ки “Аз сарҳади Туркистон то марзи дурдасти Хуросон деҳ, кӯҳ, даште набуд, ки эшон замин надошта бошанд”.

Дарбори шайхови Ҷӯйборӣ ба дарбори давлат шабоҳат дошт. Capвари хоҷагии онҳо девони вакил номида мешуд. Вазир ба корҳои молиявии мулки онҳо машғул буд. Мансабдорони дигар – саркору дафтардор дар ихтиёри худ якчанд муншӣ доштанд. Дар дафтархонаи эшон доимо ба ғайр аз 40 нафар муншӣ, 72 кас ба ҷамъ кардани андози замин машғул буданд. Ғайр аз инҳо, вазифадорон амал мекарданд. Масалан, нигоҳубини аспони Хоҷа ба ихтиёри мирохурҳо буд.

Хоҷа Тоҷиддини номбурда ҳазор тахта замини кишт, 50 чорбоғ дар ҳудуди Бухоро, Балх, Самарқанд, Тошканд, Андиҷон, Ҳисор ва ҷойҳои дигар дошт. Ба ғайр аз ин, Ӯ соҳиби сарой, хавлӣ, ҳаммом, бозорҳои болопӯшида (тим), осиё буд.

Дар ҳудуди Ҳисор ҳазор нафар мардикорон бо амри хоҷагони ҷӯйборӣ кор карда, чорбоғ ва гулбоғ бино карда, заминҳоро обшор гардониданд. Барои обёрӣ кардани замини корами онҳо дар водии Ҳисор даҳ ҳазор мардикор истифода шуд. Ба заминдорон чорво ва олоти корӣ тааллуқ доштанд. Дар заминҳои заминдорон деҳқонони чоряккор кор мекарданд.

Дар ҳудуди мулки Ӯротеппа калонтарии заминдори асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII Хоҷа Мӯсо (вафот 1731) ном феодал буд. Замини корам ва оби ин шахс, дар ҳудуди як чанд деҳаҳои мулки мазкур ва дар кӯҳистони Масчоҳ ҷойгир буданд. Хоҷа Мӯсо дар дарбори Бухоро обрӯю эътибори калонро соҳиб буд. Аз ин мавқеъ истифода намуда, ӯ дар назди ҳокимони Уротеппа имтиёзҳои хосро доро буд. Масалан, Ӯ аз андози замин озод буд. Ӯ ҳатто ба корҳои идоракунии мулки Ӯротеппа дахолат мекард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …